Чанде қабл вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва Ҳоким Холиқзода дар ҳайати гурӯҳи кории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018), ҳамчунин, шиносоӣ бо шароити будубоши муҳоҷирони корӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанд.
Пас аз бозгашт хабарнигорамон бо онҳо ҳамсуҳбат шуд.
- Гурӯҳи корӣ чӣ корҳоро анҷом дод ва аз натиҷаи сафар то чӣ андоза қаноатмандед?
Б. САФАРЗОДА: — Дар тӯли даҳ рӯз бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, намояндагиҳои ҲХДТ, Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар ин мамлакат бо ҳамватанон дар маркази савдои «Ашан»-и ноҳияи Одинсово, толори тарабхонаи «Бакинский булвар»-и маҳаллаи «Южные ворота», бозори «Дорогомиловка», анборҳои меваю сабзавоти тарабхонаи «Чайхана №1», иншооти сохтмонии шаҳри Химки, ҳамчунин, бо кормандони хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияи Одинсово, ронандагони автобусу микроавтобусҳои «Садовое кольцо» ва гурӯҳҳои дигари хурд, ки дар иншооти гуногун заҳмат мекашанд, мулоқот доир кардем.
Таъкид бояд намуд, ки мутобиқи омори байналмилалӣ, Федератсияи Россия аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ дар Аврупо ҷойи якум ва дар ҷаҳон (баъди ИМА) ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Шумораи зиёди муҳоҷиронро шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла ҷумҳурии мо, ташкил медиҳанд.
Дидору гуфтугӯ бо муҳоҷирони корӣ дар муҳити озод, асосан, дар бораи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018), созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, бахусус, дар бахши муҳоҷирати корӣ, дастовардҳои кишвар дар соли 2018, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии кишвар, ба истифода додани чархаи якуми НБО — и «Роғун» ва даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ миёни муҳоҷирони корӣ, эҳтиёт кардан аз сироятшавӣ ба бемории вируси норасоии масунияти одам ва касалиҳои зуҳравӣ, эҳтиром, риояи қонунгузорӣ ва фарҳанги кишвари будубош сурат гирифт.
Таъкид кардем, ки муҳоҷирони корӣ бояд фаъолияти қонунӣ дошта бошанд. Дуруст аст, ки дар байни шаҳрвандони давлатҳои дигар ҳам муҳоҷирони ғайрилегалӣ кам нестанд. Масалан, танҳо дар шаҳри Москва аз якуним миллион нафар тақрибан як миллион ғайрилегалӣ фаъолият мекунанд. Вале гап дар он аст, ки фаъолияти ғайрилегалӣ барои корфармо имкон фароҳам меорад, ки нисбат ба муҳоҷирони корӣ аъмоли ҷинояткоронаро раво бинад: онҳоро дар вазъи ғуломӣ нигоҳ дорад, ҳаққи кори анҷомдодаашонро напардозад. Ба илова, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ин баҳона аз онҳо ришва меситонанд…
Ҳ. ХОЛИҚЗОДА: — Таъкиди дигар дар хусуси омӯзиши ҷиддии забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия буд. Мутобиқи маълумоти коршиносони соҳа, 20 дарсади муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, бо забони русӣ хеле бад гуфтугӯ мекунанд ва ё забонро аслан намедонанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо махсус зикр шуд, ки сарфи назар аз он ки баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ шуморида, расман ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон шудаанд, намояндагони онҳо дар минтақаҳои алоҳидаи хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, фаъолияти ғайриқонуниро идома медиҳанд. Бахусус, ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24, ки баъзе аз намояндагони онҳо дар ФР зиндагӣ мекунанд ва мақсад доранд аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ сафашонро пур намоянд. Бинобар ин, таъкид шуд, ки ҳар як фарди тоҷик бояд ҳангоми ошкор кардани чунин зуҳуроти зиддиконститутсионӣ аз онҳо канора гирад ва агар имкон бошад, ба намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.
- Шароити зиндагӣ, меҳнат ва рӯҳияи муҳоҷирони корӣ аз назари шумо чӣ гуна буд?
Ҳ. ХОЛИҚЗОДА: — Шароити кор ва вазъи рӯҳии онҳо муътадил буд. Аз пешравиҳои мамлакат изҳори хушнудӣ мекарданд. Суҳбатҳо аз ҷониби ҳамватанон хуш пазируфта шуданд. Онҳо барои иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ ва Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақсад аз он вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ буд, изҳори миннатдорӣ намуда, дар навбати худ якчанд пешниҳод барои беҳтар кардани шароити будубоши муҳоҷирони корӣ ва қонунгузории кишвар намуданд. Аз ҷумла, соҳибкор Ҳокимшоҳ Муҳаббатов пешниҳод кард, ки ҳангоми аз ҷониби муҳоҷирони корӣ гузоштани сармоя ба ин ё он соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби барасмиятдарорӣ сода карда, аз ҷониби Ҳукумати кишвар имтиёзҳо дода шавад. Хуршеда Ҳамроҳқулова — раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Москва хоҳиш намуд, ки ба хотири рушди фарҳанг, нигоҳ доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ Маркази фарҳангиро бо бинои алоҳида таъмин намоянд. Ин имконият фароҳам меорад, ки забони тоҷикӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ ҳифз гарданд ва кӯдакони муҳоҷирони корӣ, ки дар мактабҳои Федератсияи Россия мехонанд, забони тоҷикиро дар марказ омӯзанд.
Имомхатиби маҳаллаи «Бутово», узви Шӯрои уламои муфтиёти шаҳри Москва Меликбой Зокиров мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, зикр кард, ки ибодат ва ба ҷо овардани расму оини динӣ бояд дар доираи мазҳаби аҷдодӣ сурат гиранд. Ӯ ҳозиринро ба канорагирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ даъват намуд.
Инчунин, бо даъвати раиси Маркази фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроҳқулова дар ҷамъомади намояндагони аҳли фарҳанги тоҷик дар шаҳри Москва, ки дар толори тарабхонаи «Я — Самарканд» баргузор гардид, иштирок кардем. Зимни он 65-70 нафар тоҷике, ки нисбатан пештар ба Россия рафтаанду дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, эҷод, меъморӣ ва иқтисод фаъолияти муваффақона доранд, ҷамъ омаданд. Суҳбат асосан дар атрофи аз нигоҳи фарҳангӣ ғанӣ гардонидани муҳити муҳоҷирони кории тоҷик сурат гирифт. Мо хоҳиш намудем, ки онҳо ба масъалаи роҳнамоии муҳоҷирон ва муаррифии шоистаи миллати тоҷик фаъолтар мусоидат намоянд. Аҳли зиё даъватро хуш пазируфтанд. Эҳсос мешуд, ки ба ояндаи неки кишвар ва миллати тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил доранд.
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳалли мушкилоту масоили кору рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ нақш дорад?
Б. САФАРЗОДА: — Сафорат дар ҳалли масоили марбут ба кору рӯзгори ҳамватанон дар доираи имконият саҳмгузор аст. Дар робита ба ин мавзӯъ ҳайати гурӯҳи корӣ, дар бинои сафорат бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомиддин Сатторов вохӯрӣ баргузор намуд. Сафир доир ба вазъи умумии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон, ҳаёти фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими фаъолият маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин, масъалаҳоеро ба миён гузошт, ки солҳо боз вуҷуд доранд, аммо ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, ташкили марказҳои фарҳангӣ. Барои ҳама рӯшан аст, ки марказҳои фарҳангии тоҷикон, пеш аз ҳама, метавонанд макони бузурги омӯзиш ва таблиғи фарҳанги миллӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик ва аъзои оилаи онҳо бошанд. Зеро фарзандони оилаҳои муҳоҷирони тоҷике, ки нисбатан пештар ба Федератсияи Россия рафтаанд, дар муҳити фарҳанги русӣ ва миллатҳои дигари муқими Россия таълим мегиранд. Аз ин хотир, зарур аст, ки марказҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Россия бо биноҳои алоҳида таъмин бошанд.
- То чӣ андоза сафар барои шумо фараҳбахшу хотирмон буд?
Ҳ. ХОЛИҚЗОДА: — Ростӣ, ҳама суҳбату вохӯриҳо фараҳбахшу хотирмон буданд. Вале вохӯриеро, ки дар Донишгоҳи таҳқиқоти геологии шаҳри Москва бо иқдоми директори Институти иқтисод ва идораи ин донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нуралӣ Қурбонов бо донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид, махсус қайд кардан зарур аст. Боиси ифтихор аст, ки Нуралӣ Қурбонов, хусусан, дар миёни аҳли маорифу илм, соҳиби обрӯву нуфузи хоса мебошад. Бо кӯшиши ӯ дар донишгоҳ зиёда аз 150 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил менамояд, ки ҳаққи таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия пардохт мешавад. Бо донишҷӯён, асосан дар атрофи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилу одобашон, суҳбат доштем. Хурсандибахш аст, ки онҳо қонунгузорӣ ва фарҳанги Федератсияи Россияро эҳтиром намуда, бо намояндагони миллатҳои дигар дӯсту бародар шудаанд ва баъди хатми донишгоҳ орзуи ба Ватан баргашта, кору фаъолият кардан доранд.
- Таваҷҷуҳи аҳли илми Федератсияи Россия ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ гуна аст?
Б. САФАРЗОДА: — Бо директори Институти проблемаҳои бозори Академияи илмҳои ФР, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АИ ФР В. Светков ва директори Институти сотсиология ва политологияи АИ ФР, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С. Рязансев мулоқот доштем. Ба он хотир, ки онҳо лоиҳаҳои байналмилалиро дар соҳаи муҳоҷират, демография ва бозори меҳнат анҷом медиҳанд ва хулосаҳои илмиашон ба лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби Шӯрои Федератсия, Думаи давлатӣ, Ҳукумати ФР ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамчун асос ба инобат гирифта мешавад. Ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки мавқеи ин сохторҳоро дар мавриди беҳтар кардани шароити будубош ва кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва умуман, муносибати байнидавлатӣ, устувор гардонем. Аз ҷониби ин ду сохтори АИ ФР иқдом хуш пазируфта шуд. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти институтҳо пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ оид ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо баргузор карда шавад, то ки мушкилоти мавҷудаи соҳа мавриди баррасии олимон ва вазорату идораҳои дахлдор қарор гирад. Қобили зикр аст, ки дар институтҳои илмиву таҳқиқотии бонуфузи зикршуда ҳамватанонамон низ ба сифати ходими илмӣ кору фаъолият доранд.
Аз фикру пешниҳодҳои ҷолибе, ки дар рафти мулоқотҳо садо доданд, метавон натиҷагирӣ кард, ки сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон батадриҷ ба пеш — баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ҳаракат дорад ва вазифаҳое, ки Президенти мамлакат дар Паём ҷиҳати дастёбӣ ба рушди устувори Тоҷикистон дар назди Ҳукумату ҷомеаи кишвар гузоштанд, рӯзмарраанд. Дар ҳар як ҷумлаи Паём эътимоди хеле қавии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дурустии роҳи интихобкардаи давлату миллати тоҷик, ки ҳадаф аз он истиқлолияти комили давлатӣ ва зиндагии шоиста барои сокинони кишвар аст, равшан эҳсос мешавад ва корҳои муҳимтарине, ки бояд ба анҷом расанд, амиқу мушаххас шарҳу эзоҳ ёфтаанд. Ба ин ҳадафҳо, чунонки Президент таъкид намуданд, танҳо дар натиҷаи ваҳдати миллӣ, заҳмати фидокорона ва кӯшиши якҷояи мардуми кишвар расидан мумкин аст. Эътимод ва такя ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла, ба муҳоҷирони кории тоҷик, меҳвари асосии паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин эътимоди қавӣ аст, ки Пешвои миллат ба ҳалли мушкилоти сангинтарин ҳам шубҳа надоранд.
Суҳбаторо Нӯъмон Низомӣ, «Садои мардум»