Одамон ҳақиқати зиндагиро дар оинаи матбуот меҷӯянд. Вақте хабаре, мақолае, лавҳае очеркеро мехонанд, онро байни ҳам баррасӣ мекунанд. Агар нафаре ба навиштаи рӯзноманигоре эрод гирад, зуд посухашро медиҳанд: ин масъаларо журналист беҳтар медонад! Агар журналисте дар маҳфиле ширкат варзад, одамон ба ӯ таваҷҷуҳ мекунанд, аз ӯ дар бораи авзои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа мепурсанд. Дар маҷмӯъ, мардум ба журналист эътимод доранд.
Аз пешаи рӯзноманигорӣ нон хӯрдан кори осон нест. Журналист бояд виҷдони ҷомеа бошад. Содиқонаву бериё зиндагӣ ва кору эҷод намояд. Вақте ба матбуоти тоҷик назар меандозем пеши назар симои шахсиятҳое ба ҷилва меояд, ки ҳамболи замон зиндагӣ кардаанду мекунанд ва бо қалам нақши ҳақиқати зиндагиро ба тасвир мекашанд.
Мехоҳам дар бораи онҳое суҳбат кунам, ки ҳамнавои замон буданд. Аз рӯзгори мардум ба мардум қисса карданд, набзи зиндагии одамонро чун набзи худ ҳис намуданд, ҳамроҳашон нафас кашиданд.
Бисёранд онҳо ва дар Рӯзи матбуот аз эшон ёд кардан, китоби ҳаёти рӯзноманигории онҳоро варақгардон намудан савоб аст.
Рӯзноманигорӣ касби бобаракат аст. Инсонро дар оташи зиндагӣ обутоб медиҳад. Омӯхтани ҳаёти одамон, шарики шодиву ғами онҳо гаштан боиси ба вуҷуд омадани лавҳаву очеркҳои мондагор мешавад. Ҳамин тавр, рӯзноманигор ноаён ба эҷоди ҳикояву қиссаҳо мепардозад. Ҳаёти одамон илҳомбахши кори ӯ мегардад.
Рӯзноманигор ва мардум бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Рӯзнома на танҳо манбаъи иттиллорасонӣ, балки саҳифаҳои китобатшудаи рӯзгори одамон аст. Муборизаҳо, бунёдкориҳо, тақдирҳо, ормонҳо… дар он дарҷ мешаванд ва ба ҳофизаи таърих мераванд, аммо гум намешаванд, балки зиндагии гузаштаву имрӯзаро зинда нигоҳ медоранд.
Рӯзноманигор ва рӯзнома мисли ошиқу маъшуқ, мисли Лайливу Маҷнун ҳастанд, якдигарро ҷазб месозанд, бе якдигар зиндагиашон камранг мешавад. Танҳо ишқ аст, ки журналист ҳатто дар сахттарин вазъият ба сари кор меояд, чароғи рӯзномаро равшан нигоҳ медорад ва пайғом ба хонанда мефиристад.
Рӯзноманигори тоҷик аз журналисти ғарбӣ фарқ мекунад. Эҳсоси худшиносӣ, меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ, инсонпарварии хеле қавӣ дорад. Дар олами муқаддасот зиндагӣ мекунад ва ҳар нафасе, ки мекашад, аз он бӯи ишқ меояд.
11 март танҳо Рӯзи матбуот нест, балки он рӯзи хосе барои шумо низ мебошад, хонандагони азиз. Ин рӯз барои ҳамаамон фархунда бод!
ВОРИС, «Садои мардум»