Бистуми марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев, ки аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба истеъфо рафт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли самимият сипоси хешро ба Нурсултон Назарбоев барои ҳамкории самараноки чандинсола иброз намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки Пешвои Қазоқистон фаъолияти созандаи худро дар арсаи сиёсат ба нафъи мардуми бародари Қазоқистон ва тамоми минтақа идома хоҳад дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон саҳми Нурсултон Назарбоевро дар раванди ба роҳ мондану густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ намуданд.
- Ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шумо муносибатҳои байнидавлатии мо ҳамеша дар ҷараёни рушди босуръат қарор доштанд ва хурсандибахш аст, ки ҳамкориҳои мо имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд, — таъкид карданд Президенти Тоҷикистон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро ҷиҳати идомаи ҳамкории минбаъда бо ӯ дар чунин рӯҳияи созандагӣ иброз доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, қайд намуданд, ки аз дидори Нурсултон Назарбоев — дӯсти боэътимоду бародари худ дар Тоҷикистон ҳамеша хушнуд хоҳанд буд.
Бисту дуюми марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Касим-Жомарт Токаев, ки зимоми иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба уҳда гирифт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Касим-Жомарт Токаевро ба ин муносибат сидқан табрику муборакбод карда, ба ӯ фаъолияти самарабахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ бар нафъи шукуфоиву пешрафти минбаъдаи Қазоқистони дӯст орзу намуданд.
Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар ҳама арсаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Пешвои миллат ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талоши муштараки минбаъда ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо мубодилаи табрикотро ба муносибати иди хуҷастапайи Наврӯз, ки саршори анъанаҳои созандаи дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар мебошад, анҷом доданд.
www.president.tj