Наврӯзи Рӯшон нисбат ба дигар идҳо ҷойгоҳи хоса дошта, аз қадим дар панҷ марҳила қайд мешавад. Боиси ифтихор аст, ки рӯшониён расму русуми наврӯзиро то ба ҳол нигоҳ доштаанд.
Маросими нахустин ҷашни Офтоб аст, ки ба 30-31 январ рост меояд. Мувофиқи тақвими хуршед, дар ин вақт офтоб аз бурҷи чилаи зимистон берун меояд.
Рӯзи ид соҳибхоназан аз ганҷур дар коса орд гирифта, бо дуои «Бисмиллоҳир-раҳмонирраҳим, Шогун баҳор муборак!» ба хона медарояд ва ба ҳар сутуни хона чун рамзи тоза шудани хона аз неруҳои аҳриманӣ, орд мепошад. Аз орду равған бо омехтаи шир хамлапа, як навъи чалпак, мепазад ва онро бо ҳамсояҳо бо ҳам мебинанд. Чун аҳли хонавода сари ғизо ҷамъ меоянд, бо «Дуои биёмурзиш»: «биёмурзида падар, биёмурзида модар, биёмурзида ҷамъи арвоҳи калонон ва осудагон, биёмурзида бошед. Аз моён ёд ва аз шумоён қуввату мадад» гузаштагонро ёд мекунанд. Сари дастархон ҳар кас андеша мекунад, ки дар давоми сол кадом амали хубро ба хотири шод намудани арвоҳи гузаштагон анҷом додааст ва бояд кадом кори хайрро анҷом диҳад.
Кочӣ, ки аз орду равған ва шир пухта мешавад, яке аз таомҳои ҳатмии ҷашнист. Хабаргирии хешу табор ва ашхоси ниёзманд низ дар ин рӯз ба ҷой оварда мешавад. Шоми аҳли деҳаро маҳфили фарҳангӣ бо дафсоз ва қиссахонӣ гарм месозад.
Батайём — маросими дигари омодагӣ ба Наврӯз аст, ки дар давоми се рӯз — 18-21 феврал таҷлил мегардад. Рӯзи аввали он ба чоршанбеи далв, ки муваккали фариштаи борон аст, рост омада, мардум хонаҳоро бо гаҷ сафед мекунанд, вале дар баъзе маҳалҳои дурдаст барои ин кор хоки сафедро истифода мебаранд. Дар ин рӯз маросими махсуси хокрезӣ низ вуҷуд дошт. Марди хона кулчаҳои табаррукӣ дар бағал ва сабад дар пушт ба теппа рафта, аз он ҷо хоки сафед меорад ва бо он хонаро сафед мекунанду муште аз онро барои афзун шудани баракат ба қитъаи замин мепошанд.
Маросими хонатаконӣ ва хонагаштаки бачаҳои хурдсол, ки аз равзани хона шоландозӣ намуда, савғотии наврӯзӣ талаб мекунанд, дар Рӯшон дар мавсими Батайём баргузор мешавад. Дар Шуғнону Ишкошим ва Роштқалъа бошад, ин маросим дар Хидирайём ё Иди бузурги сари сол — 21-22 март гузаронида мешавад.
Тухмбарорӣ маросими савуми наврӯзии сокинони ноҳияи Рӯшон аст. Он ба хотири баракату ҳосили фаровон дар соли нав гузаронида мешавад. Шахси калонсол дар табақ ду қумоч — нони идонае, ки болои лахчаҳои хокистари танӯр пухта мешавад, ду дона нони чангмол — ноне, ки бо ангуштон рӯяшон нақшҳо гузошта шудааст ва кулчае, ки аз рӯйи шакл ба забони барзагов монанд аст, косаи гандум ва зоғнул ё испори хурдакакро гирифта, ба сари замин мераванд. Дар замин ҷӯяк кашида, бо дуои «Ё Бобои Деҳқон, як донаи моро ҳазору аз ҳазор бешумор, каҳ андаку дона фаровон бикун. Ризқу рӯзии ҳалол насиб шавад. Омин» донаҳои гандумро ба замин мепошанд.
Пеш аз Наврӯзи бузург ҷашни дигарест, ки онро Чоршанбесурак меноманд. Маросим шаби чоршанбеи охири моҳи сафар ба ҷо оварда мешавад. Хурду бузург ресмони сурх ба гардан меовезанд ва аз болои гулхан, ки дар мобайни деҳа афрӯхта мешавад, бо нидоҳои «балоҳо рад» меҷаҳанд. Ин маросим, ки балогардон ном дорад, айни ҳол фақат дар деҳоти дурдаст боқӣ монда, моҳияти он покшавӣ аз гуноҳ ва пешгирии балоҳост.
Панҷумин маросим фарорасии Наврӯз аст, ки дар Рӯшон онро Гъамунд ном мебаранд. Ба гуфти пирони рӯзгордида, агар Сада ҷашни офтоб бошад, Наврӯз ҷашни замин аст ва вожаи Гъамунд заминро ифода мекунад.
Гъамунд ё жимандич аз ду рӯз иборат буда, 21-22 март ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи аввали он маросими Боғнихътайд ё Сайри боғ ва Остоннихътайд ё Сайри мазор мегузарад. Аз сето нони махсуси ба ин муносибат пухташуда, кадхудои хона дутои онро болои табақ гузошта, ба назди боғ ё остон мебарад ва шахсони дучоромадаро ба тановул даъват менамояд. Остонро зиёрат намуда, ба хотири ҳосили фаровон боғро аз шохаҳои шикаста тоза мекунаду даричаи онро мебандад, то ҳайвонот ба дарахтон зарар нарасонанд.
Рӯзи дувуми Гъамунд аз барномаи фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла, гӯштингирӣ иборат буда, дар давоми рӯз мардум ба муборакбодии хешу табор ба хонаҳои ҳамдигар мераванд. Наврӯз ҷашни офтобу замин аст ва бонувон бо пошида шудани нурҳои офтоб бо садои даф, ки мисли офтоб ва замин шакли гирд дорад, ба мардум муждаи наврӯзӣ мерасонанд.
Дар маҷмӯъ, Рӯшон ноҳияе мебошад, ки анъанаҳои бостонии наврӯзӣ бештар аз минтақаҳои дигари Бадахшон дар ин ҷо боқӣ мондаанд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ. «Садои мардум»