Се пири рӯзгордида аз баргузории иди Наврӯз дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз нақл мекунанд:
-Солҳои чилу панҷоҳуми асри гузашта, — нақл мекунад Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ризвоншоҳ Иҳмолшоев — сокини деҳаи Ёгеди ҷамоати деҳоти «Нулванд»-и ноҳияи Дарвоз, — ҷавон будам, вале дар ёдам хуб нақш бастааст, ки дар деҳаҳои Шкеву Нулванд, Пунишор ва Хоставу Зиғар, Жаку Марғ ҳанӯз роҳи мошингард набуд. Ба ягона мағозае, ки дар як бинои куҳнаву фарсуда ҷойгир буд, аз Қалъаи Хумб бо маркабҳо хӯрокворӣ ва молҳои рӯзгор меоварданд ва на ҳама имкони харидории онҳоро доштанд.
Сокинони деҳаҳои зикршуда ба нодорӣ нигоҳ накарда, аз фасли зимистон ба истиқболи ҷашни Наврӯз омодагӣ медиданд. Ҷавонон аз тариқи роҳҳои нахчиргузари Дарвоз ва оврингҳои пурхавфи Девдара гузашта, дар Кӯлобу Душанбе, Ҳисору дигар минтақаҳо кор мекарданд. Аз он ҷо гандуму ҷав ва маҳсулоти дигари заруриро пуштора карда меоварданд, то ки иди бостониро боназокаттар таҷлил намоянд.
Занони сариштакор дар ганҷурҳо, дур аз чашми хурдсолон туту мавиз, тутпуст, зардолуву себпораҳоро то айёми наврӯзӣ нигоҳ медоштанд.
Ба қавли устоди зиндаёд Муъмин Қаноат:
Гар муранд аз гушнагӣ, ҳиссаи Наврӯзро, то ид пинҳон доштанд,
Ҳурмати иди бузургон бар дилу ҷон доштанд, буд ин расми падар.
Маросими идона дар канори деҳа, дар соҳили дарёчаи кӯҳии Пшогед мегузашт. Аловпарак, саҳначаҳои мардумӣ ва суруду мусиқӣ ҷузъе аз ин маросим буданд.
Ризвоншоҳ Иҳмолшоев аз он шукргузорӣ менамояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостониро на танҳо аз сари нав эҳё, балки онро ҷаҳонӣ намудаанд.
Сокини деҳаи Убари даргови ноҳияи Ванҷ Иқбол Нағзибеков нақл кард, ки соли 1939 дар кумитаи иҷроияи ноҳия масъули соҳаи роҳсозӣ ва савдо буд.
Ҳамон сол бориши барфу борон то аввалҳои моҳи март идома ёфт ва масъулин натавонистанд аз шаҳри Хоруғ маҳсулоти заруриро ба ноҳия оранд. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада масъулини ноҳия аспҳои худро ба ихтиёри кормандони соҳаи маҳсулоттайёркунӣ доданд. Ба Иқбол Нағзибеков ва дигар кормандон муяссар мешавад, ки таъҷилан маҳсулоти барои ҷашн пешбинишударо аз Хоруғ ба Ванҷ расонанд.
Ҳодисаи дигаре, ки дар хотири амаки Иқбол нақш бастааст, ба сохтмони роҳи Помир рабт дорад. — Соли 1940, дар остонаи иди Наврӯз дар овринги Каведаи наздикии деҳаи Даштак бештар аз сад сокини Ванҷ роҳ месохтанд. Шомгоҳ гурӯҳи ҳунармандон дар ҳайати Абдураҳимбек Ёров, Пир Садиров, Иброҳим Кобулиев, Шумқор Одинабеков, Сайдалӣ Алиев бо роҳбарии сарояндаи маҳбуби халқ Акашариф Ҷӯраев ба назди роҳсозон омада, базми наврӯзӣ доир карданд, — дафтари хотироташро варақгардон намуд номбурда.
- Солҳои чилуми асри гузашта раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ будам, — нақл мекард мӯйсафеди 95 — сола Имат Бачабеков. — Ин даврае буд, ки роҳбарони аввали ноҳияҳо кадрҳои маҳаллӣ таъин мешуданд. Соли 1956 ба вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ марди ташаббускор ва ғамхор Сайфиддин Раҷабов таъин гардид.
Сарвари ноҳия таъкид мекард, ки дар амбори колхозҳо ва ҷамъияти матлубот хӯроквориро захира намоем. Дар арафаи иди Наврӯз бо ягона мошини «ЗИС — 5»-и идораи савдо хӯроквории захиракардаамонро бо роҳи навбунёд ба деҳоти дури водиҳои Ванҷи боло ва Язгулом мебурдем.
Ҳамон солҳо дар пойдомани пиряхҳои Федченко ва Хирсон корҳои кашшофӣ — геологӣ гузаронида мешуд. Чандин гурӯҳҳои геологӣ дар водиҳои Ванҷи боло ва Язгулом кор мекарданд. Дар ҷашнҳои наврӯзӣ масъулин ба назди онҳо рафта, туҳфаҳои хоксорона месупориданд.
Дар фарҷом ҳамсуҳбатонамон аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни фархунда бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба замони пеш бошукӯҳтар таҷлил мешавад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР рӯзноманигор