1.
Рости гап, кайҳо боз орзу доштам, ки дар бораи бародарам Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чизе нависам. Охир ӯро баробари ман наздиктар касе намедонист, ҳатто шояд фарзандонаш ҳам ва ӯ бароям тимсоли некиву маҳбубият буд. Вале навишта наметавонистам. Медонед, барои чӣ? Ҷуръат намекардам. Ҳоло ҳам дар шубҳаам, ки дар борааш суханони мувофиқ меёфта бошам? Метавониста бошам, ки симои воқеии ӯро пеши хонанда ҷилвагар намоям ва шахсияташро муаррифӣ?
Бо ин сабабҳо ниятамро қафо мепартофтам. Оқибат, рӯзи дуюми баъди вафоти бародари дигарамон Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, ки 11 январи соли 2019 ба вуқӯъ пайваст, қатъӣ қарор додам, ки вақт ғанимат асту бояд навишт.
Устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз ҷиҳати биологӣ барои ман бародар набуд, ҳарчанд ки тамоми ашхоси хурду бузурги шинос маро додари ӯ мепиндоштанд. Вале боз бародар ҳам буд, бародари калоние, ки ман то ҳол аз тамоми хешу табор ӯро зиёдтар, баробари модарам, дӯст медорам. Ёди ӯ бароям муқаддас аст. Як умр аз ӯ ифтихор дорам. Аз ҷиҳати биологӣ акаву додар ҳам набошем, аз як хунем ва ҳамон худораҳматии бобои Ёдгор, ки дар насаби мост, як одам мебошад.
Хулоса, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ тағои ман, яъне додари модарам буд. Мани аз хурдӣ аз падар ятиммонда падарамро ҳатто ба ёд надорам, дар ҳамон оилае, ки асосгузораш бобои Ёдгор буд, ба воя расидам. Насабам низ аз рӯи насаби модарам гирифта шудааст.
Ҳамаи инро таҳлил карда, ба хулоса омадам, ки Шоҳмузаффар Ёдгориро бародар гӯям, дурӯғ нахоҳад шуд ва ҳатто сарлавҳаро низ ба ҳамин муносибат мондаам. Рости гап, шояд ин муҳимтарин чизест, ки ман дар умрам менависам, чунки ин ёди одами барои ман, бемуболиға, муқаддас аст. Ман ба ҳукму тақозои вазифа, бо ҳар одаме, ки шиносаму сарукор гирифтаам, хеле ҷиддӣ диққат медиҳам, ӯро меомӯзам ва ҳарчанд бисёр вақт на ба худи ӯву на ба дигарон изҳор намесозам, хулосаи худро мебарорам. Дар умри аз шаст гузаштаам то ҳол аз Шоҳмузаффар Ёдгорӣ одами хубтару идеалиро надидаам. Ӯ дили васеъ дошт, дар тинаташ як зарра бахиливу мағрурӣ ва кинаву ҳасад набуд.
Дар як суҳбат устод Муъмин Қаноат гуфта буданд, ки хислати Шоҳ ба Боқӣ Раҳимзода монандӣ дорад.
Ман, Шоҳмузаффар Ёдгориро аз хурдӣ, аз замоне ки худро ба ёд дорам, дӯст медоштам. Ҳозир ҳам аз хотир фаромӯш нанамудаам, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳои пурхоки деҳаи Кадучӣ ҳама вақт интизор будам, ки имрӯз ё пагоҳ, дери дер як ҳафта пас, албатта, тағоям меояд. Дертар, вақте аллакай дар мактаб мехондам, ҳангоми бозгашт, роҳеро интихоб мекардам, ки аз чорсӯи деҳа мегузашт. Дар дил орзу мекардам, балки аз дилам мегузашт, ки имрӯз тағоии Шоҳмузаффарам меояд ва аввалин шуда, ӯро ман мебинам. Он вақт аниқ медонистам, ки тағоям биёяд, ҳама вақт баъди нисфирӯзӣ ё қарибии бегоҳ меояд, чунки роҳи Душанбе-Кадучӣ панҷ-шаш соат вақтро мегирифт.
Як рӯз корам омад кард – ҳамин, ки чорсӯро мегузаштам, автобус истод ва дар қатори дигарон тағоии Шоҳмузаффарам аз он фаромад. Тасаввур кунед, дараҷаи хурсандиву хушбахтии манро, ин амали ширинтарин орзуҳои кӯдакии ман буд! Баъд мо чақ-чақкунон ба хона рафтем. Дар раҳ пурсид, ки муаллимамон чӣ ном дорад.
- Наимов Зайниддин, — ботантана ҷавоб додам ман.
- Эҳ, муаллими Зайниддин! Маро ҳам дар синфҳои ибтидоӣ ҳамин одам дарс дода буд.
Ин гапро аз забони худи тағоям шунидан ба хурсандиям хурсандии дигар зам намуд ва нисбат ба муаллим ва мактаб меҳрам афзунтар гардид.
Дертар дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» очерки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ «Муаллими Зайниддин» чоп шуд.
Рости гап, он вақтҳо на танҳо ман, балки тамоми деҳаи Кадучӣ аз Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Раҷаб Мардон ифтихор доштанд. Раҷаб Мардон дар ҳамон давра аз шаҳри Кӯлоб, аз хонаи падараш тез — тез ба хонаи апааш – холаи Давлатбии зани Чиллаи Носир меомаду оқибат муқими деҳа ва ҳамсинфи Ғоиб Сафарзодаву Шоҳмузаффар Ёдгорӣ гардид. Онҳо аввалин роҳкушои деҳа ҷониби журналистика ва адабиёт гардиданд. Баъди хатми мактаби миёна Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Раҷаб Мардон ба факултети филология ва таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) ва Ғоиб Сафарзода ба Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ) дохил шуданд. Эҷоди онҳо аз давраи донишҷӯӣ дар матбуот ва радио чоп ва пахш мешуд. Вақте шеър, ҳикоя ё ягон мақолаи одии онҳо дар матбуот дарҷ мешуд ё тавассути радио баромад менамуданд, ҳама – муаллимон, аз он ки онҳоро дарс додаанд, бригадири колхоз, аз он ки онҳо таҳти роҳбарии ӯ пахта чидаанд ва бобои Тоҳир, аз рӯи он ки «Шоҳмузаффар ҳамсояашон буд ва аз ӯи соатдор чанд будани вақтро пурсида, ба мактаб дер намондааст»… ифтихор менамуданд ва сарашон ба осмон мерасид. Ман ку, эҳҳа! — дар назарам меомад, ки сардафтари адабиёти дунё тағоии ман аст ва то ҳол дар олам мисли ӯ қаламбадаст ба дунё наомадааст ва дар оянда ҳам нахоҳад омад. Дар тасаввури кӯдакӣ, баъди тағоям дар ин қатори бузургони олам акаи Ғоиб ва акаи Раҷабро низ ҷой дода будам.
Ин ҳама бетаъсир намонд. Аз Кадучӣ насл ба насл ашхоси зиёде, аз қабили Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад, шодравон Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, Садриддин ва Сипеҳр Ҳасанзодаҳо, Ориф Ёдгорӣ (писари Шоҳмузаффар Ёдгорӣ), Наҷот, Ҳасан ва Ҳусейн Сафарзодаҳо (бачаҳои бародари Ғоиб Сафарзода – усто Саид), Искандари Носир (ҷияни Раҷаб Мардон), Азиз Мирзозода, Сангаҳмади Тилло, Раҳими Рафеъзод, Хайрулло Раҷабиён, Мирзои Сайдалӣ, Шаҳлои Раҷабалӣ ва дигарон ҷодаи адабиёту журналистикаро пеша карданд. Деҳаи Кадучӣ ҳафт аъзои Иттифоқи нависандагон ва даҳҳо аъзои Иттифоқи журналистон дорад. Нависандаи маҳбуби тоҷик, устод Ҷалол Икромӣ (собиқ падарарӯси Раҷаб Мардон) Кадучиро «Шерози Тоҷикистон» номида буданд.
2.
Бо фоҷиаи калоне аҳли деҳаи Кадучӣ рӯ ба рӯ шуд – ҷавонмарг гаштани Ғоиб Сафарзода. Он вақт ман синфи нуҳро хатм намуда будам. Як рӯзи тобистон ин хабари шум барқосо дар деҳа паҳн шуд: дар ағбаи Шар-шари роҳи Кӯлоб-Душанбе мошини Ғоиб Сафарзода ба ҷарӣ рафтааст. Он шабу рӯз тағоии Шоҳҳайдарам дар Кадучӣ буд. Хабарро дар хонаи дигар тағоиям, ки Саидҷаъфар ном дошт ва муовини раиси колхоз оид ба чорводорӣ буд, шунидем. Тағоии Шоҳҳайдарам ба як ҳолате афтод, ки тасаввурнопазир буд. Худро тамоман аз даст дод ва чанд дақиқа гап зада натавонист. Дертар ба худ омад ва ба ким-куҷое телефон намуд. То он вақт тафсилоти фоҷиаро аниқ намедонистем. Бо телефон ба Шоҳҳайдар Ёдгорӣ хабар доданд, ки Ғоиб Сафарзода вафот намудааст ва ҷасадашро ба беморхонаи Данғара овардаанд. Ду ҳамсафари шоир, яке Наҷот-ҷиянаш, ки мактаби миёнаро тамом карда, барои ба Институти хоҷагии қишлоқ дохил шудан ба Душанбе мерафтааст ва дигаре Мӯсо-додари Абдулҳамид Самад, ки донишҷӯи донишкадаи зикршуда буд, зинда мондаанд ва онҳоро ба беморхонаи Норак бурдаанд.
Ҷанозаи Ғоиб Сафарзода он қадар серодам буд, ки деҳа он хелашро ёд надорад. Бахусус, аз Душанбе одамони зиёд омаданд.
Ғоиб Сафарзода гӯё, ки маргашро медониста бошад, дар умри кӯтоҳи 32-сола кори зиёдро ба сомон расонд ва аллакай хеле маъруф буд. Масалан, ӯ тавонист, ки насабашро ҳуҷҷатӣ аз Сафаров ба Сафарзода табдил диҳад, ки дар он солҳо кори осон набуд. Китоби нахустинашро бо номи «Корвони орзу» чоп намуд ва китоби дуюмаш бо номи «Корвони ишқи мо бо роҳи мушкил меравад» дар арафаи нашр қарор дошт ва ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шуда буд.
Дарвоқеъ, аввалин «шеър»-и ман, ки ба муносибати ба нафақа гусел намудани муаллим Тӯраев дар газетаи ноҳиявии «Мубориз» нашр шуд, бо кумаки Ғоиб Сафарзода буд. Як вақт газетаро мебинам, ки шеърам, албатта, бо таҳрири зиёд, чоп шудааст. Рости гап, он вақт дар «Мубориз» хабарчаҳоям чоп мешуданд. Шеърро равон карда, интизор набудам, ки чоп мешавад. Маълум шуд, боре Ғоиб Сафарзода ба идораи газета даромада, шеъри маро мебинад ва таҳрир намуда, тавсия медиҳад, ки чоп кунанд.
Ҳангоми дар ҳаёт будани Ғоиб Сафарзода чанд бор ба Душанбе, ба хонаи тағоям меҳмонӣ рафта, зимни шабнишиниву суҳбатҳое, ки дар хонаи тағоям ё Ғоиб Сафарзода баргузор мешуд, иштирок намуда, кунҷе нишаста, гӯш мекардам. Онҳо дар як биное, ки «Дом журналистов» мегуфтандаш зиндагӣ мекарданд. Дар «Дом журналистов», инчунин адибон ва газетанигорони шинохта, аз қабили Ӯрун Кӯҳзод, Салимшо Ҳалимшо, Бурҳон Ғанӣ, Одина Мирак, Бахтиёр Муртазо, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Шодмон Сафоев ва дигарон зиндагӣ менамуданд. Суҳбатҳое, ки дар хонаи тағоям ва Ғоиб Сафарзода доир мегардид, маҳфили адабӣ набуданд, балки бештар дар рӯзҳое баргузор мешуданд, ки дар телевизион бозии футбол намоиш дода мешуд, бахусус, бозиҳои ИҶШС бо ягон давлати дигар. Дар шабнишиниҳо ҳама вақт Одина Мирак, ки ӯ ҳам дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» кор мекард ва баъзан Раҷаб Мардон ва Абдулҳамид Самад, ки дар дигар гӯшаҳои шаҳр зиндагӣ мекарданд, иштирок менамуданд. Дар бозиҳои командаи «Энергетик», ки баъдтар «Помир» номгузорӣ шуд, ҳама варзишгоҳ мерафтанд. Он солҳо футбол дар Варзишгоҳи ба номи «Фрунзе» як тантанаи калон буд. Пеш аз бозӣ ва баъд аз бозӣ, вақте ки одамон ҷониби варзишгоҳ мерафтанд ва ё аз он мебаромаданд, роҳ баста ва ҳаракати нақлиёт манъ мегашт. Варзишгоҳ ҳама вақт пури мухлис мешуд. Воқеан, он солҳо футбол дар байни аҳли зиё низ хеле маъруф буд ва тағоям дар пушти як расми ҳангоми дар хизмати аскарӣ будааш навишта буд: «Барои хотира аз рӯзҳои дарози бе футбол».
Дар он суҳбатҳо, ки албатта, бо зиёфати хеле хушлаззат мегузашт, то футбол чанд қадаҳ холӣ мегашт. Шодравон Ғоиб Сафарзода, ки меъдааш касал буд, наменӯшид. Баъзан, ҳангоми тамошои футбол Ғоиб Сафарзодаро ғанаб мебурд. Шоҳ дар он ҳолатҳо, баъзан мегуфт:
- Бинед, Ғоиб хоб аст, пагоҳ бошад, дар бораи лаҳзаҳои ҷолиби бозӣ аз ҳама зиёдтар гап мезанад.
Акаи Ғоиб даррав бедор мешуд ва ҷавоб медод:
- Ман хоб нестам, бо чашми дил тамошо карда истодаам.
Дар он суҳбатҳо аз ҳама зиёд, агар иштирок медошт, акаи Раҷаб гап мезад. Ӯ, ки дар шуъбаи саноат ва сохтмони газетаи «Тоҷикистони советӣ» кор мекард, аввалин идеяи мақолаҳои ояндаашро пешниҳод менамуд ва фаҳмидан мехост, ки чӣ баҳо медиҳанд. Вале ба мақсад намерасид.
- Зунуката гир, мон футбола тамошо кунем! — дарав пеши даҳонаша мегирифтанд ё акаи Ғоиб ё тағоии Шоҳмузаффарам.
- Ношукритон, шумо проблема ва ҳалли онро намефаҳмед, — мегуфт акаи Раҷаб ва маҷбур мешуд хомӯш нишинад.
…Вақте Ғоиб Сафарзода аз дунё гузашт, чор фарзанди ӯ Сайёд, Акмал ва Фотимаву Зуҳро ятим монданд. Дили ҳама ба апаи Ҳоҷарбӣ — ҳамсари зебову бовафои Ғоиб Сафарзода, ки аз духтарони зебо ва отифаи деҳа ба шумор мерафт, месӯхт. Ғоиб Сафарзода дар деҳа аввалин туйи, ба истилоҳ «комсомолӣ»-ро гузаронд. Зиндагии хеле хушу гувороро ташкил намуданд. Он вақтҳо аз Кадучӣ дар Душанбе кам одамон зиндагӣ мекарданд, аз одамони соҳиби хона фақат Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва боз чанд нафари дигар буданд. Хешу табор ҳама вақт, ҳангоме ба Душанбе меомаданд, ба хонаи Ғоиб Сафарзода мерафтанд ва худи Ғоиб Сафарзода низ касеро тасодуфан медид, ҳатман ба хонааш мебурд. Аз ин рӯ, дар деҳа ҳама таърифи ин оиларо мекарданд. Марги Ғоиб Сафарзода ба раванди минбаъдаи зиндагии апаи Ҳоҷарбӣ ва фарзандонаш таъсири хеле ногувор боқӣ гузошт. Апаи Ҳоҷарбӣ дигар ба шавҳар набаромад. Худи Ғоиб Сафарзода ҳам одами муқаддас буд. Ман борҳо аз забони тағои Шоҳмузаффарам шунидаам, ки мегуфт: «Барои Ғоиб пеш аз ҳамсараш ва баъди оиладоршавиаш низ дигар ягон зан вуҷуд надошт. Дигар занону духтарони тоҷик барои ӯ апаву хоҳар буданд».
Дӯстии Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Ғоиб Сафарзода абадӣ монданд. 20 феврали соли 2000-ум бобои Шоҳ рӯзи 60-солагии Ғоиб Сафарзода дар хонааш маъракаи хеле хотирмони адабӣ ташкил кард, ки дар он қисми зиёди аҳли адаб, аз ҷумла адибони маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ширкат доштанд. Суҳбат хеле гарму дилнишин гузашт. Масалан, устод Қаноат шӯхӣ кард, ки Лоиқ моро фиреб медиҳад, арақа нанӯшида истодааст. Устод Лоиқ дар ҷавоб гуфт:
-Устод, қадаҳҳои мана поҳошон ба замин намерасанд.
Ё ҳангоми гусели меҳмонон писари бобои Шоҳ – Ориф ба Лоиқ барои пӯшидани пойафзолаш кумак намуд.
- Ёрдам те, бача! — ӯро далер менамуд шӯхиомез устод Лоиқ, — номат дар таърих мемонад.
Дар ҳамон маҳфил устод Лоиқ ба ман супориш доданд, ки ҳатман дар бораи Ғоиб Сафарзода чизе нависам. Ҳоло хурсандам, ки ин сатрҳоро навишта, супориши устодро каму беш иҷро карда истодаам.
…Бовар кунед, бо марги Ғоиб Сафарзода миллат талафот дод. Бисёриҳо, аз ҷумла устод Гулназар гуфт, ки: «Агар Ғоиб Сафарзода намемурд, як шоҳсутуни асосии адабиёт мешуд. Ёдаш ба хайр!»
3.
Дар боло ман аз Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ёд намудам. Гумон мекунам, ки тағоии Шоҳҳайдарам низ зери таъсири бародараш ба ҷодаи журналистика ва адабиёт ворид гардид. Баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон чанд муддат дар телевизиони Тоҷикистон, газетаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» кор кард.
Шахси хеле бананг буд. Эҷодиёти шоирони маъруф Ғоиб Сафарзода ва Ҳабибулло Файзуллоро танзиму нашр намудааст. Муаллифи китобҳои «Машъали саҳро», «Даъват», «Иттиҳодияи Ховалинг», «Шуҳрат» ва ғайраҳо буда, эҷодиёти адибон Е. Верейская ва Г. Караславовро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.
Ба ёд дорам, ки вақте соли 1995 дар Ховалинг 50-солагии шодравон Ҳабибулло Файзулло ва 70-солагии шоири халқ Қурбоналӣ Раҷабро ҷашн мегирифтанд, Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар китоби хеле пурра ва зебои мураттабнамудаи Ҳабибулло Файзуллоро дида, ба Шоҳҳайдар гуфт:
- Шоҳҳайдарҷон, вақте мурдам, куллиёти маро ҳам ту мураттаб бикун.
Инро шунида, Гурез Сафар – писари Ашӯр Сафар пешдастӣ намуд:
- Ата, ташвиш накаш, ман худам куллиётатро мураттаб месозам.
Ҳамин хел ҳам шуд. Баъди вафоти шоир Гурез Сафар бо як назокати хос китоби падарро мураттаб ва нашр намуд. Вале Гурез агар намекард, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, ки чанд соли охир бемор буд, шояд мураттаб карда наметавонист.
4.
Дар солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта ва то суқути ИҶШС «Тоҷикистони советӣ» на танҳо ба хотири органи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Президиуми Совети Олӣ ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон будан, балки бо муҳити эҷодӣ ва бадеие, ки дошт, газетаи рақами як ва дӯстдоштаи мардум буд. Солҳое, ки ман медонам, дар он газетанигорони варзида ва адибони маъруф, аз қабили Нур Табаров, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, Аловуддин Давлатов, Асадулло Саъдуллоев, Мамадвафо Мамадризоев, Абдулҳамид Самад, Ғуломҳайдар Муродалиев, Салимшо Ҳалимшо, Мӯсо Мавлавӣ, Иброҳим Усмонов, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Марям Садирова, Давлат Давронов, Турдиалӣ Бойбобоев, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Наҷмиддин Азизов, Имомназари Холназар, Исо Раҳим, Шамсиддин Насриддинов, Азиз Сангин… кор мекарданд.
Тағои ман Шоҳмузаффар ва Ғоиб Сафарзода, ки дар давраи донишҷӯӣ аллакай дар доираи адабии кишвар маъруф буданд, дар ин газета ба кор гирифта шуданд. Раҷаб Мардон аввал чанд муддат дар газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» кор карда, баъд ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуд. Аз давраи донишҷӯӣ ман ба идораи газета тез-тез мерафтам ва мақолаҳоям низ чоп мешуданд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ корро дар ин даргоҳи муътабар ҳамчун ходими хурди адабӣ оғоз ва солҳои минбаъда ба ҳайси мудири шуъба кор карда, дар охир аз вазифаи сармуҳаррири ин нашрия, ки баъдтар «Ҷумҳурият» ном гирифт, ба нафақа баромад.
Албатта, ин ҷамъбаст хеле мухтасар аст. Дар ибтидои фаъолияти корӣ дар газетаи «Тоҷикистони советӣ», соле, ки ман дар синфи ҳафт ё ҳаштум мехондам, тағоям ва акаи Раҷаб чун афсар ба аскарӣ рафтанд. Он вақт тағоям Шоҳмузаффар аллакай оиладор буд ва фарзанди калонияш — Акбар ҳангоми дар хизмат будани ӯ ба дунё омад. Ин барои он ба хотирам мондааст, ки барои ба фарзанди тағоям мӯйсафеди хеле боақл ва маъруф — бобои Аторо, ки баъдтар яке аз қаҳрамонони асосии романи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ «Талош» қарор гирифт, даъват намуданд. Бобои Ато ба тифл Акбар ном монд, ки ба ман маъқул нашуд. Он вақт аз дил гузаронда будам, ки писари шоир бояд номи шоирона ва пурдабдабаву нодир дошта бошад. Масалан, чӣ тавре акаи Ғоиб ба писараш ном монда буд — Сайёд!
Вале дертар, вақте тағоям аз аскарӣ омад, ба ман фаҳмонд, ки Акбар ҳам номи хеле хуб ва мувофиқ аст.
Тағоям аз аскарӣ ба ман мактуб менавишт. Ҳозир аз дил мегузаронам, ки ҳар мактуби ӯ як ҳикоя буд. Масалан, дар чанд мактуб аз мушчае қисса менамуд, ки дар хонаи ӯ пинҳонӣ зиндагӣ дорад. Вақте ӯ дар хоб мемонад, дилаш месӯзаду бо думчааш бинии тағоямро хорак-хорак дода, аз хоб бедораш менамояд.
Ҳозир афсӯс мехӯрам, ки агар он мактубҳоро нигоҳ медоштам, як силсила ҳикояҳои бачагонаи ҷолиб мешуданд.
Гуфтам, тағоям бо Раҷаб Мардон якҷоя маслиҳат карда, ба аскарӣ рафтаанд. Ҳозир — хулосаи ман ҳамин аст, ки ин шояд пешниҳоди Раҷаб Мардон бошад. Сабабашро низ тахмин кардан мумкин. Ҳангоми донишҷӯӣ тағоям ва Раҷаб Мардон дар хонаи нависандаи маъруф Ҷалол Икромӣ иҷорашин буданд. Тағоям нақл кард, ки як рӯз Раҷаб ҳавлиро бо ҳавсала об задааст. Бегоҳӣ Ҷалол Икромӣ акаи Раҷабро дуо додааст, ки «Худо як зани босаводат диҳад!»
Тағоям гуфтааст:
- Муаллим, Раҷабро дуои бад накунед!
Вале дуои устод Ҷалол Икромӣ мустаҷоб шуда, оқибат Раҷаб домоди устод Икромӣ шудааст. Онҳо фарзанддор ҳам шуданд, вале зиндагӣ барор наёфту ҷудо гардиданд. Баъди ҳамин барои аз ин ҳолат муваққатан ҳам бошад, баромадан, акаи Раҷаб хостааст, ки ба аскарӣ равад ва Шоҳ ӯро «танҳо намондааст».
Воқеан, рост ё дурӯғ будани ин қиссаро кафолат дода наметавонам, вале мегӯянд, ки вақте Дилафрӯз (собиқ ҳамсари Раҷаб Мардон) бори дуюм ба шавҳар баромадааст, акаи Раҷабро ба тӯй даъват намудаанд ва ӯ ҳам рафтааст. Наҷмиддин Азизов гуфтааст, ки Маҳмадраҷаб ору номус надорад: ба тӯйи занаш рафтааст.
Раҷаб Мардон гӯё ҷавоб дода бошад, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ одами хуб аст ва ӯ хурсанд аст, ки Дилафрӯз чунин шавҳари мувофиқ ёфтааст…
Раҷаб Мардон инсонест ғайриодӣ ва рафтори ӯро пешгӯӣ кардан умуман имконнопазир аст. Модари маро «апа» мегуфт, чунон ширин ва самимӣ мегуфт, ки дар дили ман нисбат ба ӯ меҳрро афзун менамуд. Ба Кадучӣ аксар вақт бо тағоям якҷоя меомаданд. Баъди аскарӣ якҷо омада, 15-20 рӯз истоданд, ки айёми хурсандии ман буд. Ҳамон вақт кадом дӯсти духтурашон ба онҳо як шиша спирти тиббӣ дода буд. Онҳо онро дар яхдон монда, ҳар рӯз, вақти хӯроки нисфирӯзӣ, ба ман мефармуданд, ки ҳамон «доруи по»-ро биёрам. Ҳама мефаҳмиданд, ки чӣ хел «доруи по»-ст, вале ба онҳо халал намерасонданд, ки «дору» кардан гиранд.
Умуман, дар деҳаи Кадучӣ Раҷаб Мардон шахси худӣ ва хеле баобрӯст.
Ӯ аз хурдӣ бақуввату меҳнатӣ буд. Девор мебардошт, пахта мечид, каҳдаравӣ мерафт. Аз он ҷиҳат, ки аз хурдӣ шӯху суҳбаторо буд, ҳама дӯсташ медоштанд, ҳатто аз Ғоиб Сафарзодаву Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ки фахри мардуми деҳаанд, саргузашту шӯхиҳои Раҷаб Мардонро зиёдтар ёд менамоянд. Масалан, ӯ Усто-Исматро, ки як вақтҳо ба девори бардоштаи акаи Раҷаб эрод гирифта, маслиҳат додааст, «Плутон» лақаб монд ва баъд мӯйсафедро то мурданаш «Палатон» (аз калимаи Плутон), аниқтараш, Усто-Палатон ном мебурданд. Ҳозир, фарзандони ӯро ҳама «Бачаи Палатон…», «Духтари Палатон…» мегӯянд. Қариб касе номи аслии усторо ба забон намеорад, бисёрӣ номашро ҳам фаромӯш кардаанд.
Ҳангоми дар газетаи«Тоҷикистони советӣ» кор кардан Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо Раҷаб Мардон бисёр қиссаҳои якҷояи аҷиб доранд. Масалан, аз Раҷаб Мардон се сӯм қарз гирифтани Шоҳмузаффар Ёдгорӣ:
- Раҷаб, се сӯм қарз дода метавонӣ? – хилват карда рӯзе пурсидааст Шоҳмузаффар Ёдгорӣ.
- Кай даркор?
- Имрӯз…
- Метавонам!
Бегоҳӣ ҳар ду якҷо аз кор мебароянд ва Раҷаб Мардон ба Шоҳмузаффар Ёдгорӣ роздор ишора мекунад, ки: «Рафтем…».
Масофа то ба ресторани «Душанбе», қариб ки хомӯшона тай мегардад. Раҷаб Мардон арақу шашлик мефармояд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳам дигар аз рӯи мақоли «Ангура хӯру боғаша напурс» амал намуда, намепурсад, ки чӣ гап.
Арақ тамом мешавад, боз пиво менӯшанд, Раҷаб Мардон бист сӯм харҷ намуда, баъди ин ҳама, дар вазъияти тантанавӣ, се сӯм бароварда, ба Шоҳмузаффар Ёдгорӣ қарз медиҳад.
- Ҳайрон нашав, Шоҳ, — мегӯяд дар ҷавоби нигоҳҳои саволомези рафиқаш. – Зиёфат барои он ки дар умрам ту аввалин шахсе ҳастӣ, ки маро одам шумурда, қарз пурсидӣ…
Муносибати Раҷаб Мардон бо журналисти шинохтаи тоҷик, Мамадвафо Мамадризоев бисёр наздику қарин буд. Онҳо ҳар ду дар мавзӯи саноату сохтмон менавиштанд ва проблемаҳои соҳаро дарҷ менамуданд ва ҳатто аз Кумитаи Марказӣ таъриф мешуниданд. Вақте Мамадризоев мудири шуъба буд, Мардонов мухбири калони шуъба ва вақте Мамадризоев ҷонишини муҳаррир шуд, ба ҷояш Мардоновро тавсия намуд. Бо вуҷуди ин, онҳо якдигарро бисёр «мехоиданд». Мамадризоеви «парторг» Мардонови маҷлисгурезро сахт танқид мекард, вале дувумӣ ҳеҷ ислоҳ намешуд. Онҳо қиссаҳои хеле зиёд доранд, вале аксар ба дараҷае «образнок» аст, ки дар ягон қолаб намеғунҷад. Ба ҳар ҳол яке аз онҳоро, ки андаке «сабук» аст, ҳикоя мекунам. Як сабаби овардани ин қисса ҳам он аст, ки Раҷаб Мардонов мардонавор қоил шудааст, ки: «Паъати Мамадвафо зӯр ёфт!».
…Раҷаб Мардон бо номи «Достон дар бораи асп» очерке навишт, ки бо тасвирҳои моҳирона, кушодани проблемаи аспу асппарварӣ ва тарзи баён, воқеан ҳам, аз достон камӣ надошт. Баъдтар он дар китобе, ки Раҷаб Мардонро сазовори унвони «Журналисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» кард, ҷой дода шуд. Сармуҳаррир дар «летучка» Раҷаб Мардонро хуб таъриф карда, ба дигарон тавсия додааст, ки хонанд ва аз Мардонов ибрат гиранду образофарӣ омӯзанд. Ба кӣ намефорад таъриф!? Раҷаб Мардон шукуфон худро як сару гардан аз дигарон боло ҳис намуда, дар ҳамон ҳолат, пайте ёфта, ҷониби Мамадризоев ишора мекунад. Мақсад: «Дидӣ?! Ёд гир…».
Баъди маҷлис ҷонишини аввали сармуҳаррир ба шуъбаи саноат даромада, дар ҳолате чашмонашро бо як оҳанги гӯё мутаҳайир нимкоф намуда, гуфт:
«Табрик, рафиқ Мардонов! Ақиқатан чизи нағз… — баъд андак таваққуф карда, ба ду тараф сар ҷунбонда, ҷониби дигарон, ки дар шуъба панҷ — шаш нафар буданд, нигариста, бо оҳанги ҷиддӣ, илова менамояд: — Вале ман аз як чизаш айронам: Хар дар бораи асп достон навиштааст».
…Як вақт Раҷаб Мардон дар бораи «Чойкаҳак» ном алафи табобатӣ мақола навишта, гуфтаҳои худро бо таҳқиқи гиёҳшиносу дорусозон пурқувват намуда, он вақт, ки ҳанӯз Ҳомидҷон Зоҳидов дар ин бора наменавишт ва навиштаҳои Юсуф Нуралиев барои хонандагони тоҷикзабон дастрас набуд, тӯли як рӯз хеле машҳур гашт. Чойкаҳакро ба дараҷае тавсиф намуд, ки ба наваду нуҳ дард даво буда, гӯё қариб мурдаро зинда месозад… Занги телефони редаксия, махусан утоқи кории ӯ лаҳзае ором намегирифт. Ҳама, махсусан яҳудиҳо, Раҷаб Мардонро мепурсиданд ва вақте ӯ гӯширо мегирифт, дар бораи чойкаҳак, дарёфти он, тарзи аз он тайёр намудани дору тавсия мепурсиданд. Ин то дер гоҳ давом кард, кор дар шуъба пурра халалдор гашт, ба дигар шуъбаҳо ҳам занг мезаданд ва илтиҷову илтимос мекарданд, ки Раҷаб Мардон даркор. Ҳама безор шуданд, аз ҳама бештар худи Раҷаб Мардон.
- Маҳмадраҷаб шуморо… — соати қариб панҷ гӯширо ба ӯ дароз намуд ходими шуъба Борис Шакаров.
- Боз дар бораи чойкаҳак!
- Бале.
- Ба шумо кӣ даркор? — акнун аз гӯшӣ мепурсид Раҷаб Мардон: — Мардонов?..Не, нест.
- Куҷо бошанд ? — овоз мебарояд аз гӯшӣ.
- Мурд.
- Эҳ! Чӣ шуд?!
- Чойкаҳак хӯрда мурд.
Баъди ин дар бораи чойкаҳак дигар хеле кам телефон мекардагӣ шуданд ва Раҷаб Мардонов низ бобати гиёҳҳои шифобахш навиштанро бас кард.
… Солҳои охири дар вазифаи муовини аввали сармуҳаррири газетаи «Ҷумҳурият» кор кардан низ Раҷаб Мардон як қиссаи мароқоваре дорад, ки бо ташаббуси Додоҷон Рӯзиев-ҷонишини дигари сармуҳаррир «ҷома пӯшонда» шудааст. Як рӯз аз Ҳукумат занг зада, аз Раҷаб Мардон хоҳиш кардаанд, ки фалон рӯз дар фалон соат ба ҳузури муовини Сарвазир биёяд. Дер накунад, кор кори хеле муҳим.
Гаранг шудааст акои Маҳмадраҷаб: «Чӣ гап бошад?» Тафсили инро шунида, Додоҷон Рӯзиев даррав аз вазъият «моҳирона» истифода бурдааст.
- Ман медонам, чӣ гап: Шуморо Ҷопон мефиристонанд…
- Аниқ?
- Ҳа! Ба ёд дорӣ, шумораи гузашта, дар саҳифаи як хабаре чоп шуд, дар бораи картошкапарварони Ҷопон… Назар ба Тоҷикистон се маротиба зиёд ҳосил мегирифтаанд?
- Бале, ба ёд дорам. Худам интихоб карда, дар саҳифа ҷой кардам…
- Медонам. Инро дар «боло» ҳам донистаанд… Ва шуморо, ки хоҷагии қишлоқро «куратор» ҳастед, барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба Ҷопон мефиристанд. Хурсандӣ кунед!
- Ҳа, рост. Раҳмат! Ту, Додоҷон аз ҳама гап бохабар. Дар Афғонистон хизмат кардагӣ-да, разведчик! — ҳарчанд ба ин гап бовар накарда бошад ҳам, ҷавоб додааст Раҷаб Мардон.
Ва, Додоҷон ҳам баъди он дар ин масъала боз хеле «кор» кардааст. Ба дараҷае ки касе гӯё аз Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам занг зада бошад. Акнун дар «Ҷумҳурият» вазъият пурра таҳти назорат: касе Раҷаб Мардонро бинад, ҳатман «табрик» мекунад, ҳатто овардани чанд чизро хоҳиш карданд. То дараҷае ки хоҳ-ноҳоҳ ӯ бовар мекунад.
Рӯзи ваъдагӣ фаро мерасад, Раҷаб Мардон беҳтарин либосашро пӯшида, ним соат пеш ба даромадгоҳи Ҳукумат меояд. Дар он ҷо, вақте мебинад, ки муовини вазири хоҷагии қишлоқ, чанд мутахассиси кишоварзӣ низ дар навбат истодаанд, бовариаш тақвият меёбад. Дертар Аслиддин Соҳибназаров низ расида меояд. «Аниқ, ки ӯ ҳам дар ҳайат ворид карда шудааст. Дар солҳои шӯравӣ дар Вазорати кишоварзӣ кор мекард-ку», — аз дил мегузаронад Раҷаб Мардон ва шубҳааш пурра бартараф мегардад.
Аммо дертар, вақте муовини Сарвазир онҳоро ба ҳузур пазируфта, барои меҳнати бисёрсолаи шоён, изҳори миннатдорӣ намуда, ба нафақа гусел мекунад, Раҷаб Мардон мефаҳмад, ки бурд – бурди Додоҷон ва афсӯс мехӯрад, ки чаро аз муштариёни ашёи ҷопонӣ хоҳишнамуда пул нагирифт. Ҳатто чанд кас киса ҳам кофта буданд…
Баъди чанд сол Додоҷон Рӯзиев низ аз вазифаи муовини сармуҳаррир меравад. Раҷаб Мардон ӯро дар маъракае дида, мепурсад: «Додоҷон, шунидам ту ҳам Ҷопон рафта омадӣ?».
…Ана ҳамин аст, чанд пора аз қиссаҳои Раҷаб Мардон. Ӯ чун қаламкаши асил, бисёре аз лаҳзаҳои дурахшони ҳаёт, образу муколама ва таъсири суханро дар худу шиносу ҳамкорон санҷида, баъд дар навиштаҳояш «типпӣ» кунонидааст. Шукр, Раҷаб Мардон ҳоло ҳам дар сафи қаламкашон аст. Бардаму бақувват. Як кас нимшӯхиву нимҷиддӣ ба ӯ гуфтааст:
- Акои Маҳмадраҷаб, пир нашудаӣ… Ҳамон кӯҳу кунда, лекин сарат сафед шудааст…
- Сарам? – ҷавоб додааст ӯ. — Сарам барои он сафед шудааст, ки арақи сафед менӯшам. Вино менӯшидам, сурх мешуд…
…Акаи Раҷаб, иншооллоҳ аз сад мегузарад. Як рӯз гуфт, ки то ту хотираҳоятро нанависиву ман нахонам, намемурам. Инак, ман хотираҳоямро навишта истодаам, вале ба ӯ нишон намедиҳам. Бигузор, зиндагӣ кардан гирад!
5.
Солҳои 80-90-уми асри гузашта дар доираи адабӣ ва газетанигории кишвар анъанаи маъмуле буд; касе дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекард, орзу менамуд, ки дар «Тоҷикистони советӣ» ҷое холӣ шаваду ӯ ба он ҷо гузарад. Адибоне, ки дар газетаҳо кор мекарданд, орзуи ба Иттифоқи нависандагон ва ё нашрияҳои он гузаштанро доштанд. Бисёр адибони маъруф пеш аз ба Иттифоқи нависандагон гузаштан дар газета кор мекарданд. Аз зумраи онҳо Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов буд, ки корро дар паҳлуи Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Раҷаб Мардон дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» сар карда, баъди нашри повести «Баъд аз сари падар» ба маҷаллаи «Садои Шарқ» даъват шуд.
Баъди Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳамдеҳаи мо падидаи наве буд, дар соҳаи адабиёти кишвар. Он ду нафар, агар ҳамчун шоир деҳаро муаррифӣ менамуданд, Абдулҳамид Самадов дар соҳаи наср ба майдони адабиёт ворид шуд. Акаи Абдулҳамид, фарзанди деҳқон, боғбон, ки дар муҳити деҳа, дар байни одамони дилвасеъ ва хеле самимиву хушчақ-чақ ба воя расид, бо тасвирҳои рангин даррав мақбули дили мардум шуд ва хонанда пайдо кард. Навиштаҳои ӯ шахсан барои ман чун маскаи дуғолуди деҳа мулоим ва форам менамоянд. Шахсияташ низ ҳамин хел ҳалиму дилнишин аст. Ӯ ба касе гапи сахт, дурушту дағал намегӯяд, ба шарте гап дар бораи адабиёт наравад ва суҳбат аз таҳлили навиштае набошад. Ҳамин тариқ, ҳавасмандони адабиёт, вақте диданд, ки шеър мушкилоти зиёд дорад ва «шоир шудан осон нест», даррав «ба наср гузашта» роҳи осони машҳуршавиро меҷустанд. Ин гап шахсан ба ман ҳам дахл дорад. Рости гап, аз овони мактаби миёна ман машқи шеър менамудам ва ин машғулият тамоми умр маро ҳамроҳӣ менамояд. Вале ягон бор шеърҳоямро ба тағоям нишон надодаам. Дар наср бошад, аз навиштани хабар ва лавҳа оғоз намуда, аз солҳои аввали донишҷӯӣ дар газетаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони советӣ» нигоштаҳоям чоп мешуданд. Бо вуҷуди ин кӯшиш менамудам, ки ҳама аз назари Шоҳмузаффар Ёдгорӣ гузарад. Ягон бор навиштаамро пеш аз чоп ба ӯ нишон дода наметавонистам. То ҳоло намедонам, сабаби ин чӣ буд. Шояд тағоям, ки аз хурдӣ дар назарам бузургтарин эҷодкор буд, ман шарм медоштам, ки чизи «бемаънӣ»-ямро ба ӯ нишон диҳам. Боре як силсила шеърҳоямро ҷамъ намуда, пеши устод Гулрухсор, ки он солҳо сармуҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» буданд, рафтам. Он қадар таваҷҷуҳ накарданд. Гуфтанд, ки додари Шоҳмузаффар, ки бошӣ, пеши ҳамон одам рав. Шоҳмузаффар шоири зӯр аст…
Дуюм «ташрифи адабӣ»-и ман ба пеши акаи Абдулҳамид буд. Бо номи «Ҷанги кампир бо Гитлер» ҳикоя навишта, ба назди ӯ, ки дар шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард, рафтам.
- Биё, биё Нозирҷон! — Бо чеҳраи кушода ва суханони меҳрубонона маро даъват намуд вай.
Ман даррав ба сари мақсад омадам:
- Акаи Абдулҳамид, — муроҷиат намудам ба ӯ, — як ҳикоя навиштам. Як бор мехондед!
Хуб шудааст! — гуфт Абдулҳамид Самад.
- Барои чоп не, — саросемавор илова намудам ман, — ҳамин хел, барои хондан.
Ман он рӯз ҳикояамро монда рафтам ва дигар ҷуръат накардам, ки рафта, аз тақдири он пурсон шавам. Як рӯз тағоии Шоҳмузаффарам гуфт, ки пеши Абдулҳамид равам.
Рафтам. Чеҳраи акаи Абдулҳамид хеле ҷиддӣ, ҳатто як дараҷа норозӣ намуд он вақт дар назарам. Дастхатро кушода буд, ки дар даҳшат афтодам. Ягон «ободӣ» надошт он чор-панҷ саҳифаи дар мошинка чопкарда! Сипас, нокомиҳоямро як-як таҳлил намуда, фаҳмонд, ки ҳикоя чӣ талабот ва мушкилӣ дорад. Базӯр менишастам, гӯё дар болои хори марғелон будам! Кӯшиш мекардам, ки ҳар чӣ тезтар аз утоқ берун шаваму дигар қалам ба даст гирифтанро ба гӯшаи хаёл ҳам наорам. Вале акаи Абдулҳамид маро ҷавоб намедод. Хеле бафурҷаву батоқат ва боварибахш суҳбат намуд. Хотимаи суҳбат батадриҷ дигар мешуд. Акнун мусоҳибам ба ман мефаҳмонд, ки бо вуҷуди душвориву нокомӣ умеду боварӣ ҳаст ва ман, агар хоҳаму агар кӯшиш намоям ва хеле сахт истам, чизе ба даст меомадагӣ барин… Ана ҳамон суҳбат, ки нависандаи маъруф ба он хеле устокорона ҳусни хотима гузошт, то имрӯз дар дили ман чароғи боварӣ ба худро фурӯзон нигоҳ медорад ва ман аз ин шахсият ҳам ифтихор менамояму ҳам миннатдорам. Бо тавсияи Абдулҳамид Самад ман адибони маъруфи давр Валентин Распутин, Василий Шукшин ва Григор Тютиникро мутолиа намуда, чун нависандаи ҷавон ба майдони адабиёт ворид шудам. Дертар ҳикояҳоям дар «Садои Шарқ» ва дигар нашрияҳои даврӣ чоп шуданд. Нахустин китоби ман, маҷмӯаи ҳикояҳоям бо номи «Лаҳзаи тулӯъ» (соли 1986) бо сарсухани нависанда Урун Кӯҳзод чоп шуд, ки он бо ҳикояи «Ҷанги пиразан», ҳамон ҳикояи аввалин бор ба пеши устод Абдулҳамид Самад бурдаам оғоз меёфт.
Рости гап, ин ҷо иншои хотирот дар бораи тағоям Шоҳмузаффар Ёдгорӣ андак ба ибрози тарҷумаи ҳоли худам табдил ёфт. Вале бояд маро хонанда дуруст фаҳмад, ки агар меҳри тағоям намешуд, агар ин оташи завқро аз кӯдакӣ ба ман меҳри ӯ намеафрӯхт, кӣ медонад чӣ мешуд!
6.
Одамоне, ки бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ шиносу ҳамнишину ҳамкор буданд, сад дарсад тасдиқ менамоянд, ки дар тинати ӯ як зарра маҳалчигӣ набуд. Зодгоҳашро хеле дӯст медошт. Зодгоҳи ӯ деҳаи Кадучӣ набуд. Пеш аз он ки мардумро аз кӯҳистон ба таҳдашт кӯчонанд, ӯ 1 январи соли 1940, дар деҳаи Бузкушаки наздикии Баландсари Ховалинг ба дунё омадааст. Баъд дар чор-панҷсола буданаш авлоду аҷдодаш ба Кадучӣ кӯчиданд. Ӯ, бо вуҷуди он ки дар деҳаи Кадучӣ ба воя расид, зодгоҳи кӯчакашро хеле дӯст медошт ва бо дарёфти аввалин имкон ҳатман ба он ҷо сафар менамуд. Ҳатто дар дами пирӣ як бор ба ман гуфт, ки шабе мабодо хобаш гурезад, хаёлӣ аз Қармушак то Бузкушак қадам зада, аз манзараҳои зебои он роҳат менамояду хобаш мебарад. Умуман, ба водии Кӯлоб иштиёқи калон дошт. Бо вуҷуди ин, вақте охири солҳои 70-уми асри гузашта вилояти Кӯлоб аз нав барқарор гашт ва ӯро ҷонишини муҳаррири газетаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» таъин намудан хостанд, рад намуд. Вақт нишон дод, ки кори дуруст кардааст ӯ. Агар он вақт ба Кӯлоб мерафт, ҳеҷ вақт наметавонист, ки андешаву идеяҳояшро амалӣ намояд. Аслан, ӯ одати баҳс кардану рад намуданро надошт. Ҳатто вақте донишгоҳро хатм намуд, роҳхаташ ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ба ноҳияи Ғарм ё Тоҷикобод буд. Ҳолдонҳо нақл менамоянд, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ рахти сафар баста будааст. Вале истеъдоду шоирияш сабаб шудаасту аз Иттифоқи нависандагон ё Вазорати маориф роҳхати ӯро дигар намудаанд ва ба газетаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор омад.
Шояд барои ба Кӯлоб рафтан низ зиддият нишон намедод, вале шиносу дӯстон, махсусан шодравон Давлат Гадоев, ки ҳамдеҳаи он кас буданду дар мансаби хеле баланди давлатӣ – котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон кор мекарданд, Шоҳмузаффар Ёдгориро наздашон даъват намуда, чӣ маслиҳате додаанд. Ин ҳамаро ман аз тағоям нашунидаам, вале дар ин бора гӯшам бод ёфт.
Дертар тағоям ба Кӯлоб омад. Ин дафъа ба ҳайси муҳаррири газетаи «Роҳи ленинӣ» ва аз рӯзҳои нахустини кор дар байни аҳли эҷод маҳбубият пайдо намуд. Рости гап, он солҳо ман дар Кӯлоб набудам ва инро аз дигар ҳамкасбонам шунидаам.
7.
Оқибат, ман муваффақ шудам, ки бо тағоям, бевосита таҳти роҳбарии ӯ дар газетаи дӯстдоштатаринам «Тоҷикистони советӣ», ки акнун «Ҷумҳурият» ном дошт, кор кунам. Соли 1995 Шоҳмузаффар Ёдгориро сармуҳаррир таъин намуданд. Не, ӯ маро ба кор даъват накард. Ман соли 1986 ба кор даъват шуда будам ва ба ҳайси мухбири махсус дар вилояти Кӯлоб фаъолият доштам. Ҳангоме ба Душанбе кӯчидам, дар вазифаи муҳаррири шуъбаи давлат ва сиёсат фаъолият намудам. Боз фараҳбахш он буд, ки ба вазифаи ҷонишини якум Раҷаб Мардон ба кор омад. Ман гумон мекунам, ки ҳайати онвақтаи «Ҷумҳурият» давоми мактаби бузурги журналистикаи «Тоҷикистони советӣ» буд ва дар ҳалли бисёр проблемаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба Тоҷикистони нав ба арсаи истиқлол қадамгузошта кумак намуд. Ин буд, ки «Ҷумҳурият» баъди Истиқлолият якумин шуда, дар як ҳафта се маротиба нашр мешуд ва он ба нашрияи расмии кишвар табдил ёфта, муассисаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҳама асосӣ, кормандони газета ба як ҳайати тифоқ табдил ёфт, ки албатта, таъсири роҳбарии Шоҳмузаффар Ёдгорӣ буд.
Шахсан, барои ман душвор ва хеле масъулиятнок буд таҳти роҳбарии тағоиям кор кардан. Ман он озодиеро, ки давраи роҳбарии Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев доштам, пурра аз даст додам. Вале аз роҳбарии тағоиям, аз муносибати ҳалим ва ҷиддии ӯ нисбат ба ҳамкорон ягон вақт шарм намекардам. Чунки ӯ касеро беҳуда хафа намекард ва боре ҳам рафторе наменамуд, ки ӯро масхара намоянд. Эҳтиромро Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар назди кормандон тавассути рафтори зиёиёна соҳиб гардид. Ӯро эҳтиром менамуданд ва ба қадраш мерасиданд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ соли 2000-ум аз «Ҷумҳурият» ба нафақа баромад. Ва чун нишони миннатдорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз шумораҳои газета, ки баъди сармуҳарририяш нашр шуд, силсилаи шеърҳои кӯдаконаи «Эмомалӣ-бобои мо»-ро чоп намуд.
Воқеан, барвақт ба нафақа баромадани устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба нафъ шуд. Романҳои «Васваса» ва «Талош»-ро навишт, ки аз тарафи аҳли адаб хеле хуш қабул гардиданд.
Акнун,бобати нақшаву ниятҳо, пешниҳоди матлабҳои муҳиму проблемавӣ ман бештар бо Раҷаб Мардон, ки воқеан журналисти пуртаҷриба аст, маслиҳат менамудам. Боре ба хулоса омадем, ки бояд ман аз газетаи дӯстдоштаам аз кор равам. Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки таҳти унвони «Барқи тоҷик»-нурбахши халқи тоҷик» мақолаи проблемавӣ навиштам. Баъди нашри он маро раиси собиқи ширкат Баҳром Сироҷов ба кор таклиф намуд. Аввал нимбайъ. Дертар, проблемаҳои энергетика ва меҳнати муқаддаси нурофарон чунон ҷалбам намуд, ки пурра ба кор гузаштам.
* * *
… Ана ҳамин тавр, бародарам Шоҳмузаффар, як ҷузъи муҳими зиндагии ман аст, ки худро бе он тасаввур карда наметавонам. Вақте ба ғазаб меоям, вақте тасодуф ягон корам барор намегирад ё ба ҳолати ногуворе меафтам, ӯро ба ёд меорам ва дар дил меандешам, ки тағоям дар чунин вазъият чӣ кор мекард? Медонам, ки ӯ дар ин гуна вазъият проблемаҳоро оромона, бе гапи баланд, бе ягон зарра қаҳру ғазаб ва андешаманд ҳал мекард. Ин ҳамаро ба ёд меорам ва худ аз худ ором мешавам. Касе ёд надорад, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ касеро ҷанг карда ё мушт ба миз кӯфта бошад. Ҳамеша орому зебову суҳбаторо буд. Ва ҳамин хел дар ёдҳо боқӣ мондааст. Ҳамаро, ки дӯст медошт, ҳама дӯсташ медоштанд ва то имрӯз дӯсташ медоранд. Ёдаш ба хайр!
Нозир ЁДГОРӢ 12-15 январи соли 2019