«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, барои фаъолияти бонувон имкониятҳои васеъ фароҳам шуданд. Ба шарофати иқдомоти амалишуда бонувони Бадахшон дар ҳама соҳа фаъолият доранд, — мегӯяд муовини мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шабнам Давандова.
Бино ба гуфти ӯ, дар вилоят 63 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Илова бар ин, 3379 зан ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки аз онҳо 314 нафар сарварии мактабро ба уҳда доранд.
Мавқеи бонувон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҳам назаррас аст. Дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 4 ҳазору 551 нафар донишҷӯ, 2 ҳазору 399 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳоло 95 ҷавондухтар аз вилоят тибқи Квотаи президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил доранд.
Саҳми занон дар рушди соҳаи тандурустӣ низ муассир буда, қариб 69 фоизи кормандони соҳаи тибро ташкил медиҳанд.
Дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят соли гузашта бонувони зиёд бо ҷои кори доимӣ, 1023 зани бекор ба касбомӯзӣ ва 706 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Инчунин, барои касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, коркарди меваю сабзавот курсҳои омӯзишӣ ташкил гардид.
Теъдоди бонувони соҳибкор ҳам зиёд буда, аз соли 2007 аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 77 нафар Гранти Президентӣ ҷудо гардид. Соли 2018 13 соҳибкорзан аз грантҳои президентӣ аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ баҳравар шуданд.
Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъулияти бонувон дар ободиву созандагии деҳот зиёдтар шуда, онҳо дар пешрафти ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш саҳм хоҳанд гузошт.
- Муҳимтар аз ҳама, занони вилоят дар ҳамоишҳои «Занон бар зидди ҷинояту ҷинояткорон», «Нест бод нашъаҷаллобӣ!», «Боми ҷаҳон қуллаи илму маърифат, на макони ҷинояткорон», «Занон тарафдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат», «Зан ва ҳунар», «Зан — ояндасоз» ширкат варзида, алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд, — гуфт дар фарҷом Ш. Давандова.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»