Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

«Амирӣ» даҳ сол аз имтиёз бархӯрдор хоҳад буд

№26 (3976) 07.03.2019

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» корхонаро аз пардохти чанд намуд андоз озод карданд

DSC_7238Шашуми марти соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоят барои аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ализода Зариф

2. Дар бораи Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоят барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобозода Умед

3. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ва маҳсулоти ордӣ

4. Дар бораи Протокол оид ба тартиби супоридани маводи ­нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ далелҳои шайъӣ ба ҳисоб мераванд

5. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникӣ

6. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак».

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоят барои аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ализода Зариф» шурӯъ мекунем.

Зариф Ализода яке аз ҳуқуқшиносони барҷастаи кишвар ҳисоб меёбанд ва дар вазифаҳои басо масъули давлатӣ ифои вазифа намудаанд. Ӯ аз соли 1993 то соли 2000-ум дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои минбаъда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа карданд. Даҳ соли охир вазифаи басо ­масъулиятнок — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштанд. Инак, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ба ӯ дар иҷрои ин вазифа барору комёбӣ хоҳонем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоят барои аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ализода Зариф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоят барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобозода Умед» мегузарем.

Бобозода Умед номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Якчанд сол муаллим, декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва муовини декани факултет буданд. Аз соли 2007 дар вазифаҳои мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мушовири бахши ҳуқуқии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият намудаанд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба додани ризоят барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобозода Умед» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон савганд ёд кард.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоя­гузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ва маҳсулоти ордӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хокаи нишоста ва орди гандумӣ бо Қарори Ҳукумати кишвар маъқул дониста, 15 январи соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расонида шудааст.

Бо мақсади амалигардонии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати ватанӣ беш аз 217 млн. сомонӣ ё 23 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, таҷдиди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии мавҷуда, ҳамчунин, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хокаи нишоста ва орди гандумӣ ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳа аз се марҳила иборат буда, дар марҳилаи аввали татбиқи он иқтидори истеҳсолии коргоҳи мавҷуда ва бунёдшаванда ба 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонида мешавад. Марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро бо иқтидори 8 ҳазор тонна дар як сол ташкил медиҳад. Дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа корхонаи нави истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи истеҳсолии он 12,6 ҳазор тоннаро дар бар хохад гирифт.

Бо татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ зиёда аз 1030 ҷойи корӣ барои мутахассисони маҳаллӣ муҳайё карда мешавад. Қабули лоиҳаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Дар баррасии ­масъала роҳбари ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» Акмал Ҳомидов низ иштирок доранд. Муҳтарам Ҳомидов, хоҳишмандам дар бораи муҳтавои созишнома ба вакилони Маҷлиси намояндагон маълумот диҳед.

 Акмал ҲОМИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Мо — кормандони ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» мақсад дорем, ки дар 10 соли минбаъда барои ноил шудан ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тамоми имкониятро истифода намоем.

Дар марҳалаи аввал иқтидори истеҳсоли коргоҳи мавҷуда зиёд ва якҷо бо истеҳсолоти бунёдшаванда ба 27 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол расонида хоҳад шуд.

Марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро дар бар мегирад. Иқтидори солонаи он ба истеҳсоли 8 ҳазор тонна маҳсулот баробар хоҳад буд. Ин гуна маҳсулот бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва эҳтиёҷоти Фабрикаи қаннодии «Амирӣ»-ро пурра таъмин менамояд.

Марҳилаи сеюм бунёди корхонаи истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордиро дар бар мегирад ва солона 12,6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мегардад.

Бо татбиқи марҳилаҳои дуюм ва сеюм 60 фоизи маҳсулоти воридотивазкунандаи корхона минбаъд дар ҶДММ «Амирӣ» истеҳсол хоҳад шуд. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки 1030 ҷойи кор барои мутахассисони маҳаллӣ муҳайё карда шавад.

РАИС: - ҶДММ «Амирӣ» дар куҷо ҷойгир аст ва тибқи лоиҳа оё сохтмони коргоҳҳо низ амалӣ карда мешаванд?

Акмал ҲОМИДОВ: - Корхона амалкунанда буда, тибқи марҳилаи якум васеъ карда мешавад. Корхона соли 2011 ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуда, бо таҷҳизоти навтарин ва технологияи пешрафта муҷаҳҳаз мебошад. Маҳсулоти он ҷавобгӯи ҳама гуна стандарти ҷаҳонӣ аст.

РАИС: - Сармоягузорӣ аз кадом ҳисоб амалӣ карда мешавад?

А. ҲОМИДОВ: — Сармоягузор ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» мебошад. Маблағҳо аз ҳисоби фоида, шартномаҳои тиҷоратӣ ва амалиёти лизингӣ шакл хоҳанд гирифт.

РАИС: — Муҳтарам Ҳамрализода, кафолат ва кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ зоҳир мешавад?

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Муҳтарам Раис! Аз маб­лағи зикршудаи 23 миллион доллар ширкат мехоҳад 6,5 миллион долларашро барои сохтмони коргоҳи истеҳсолӣ ва 16,5 миллион доллари дигарро барои ворид намудани техникаю технология сарф намояд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз пешбинӣ мегардад. Корхона тӯли 10 сол аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ва маҳсулоти ордӣ 15 январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз татбиқи лоиҳа бунёди инфрасохтори замонавӣ, воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти қаннодӣ ва содироти он, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур яке аз нахустин тарҳҳое мебошад, ки бо ташаббуси бахши хусусии сармоягузорӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» амалӣ мегардад. Ин нишонаи возеҳи эътимоди бахши хусусии сармоягузорӣ ба Давлат ва Ҳукумати кишвар буда, барои амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, намуна хоҳад шуд. Бовар дорем, дар пайравӣ ба чунин лоиҳаҳо, минбаъд сафи ихтиёриёни ҳамкории бахши хусусиву давлат меафзояд.

Кумитаи масъул 1 марти соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мувофиқ мебошад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Шумо 10 сол вақт доред, ки бо истифодаи имтиёзҳои бароятон муқарраршуда ба корхонаи бузурги саноатӣ табдил ёбед. Аз ин имконияти бароятон фароҳамомада пурсамар истифода кунед.

Сухан ба вакил Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Иқдоме, ки аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» пеш гирифта шудааст, ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» мувофиқ мебошад.

Ман як савол ва як хоҳиш дорам:

1. Истеҳсоли хокаи нишоста чӣ миқдор хоҳад буд ва он аз кадом ҳисоб ба амал бароварда мешавад? Бозори фурӯши он дар дохил аст ё хориҷи ҷумҳурӣ?

2. Дар бораи ба истифода додани корхонаи истеҳсоли орд хоҳишмандам муфассалтар маълумот диҳед.

Акмал ҲОМИДОВ: — Тибқи дурнамои корхона, истеҳсоли 8 ҳазор тонна шираи нишоста пешбинӣ шудааст. Талаботи ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» бошад, баъди татбиқи пурраи лоиҳа 7 ҳазор тонна шираи нишостаро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, хокаи нишоста низ истеҳсол менамояд, ки ҳангоми истеҳсоли дору, матои дӯзандагӣ истифода мешавад. Барои муқоиса, корхона солҳои 2017- 2018 ҳар сол беш аз як ҳазор тонна чунин хока аз хориҷ ворид намудааст. Яъне, баъди мавриди амал қарор гирифтани ин коргоҳ корхонаҳои дигари ватанӣ низ аз ҶДММ «Амирӣ» маҳсулоти воридотивазкунанда дарёфт менамоянд.

Хокаи нишоста аз ҷуворимакка истеҳсол мегардад, ки дар ҷумҳурӣ ба қадри кофӣ парвариш карда мешавад.

Вобаста ба хоҳишатон қайд кардан мехоҳам, ки он миқдор маҳсулоте, ки дар корхонаи истеҳсоли орд тавлид мегардад, тақрибан 30-40 фоизи талаботи моро қонеъ гардонида метавонад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ва маҳсулоти ордӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Протокол оид ба тартиби супоридани маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ далелҳои шайъӣ ба ҳисоб мераванд, шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Протокол оид ба тартиби супоридани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки ба ҳайси далелҳои шайъӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд, аз тарафи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия ва 11 октябри соли 2017 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудааст.

Протоколи мазкурро, инчунин ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманис­тон, Беларус, Қазоқис­тон, Қирғизис­тон, Молдова, Федератсияи Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонидаанд.

Протокол тартиби супоридани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркишро, ки ба ҳайси далелҳои шайъӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд, дар давлатҳои иштирокчии ИДМ муайян кардааст. Зарурати тасдиқ намудани протоколи мазкур расонидани ёрии ҳуқуқӣ зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба гардиши маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон мебошад, ки барои пурра, ҳаматарафа ва объективона тафтиш намудани ин қабил ҷиноятҳо далелҳои шайъии дарёфтшуда заруранд.

Протокол аз дебоча ва 20 модда иборат буда, дар моддаи 1 мафҳумҳои истифодашаванда шарҳ дода шудааст.

Мақсади асосии бастани протокол аз ба танзим даровардани тартиби супоридани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки ба ҳайси далелҳои шайъӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд, иборат мебошад.

Ҷиҳати мавриди амал қарор додани протоколи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Протоколи мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надошта, қабули санади меъёрии ҳуқуқии навро пешбинӣ намекунад. Аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протокол оид ба тартиби супоридани маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ далелҳои шайъӣ ба ҳисоб мераванд, 11 октябри соли 2017 дар шаҳри Сочи ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­пешниҳод гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 27 феврали соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба тартиби супоридани маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ делелҳои шайъӣ ба ҳисоб мераванд», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ -техникӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ- техникӣ» аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия шудааст. Он аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба саноати мудофиавӣ 17августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст.

Созишнома аз дебоча ва 13 модда иборат буда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникии тарафҳоро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, таъмини мутақобилаи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ (силоҳу аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, техникаи авиатсионӣ, техникаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳӣ ва таҷҳизоти махсуси ҳарбӣ), кору хизматрасонӣ, иттилоот дар соҳаи техникаҳои ҳарбӣ, ҳуҷҷатгузориҳои конструксионӣ, меъёрӣ, техникӣ, технологӣ, истифодабарӣ ва ҳамчунин дигар маҳсулот, ки тибқи қонунгузории миллии тарафҳо ба номгӯйи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ мансубанд, пешбинӣ менамояд.

Инчунин иҷрои корҳоро доир ба таъмир, азнавсозии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ба таври муштарак истеҳсол, коркард, нобуд кардани маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро бо мақсади мукаммалгардонии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар бар мегирад ва дар самти расонидани кумаки ҳарбӣ — техникӣ ба тарафҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, созишнома ташрифоти расмӣ ва вохӯриҳои кории мутахассисону коршиносон, коркарди барномаҳои ҳарбӣ — техникӣ, гузаронидани санҷиши якҷояи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, стандартизатсия ва таъминоти метрологӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникиеро, ки тарафҳо ба созиш меоянд, танзим менамояд.

Татбиқи Созишномаи номбурда ба манфиати таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар арзёбӣ гардида, амалигардонии он дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Хоҳишмандам, лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайниддин дода мешавад.

Зайниддин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, ки 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки муқаррароти Аҳдномаи дӯстии абадии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000-ро ба роҳбарӣ гирифта, созишномаи мазкур бо мақсади омодагӣ ба ҳамкории мутақобилаи дарозмуҳлат дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ, ки ба принсипи баробарҳуқуқии тарафҳо асос ёфтааст, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 феврали соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ -техникӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирзомуддин дода мешавад.

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маб­лағҳои инвеститсионӣ дар самти беҳтаркунии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, № 1169 «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд» амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардид. Амалисозии лоиҳаи мазкур то соли 2025 ба нақша гирифта шуда, маблағи умумии он 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Самтҳои асосии лоиҳа беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ, вориднамоии системаи самараноки равонасозии беморон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, мукаммалнамоии системаи беҳтаркунии муттасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ маҳаллӣ, таъсиси системаи назорати устодӣ, вориднамоии таҷрибавии маблағгузорӣ барои табобати беморон, мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тариқи сохтмон ва таъмири иншоот, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизотро дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дар бар мегирад.

Лоиҳа ҳама самти соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷрибавиро фаро хоҳад гирифт. Дар натиҷа, шакли хизматрасонии тандурустии мукаммали намунавӣ барои татбиқ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мешавад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

 ҚУРБОНЗОДА Ҳилолбӣ Ҷумъахон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз дебоча ва 7 модда бо баёни замимаҳо иборат буда, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон № 2092 аз 27 феврали соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 1 марти соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ созишномаи мазкурро баррасӣ намуд, ки он якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям ба тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ