Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сил яке аз бемориҳои васеъ паҳншуда ба шумор рафта, дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион нафар ба он мубталоанд. Ҳар сол тақрибан се фоизи марг дар сайёра ба бемории сил рост меояд. Соли 1650 зиёда аз 20 фавти сокинони Англия ба ин беморӣ рост меомад. Микробиологи немис Роберт Кох 24 марти соли 1882 барангезандаи бемории сил – чӯбчамикроб (Mycobacterium tuberculosis)- ро кашф намуд, ки баъдан он ба номи ӯ гузошта шуд. Ба ин муносибат ҳар сол 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил қайд карда мешавад.
Ба шарофати гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ ва профилактикӣ сол то сол дар ҷаҳон марг аз бемории сил 3 фоиз ва теъдоди беморшудагон 2 фоиз кам шуда, аз се ду ҳиссаи гирифторшудагонро мардон ташкил медиҳанд.
Ҳар сол чорабинии мазкур зери шиори муайян баргузор мегардад. Соли 2018 Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил таҳти шиори «Диққат, ҷустуҷӯ! Барои наҷоти ҷаҳон аз сил пешвоёнро ҷустуҷӯ дорем» доир гашт. Он бо мақсади муттаҳидсозӣ ва ҷалби мансабдорон, депутатҳо, фаъолони ҷамъиятӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон баҳри аз байн бурдани бемории сил ироа шуд. Соли ҷорӣ чорабинӣ зери шиори «Акнун вақти амал аст» баргузор мегардад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар мамлакат нишондоди фавт ва гирифторӣ ба бемории сил кам шуда истодааст. Агар соли 2008 ба сад ҳазор нафар аҳолии кишвар 83,8 бемори сил рост омада бошад, соли 2018 ин рақам 56,2 нафарро ташкил дод. Соли 2007 ба сад ҳазор аҳолӣ 7 ҳодисаи фавт аз бемории сил рост меомад. Ин рақам соли 2018 ба 2,8 — 3 ҳодиса ба сад ҳазор нафар рост омад, ки ду баробар кам аст.
Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил татбиқ шуд. Айни замон фаъолият дар ин самт тибқи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020» дар сатҳи хубу сифати баланд ҷараён дорад. Мувофиқи он бояд то соли 2020 коэффитсиенти фавт аз бемории сил ҳадди ақал 30 фоиз, коэффитсиенти гирифторӣ ба беморӣ ҳадди ақал 20 ва ҳиссаи шакли мутобиқгаштаи сил миёни ҳолатҳои қаблан табобатшудаи бемории сил ҳадди ақал 25 фоиз коҳиш дода шавад.
-Яке аз вазифаҳои асосӣ таъмин намудани кумаки зарурии зиддисилӣ ба гурӯҳҳои таҳти хавфи зиёд қарордошта, махсусан маҳбусон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарикони рушд, аз қабили Хазинаи глобалӣ, Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бо бемории сил, лоиҳаҳои «ҲОУП», «Табибони бидуни марз» ва «Каритас Люксембург» ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосир ворид гардида, дар муассисаҳои табобатӣ насб шудаанд, — мегӯяд Аслиддин Раҷабзода.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор маркази вилоятӣ ва 66 маркази шаҳрию ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беморхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, чор беморхонаи вилоятӣ, 20 беморхонаи сатҳи ноҳиявию байниноҳиявӣ, як беморхонаи кӯдаконаи сил ва осоишгоҳи бачагона (дар мавзеи Қаратоғ) фаъолият мекунанд. Бо дастгирии молиявии Хазинаи глобалӣ 45 дастгоҳи молекулярию генетикии тезташхискунандаи бемории сил – «Gen Xpert» харидорӣ шуда, барои ташхиси бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он мавриди истифода қарор доранд. Соли сипаришуда бо мақсади беҳ гардонидани дарёфти саривақтии беморони сил дар миёни аҳолии осебпазир се нақлиёти сайёри флюорографии рақамӣ бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз харидорӣ шуд. Соҳаи зиддисилии мамлакат бо доруҳои зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва грантҳои бадастовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи глобалӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ таъмин мебошад.
Табиист, ки дар самти мубориза бо бемории сил баргузор кардани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ нақши муҳим мебозад. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон боиси пешгирӣ ва дарёфти саривақтию пурра ба табобат фаро гирифтани беморон мегардад.
- Сил бемории сироятӣ буда, манбаи асосӣ шахси бемории сили шушдошта мебошад. Бемор ҳангоми атса, сулфа ва ё туф кардани балғам ва ҳатто гап задан чӯбчамикробро ба атроф хориҷ мекунад. Шахси солим аз ин ҳаво нафас кашида, сироят меёбад. Бемори микробхориҷкунанда метавонад 10- 15 нафарро сироят кунад, — мегӯяд табиби бемориҳои сили Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Тоҷиддин Касиров.
Ба гуфти ӯ, сулфаи давомнокиаш зиёда аз ду ҳафта, камшавии вазн, заифии бадан (бемадорӣ), таби на он қадар баланд (то 37,9 дараҷа), арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, дарди қафаси сина ва хунтуфкунӣ нишонаҳои бемории сил мебошанд. Ҳангоми мушоҳида кардани нишонаҳои зикршуда зуд ба муассисаи тиббии наздиктарин муроҷиат карда, беморро барои супоридани ташхиси балғам фиристодан ҳатмист. Бояд донист, ки ташхиси балғам ройгон гузаронида мешавад. Ҳангоми вуҷуд доштани нишонаҳои монанд ба бемории сил ва натиҷаи манфии ташхиси балғам аз муоинаи рентгенӣ (флюорографӣ) гузаштан зарур аст.
- Табобати бемории сил махсусиятҳои худро дорад, — мегӯяд мудири шуъбаи мониторинг ва арзёбии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Маҳбуба Шарифова. – Муҳлати камтарини табобат на камтар аз шаш моҳро дар бар мегирад. Муолиҷа аз ду давра иборат буда, давраи аввал «шиддатнок» ном дорад. Дар он бемор ҳар рӯз 4- 5 номгӯй доруҳои зиддисилӣ қабул мекунад. Беморон дар ин давра дар беморхонаҳои зиддисилӣ бистарӣ мешаванд. Ин давра вобаста ба ҳолати бемор ва муддати микробхориҷкунӣ аз 2 то 4 моҳ давом мекунад. Ҳангоми аз беморхона ҷавоб шудан микробхориҷкунии бемор қатъ гардида, ӯ дигар барои атрофиён хатарнок нест.
Давраи дуюм «кумакрасон» ном дошта, аз 4 то 7 моҳ давом мекунад. Ин давра бемор дар як ҳафта шаш маротиба (душанбе — шанбе) 2 ё 3 намуд дору қабул мекунад. Дар ҳар ду давраи табобат бемор доруҳоро зери назорати корманди тиб мегирад.
- Ҳоло муҳим аст, ки бемор реҷа ва муҳлати табобати таъиншударо пурра риоя намояд. Агар бемор баъд аз гум шудани нишонаҳои беморӣ ва беҳтар гаштани саломатӣ, табобатро худсарона қатъ намояд ё дар табобат танаффус намояд, хавфи пайдоиши шакли мутобиқгаштаи сил зиёд мегардад. Ин шакли бемориро муолиҷа кардан мумкин аст, лекин табобат дарозмуддат буда, то ду сол давом мекунад. Аз ин рӯ, риояи тавсияҳои духтур, бетанаффус қабул намудани доруҳои зиддисилӣ, баррасии мушкилот зимни истеъмоли доруҳои зиддисилӣ бо духтур, истеъмоли хӯрокҳои серғизою сервитамин ба пурра шифоёбии бемор мусоидат мекунанд, — мегӯяд Маҳбуба Шарифова.
Ба гуфти муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Бобоҷон Пирмаҳмадзода, алҳол бо дастгирии соҳибкорони алоҳида ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба беморони сил дастгириҳои иҷтимоӣ, аз қабили озуқаворӣ, озод кардани беморон аз супоридани андозҳои иҷтимоӣ ва ғайра роиҷ аст. Аз моҳи апрели соли 2018 зиёда аз 500 бемори нав бақайдгирифтаи шакли мутобиқгаштаи сил аз ҳисоби гранти Хазинаи глобалӣ тавассути кортҳои шахсӣ ҳар моҳ 295 — 315 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.
- Алҳол дар ҷумҳурӣ норасоии табибони силшинос 50 фоизро ташкил медиҳад, — мегӯяд Бобоҷон Пирмаҳмадзода. — На танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар дигар кишварҳо низ мушкилии норасоии кадрҳо дар ин самт ба мушоҳида мерасад. Яке аз сабабҳои ба ин соҳа кам майл доштани мутахассисони ҷавон кам будани дастгирии иҷтимоӣ мебошад. Хушбахтона, 29 декабри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил бевосита иштирок менамоянд, ба имзо расид. Умед аст, ки ин иқдом мутахассисони ҷавонро дилгарм намуда, онҳоро водор месозад, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монанд.
Номзади илмҳои тиб, Саидҷон Нодирӣ мегӯяд, ки сил бемории ирсӣ нест, вале баъзеҳо то ҳол онро ҳамчун бемории даҳшатноку доғовар пиндошта, сари вақт ба табибон муроҷиат намекунанд. Бо чунин ақидаи хато беморӣ куҳна, табобаташ мушкил ва боиси сироятёбии атрофиён мегардад. Ҳол он ки дар сурати сари вақт муайян намудани беморӣ ва дар асоси фармудаи духтур бетанаффус табобат гирифтан, сил пурра табобат мешавад.
Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз соли 2000 дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак 54 миллион гирифтори бемории сил шифо ёфтанд. Аз ин рӯ, дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил созмони зикршуда бо Хазинаи глобалӣ ташаббуси наверо бо номи «Муайян кардан, муолиҷа намудан ва аз байн бурдани бемории сил» оғоз намуда, собит карданианд, ки бо кӯшишу мадади ҳамдигар метавон бемориро аз байн бурд.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»