Чунин ном дорад китоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторҳои илмҳои ҳуқуқ, профессорон Ҷӯрахон Маҷидзода, Абдураҳим Холиқзода ва номзади илмҳои ҳуқуқ, адабиётшинос Рамазон Одиназода, ки нашриёти «Маориф» аз чоп баровард.
Дар он, ки ба таърихи ташаккул ва рушди амнияти иттилоотӣ бахшида шудааст, асосҳои назариявӣ ва амалии мубориза бар зидди ҷинояти марбут ба амнияти иттилоотӣ дар шароити муосир таҳлил гардидаанд.
Китоб, ки бо истифода аз афкори мутафаккирони пешин, вазъияти воқеии фазои иттилоотии ҷаҳон, мавзӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ватанӣ, таҷрибаи амалии кормандони воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ омода гардидааст, барои ҳуқуқшиносон, кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, курсантону шунавандагони муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мақомоти қудратӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки нисбат ба фазои иттилоотии кишвар бетараф нестанд, аз манфиати холӣ нахоҳад буд.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»