- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва эҳтиёҷи махсуси кӯҳистонро ба эътибор гирифта, имсол Квотаи президентиро барои ВМКБ ду маротиба зиёд намуданд ва шумораи он ба 244 адад расид, — изҳор намуд муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов.
- Афзудани шумораи Квотаи президентӣ масъулияти мақомоти дахлдорро низ дучанд месозад, яъне тақсимоти квота ба донишгоҳҳои олӣ бояд шаффоф ва одилона сурат гирад, набояд гузошт, ки шахсони тасодуфӣ, камсавод ба он соҳиб гарданд, — таъкид кард раиси вилоят.
Ҳамчунин зикр кард, ки мардуми ВМКБ барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»