Барқияи тасаллият

№30 (3980) 19.03.2019

15 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Бо камоли андуҳ ва нафрати беандоза хабари амали террористиро дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав, ки муҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрванд гардид, дарёфт намудам.

Ин ҳодисаи фоҷиабор бори дигар воқеияти аслии терроризмро нишон медиҳад, ки ба ягон дин, миллат ва қавм рабте надорад ва зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Зеландияи Нав ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем».

www.president.tj