аз 10 апрели соли 2019, №148, ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН