11 марти соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш сафар намуд.
Тибқи барнома, Акрамшо Фелалиев дар ҷаласаи 41-уми Кумитаи иҷроияи иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин ва ҷаласаи дуюми Иттиҳоди котибони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ иштирок менамояд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон