7 апрел оё хизматрасонии ройгони тиббӣ ба ҳама дастрас буд?

№41 (3991) 13.04.2019

МедпомошАз соли 1950 7 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ таҷлил гардида, дар аксар кишварҳо чорабиниҳои маърифатӣ — иттилоотӣ баргузор ва ташхису муоинаи ройгон гузаронида мешавад. Аз ҷумла, шашуми апрели соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ин сана чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд. Дар он аз соати 7- и субҳ академику профессорон ва мутахассисони муассисаҳои зертобеи вазорат муоинаю ташхиси ройгони шаҳрвандонро ба роҳ монданд.

Шаҳрвандони зиёде аз манотиқи гуногуни кишвар дар ғурфаҳои Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, КВД «Маркази тибби халқӣ», МД «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои урологӣ» ва ғайра аз олимони собиқадору мутахассисони дараҷаи олӣ тавсияҳои муфид гирифтанд. Ба ширкаткунандагон бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ буклету варақаҳои иттилоотӣ, маҷаллаи «Даво» ва рӯзномаи «Паёми шифо» тақсим карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ, инчунин намоиш ва фурӯши доруҳои истеҳсоли ватанию хориҷӣ баргузор гардид.

- Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол зери шиори махсус доир мегардад. Масалан, соли 2013 он ба муолиҷаи  фишорбаландӣ, соли 2016 ба бемории диабет ва соли 2017 ба афсурдаҳолӣ (депрессия) бахшида шуд. Соли равон зери шиори «Фарогирии умумӣ ба  хизматрасонии тиббӣ» доир гардид, — гуфт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуддин Камолзода.

Ӯ, инчунин зикр кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба минтақаҳои мамлакат «Корвони саломатӣ» ташкил шуда, зиёда аз 100 мутахассис ба мардум ройгон хизмат мерасонанд.

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор  Марте Эверард иброз намуд, ки баҳри ҳар чӣ бештар дар мавзеи  истиқоматӣ гирифтани кумаки тиббӣ бояд низоми хизматрасонии аввалияи тиббӣ- санитарӣ устувор карда шавад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»