Наврӯз таваллуде дигар аст

№31 (3981) 21.03.2019

АНГОРА

728096861Сармо ва тӯфони сахте пайкари Эронвиҷро карахту беҷон карда буд. Торикӣ навҳа мекашид. Одамизод аз тарс дам фурӯ баста буд. Он гоҳ муъҷизае рух дод. Пешонаи рӯзи нав намудор гашт. Хуршеди рӯи устуво тулӯъ кард. Торикӣ аз ҳам пошид. Ҷину шаётин дар шуълаҳои хуршед сӯхтанд. Пайкари замин гарм шуд. Ҷавонаҳо сар оварданд, гулҳо шукуфтанд, майсаҳо ба рақс даромаданд. Одамон табли шодӣ заданд. Зиндагӣ рангин шуд. Рангинкамони наврӯзӣ ба ҷилва омад.

 ТУЛӮЪ АЗ ХУД

Ҳадиси Наврӯз оғоз гашт. Пайкари мурдаи замин зинда шуд. Замин дар худ ҷӯшид. Чашмаҳо мижгон бардоштанд. Рӯдҳо ба ғалаён омаданд. Оғоз гашт таваллуде дигар.

Наврӯз воқеан ҳам ба маънии эҳёст, ба маънии бедорие дигар, дар худ зинда шудан, аз худ рӯидан аст. Ниёкон эҳёи дигарбораи зиндагиро дар замин ва кайҳон ҳис карданд. Онҳо ин таваллуди зебо, вале пур аз дардро диданду шинохтанд. Ҳамин шинохт ё фаҳм ба онон имкон дод, ки ҷаҳонбинии худро созанд, якҷоя бо табиат ҳулул кунанд.

Ҷамшед, ки сарвари онҳо буд, бо нури хирад бедор гашт. Ҷин ва шаётинро тобеи худ сохт. «Ҷамшед гардунае сохту дар он нишаст ва ҷиниёну шаётин ӯро аз роҳи ҳаво дар як рӯз аз Дамованд ба Бобул бурданд. Мардум бо дидани ин ҳол шигифтзада шуданд… Нуре аз тахти зарандуди Ҷамшед метофт, ки чашмҳоро хира месохт… Он рӯзро ҷашн гирифтанд».

Инсон ба рӯзи нав расид, рӯзе, ки кӣ будани худро шинохт, рисолаташро дарк кард. Аммо барои расидан ба ин худшиносӣ ранҷи зиёде кашид. Ранҷҳои кашидааш дар ниёишҳояш ифода меёфтанд. Замин, осмону ситорагон аз садои дили фарзандони Одам пур шуда буд.

АНГОРА

Рӯзи аввали фарвардинмоҳ. Рӯзе пур аз баҳор, пур аз пайғоми ишқу зиндагӣ. Рӯзе, ки Худованд ҳафт ахтарро ба гардиш овард ва Одамро халқ кард. Дар он рӯз Сулаймон соҳиби ангуштарин шуд ва Ҷамшед ба доди мардум расиду аз Наврӯз пайғом овард.

 ТУЛӯИ ДОНИШ

Муҳимтарин сармояи башар дониш аст. Нақлу ривоят ва таърихи пайдоиши Наврӯз ин ҳақиқатро ошкор месозад, ки ниёкон дар даврони қадим барои касби дониш талош варзиданд ва онро аз таҷрибаи зиндагӣ ва гардиши айёму моҳу ситорагон ба даст оварданд. Фаҳму идроки онон бамаротиб боло рафт. Одамон аввал ҳастии худро дарк сохтанд, сипас муҳити атрофро шинохтанд, некиву бадиро аз ҳам фарқ карданд, он гоҳ ба Худо расиданд.

Имрӯз, ба назари мо, гузаштагони дурамон одамони содаву дур аз тамаддун метобанд. Дар ҳоле ки ин андеша аз бунёд ғалат аст. Ҳамонҳо буданд, ки нахустин чароғи маърифатро афрӯхтанд, Наврӯзро шинохтанд, ҳамон Наврӯзе, ки то имрӯз ҷашн мегирему боифтихор мегӯем чунин ид дорем. Ин ҷашн аслан бар пояи хирад ва дониши гузаштагони бостониамон ба вуҷуд омадааст.

Ҷашни Наврӯз аз лаҳзаи эътидоли баҳорӣ оғоз мешавад. Эътидоли баҳорӣ дар илми ситорашиносӣ ба лаҳзае гуфта мешавад, ки хуршед аз хатти устуво мегузарад ва ба сӯи шимоли осмон меравад. Офтоб дар бурҷи Ҳамал  қарор мегирад. Он лаҳза дар тақвими ҳиҷрии хуршедӣ ба нахустин рӯз – Ҳурмуздрӯзи моҳи фарвардин баробар аст.

Аз ин бармеояд, ки ниёкон ин гардиш ва лаҳзаи эътидоли баҳориро медонистанд ва ба қад­ри тавон аз донишҳои ситорашиносӣ бархӯрдор буданд. Ба ҷуз ин бо Наврӯз ҳувияти хешро ошкор месохтанд.  Ҳам бадан ҳам афкорашонро ба сӯи покӣ савқ медоданд. Онҳо медонистанд, ки замину об поканд ва нопокиро аз худ дур месозанд. Яъне, онҳо худро як ҷузъи ҷудонашавандаи табиат медонистанд. Ин ҳамоҳангӣ ба зиндагии онҳо нури донишро меовард. Хок, бод, об ва оташ чор унсури муқаддас ба ҳисоб мерафтанд. Олуда сохтани онҳо бузургтарин ҷурм маҳсуб мешуд. Аз ин ҷост, ки онҳо ҳамроҳи табиат дар Наврӯз дубора эҳё мешуданд ва ин таваллуди дигарро дар гӯшту пӯсту ҷон ҳис менамуданд.

 АНГОРА

Моҳи фарвардин моҳи фуруҳарҳост. Фуруҳар неруи ғайримоддӣ дар вуҷуди инсон аст, ки пеш аз офарида шудани дунёи моддӣ дар олами минуӣ ба вуҷуд омадааст. Вақте инсон мемирад, фуруҳар дубора ба ҷои нахустини худ бозмегардад. Ниёкон танҳо қаҳрамононро фуруҳар медонистанд, баъд парҳезкоронро низ аз ин неъмат бархӯрдор сохтанд.

Онҳо соле як бор барои дидани бозмондагон ба хонаҳояшон меоянд. Агар хонаҳояшонро поку дурахшон бинанд, фурудашон боиси хайру баракат мегардад. Агар хонаро дарҳаму ошуфта бинанд, барои онҳо дуои баракат нахоҳанд кард.

 ҲУЛУЛИ ФУРУҲАР БО ТУЛӮИ НАВРӮЗ

Ниёкон дониш ва хиради хешро мерос гузоштанд. Наврӯз ҳам маҳсули хирад ва худафрӯзиҳои онон аст. Шояд ҳар сол дар Наврӯз фуруҳари онҳо барои дидани мо меоянд. Ниёкон дидан мехоҳанд, ки оё мо хонаи зеҳну идрокамонро таъмир кардаем? Наврӯз таваллуди рустанҳову шукуфтанҳо будааст ё не? То чӣ андоза донишпажӯҳу хирадсолорем? Дунёи ботину зоҳирамонро бо офтоби ростиву покӣ равшанӣ бахшидаем ё не? Бадиҳоро аз худ рондаем ё гирифторем?..

Ин суолҳоест, ки бояд аз худ бипурсем. Моҳияти инсон будан аз мо тақозо дорад, ки ҳар субҳ худро дубора эҳё созем. Наврӯз дар худафрӯзиву худсозиҳо хулоса мешавад.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ барҳақ мефармояд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сарукоре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Бедор будан, зеҳнро пайваста варзиш додан, содиқонаву пок зистан ба Наврӯз расидан аст. Нав­рӯз ишқ аст, дил бояд зинда ба ишқ бошад. Зиндагии беҳуда оқибат надорад.

Фуруҳари ниёконро аз худ розӣ нигаҳ дорем, то ба зиндагӣ хайру баракат ояд.

Эй бародар, ман туро аз зиндагӣ додам нишон,

Хобро марги сабук дон, маргро хоби гарон.

ВОРИС, «Садои мардум»