Инсон аз рӯзе, ки халқ шудааст, дар суроғи озодӣ мебошад. Ин ҷустуҷӯ гоҳе ба он овардааст, ки ӯ иродаи худро фарқ кунад ва барои татбиқи он талош варзад, гоҳи дигар боис гардидааст, то инсон бо дин, давлат, ҳатто бо урфу одатҳои хеш муқобил барояд.
Воқеан, фаҳмиши озодӣ дар ҷомеаҳои капиталистӣ дигар хел талаққӣ дода шудаасту дар ҷомеаҳои сотсиалистӣ (коммунистӣ) дигар. Дар замони ҳозира низ озодиро ҳар кас ба ҳар навъе мефаҳмад ва мантиқу фаҳмишу биниши ҷомеа бештар рӯи ҳис, ҳавову ҳавас ва айшпараст шудани инсонҳо шакл дода мешавад. Ҳамроҳ бо ин фаҳмиш (озодӣ, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ва айшпараст шудани инсонҳо) пайдо шудани як қатор ногувориву зиштиҳо ногузир буд, ки пеш омад. Дар ин давра муносибат бо дин ранги дигар гирифта, барои иддае андешаи миллӣ бо фисқу фуҷур ҳамвазн шуд, таърих ва ҳодисаҳои таърихӣ низ ба таври гуногун тавзеҳ ёфтанд. Иқтисод ва сиёсат бар фавқи ҳамаи арзишҳои дигари инсонӣ гузашт ва инсон чун як мавҷуди (ҳайвони) истеъмолкунанда маънидод гардид.
Дар ин миён воситаҳои тарғибгарӣ – телевизион, синамо, адабиёт ва ҳоло интернет зебоиву зиштиҳои (зиштиҳо бештар) маданиятҳоро ба ҳама қишри ҷомеа ба таври мукаммал намоиш дода, дунёи афсункунандаи душманонро дониста ё надониста тавре нишон медиҳанд, ки мо онҳоро ҳамчун як пораи ҳаёти худ қабул кардаем. Ин, мутаассифона, бо номи озодӣ анҷом мешавад ва моро, бо вуҷуди таъриху фарҳанги миллӣ доштанамон, ба як гирдоби бегонашавӣ афкандааст. Ба ҳадде ки нисбат ба арзишҳои таърихӣ, маънавиёт ва тамаддуни худ бегонавор муносибат дорем. Озодӣ гуфта, имрӯз чунон шудем, ки ҳатто ҳамсояи паҳлуямон чӣ ҳол дорад, барои мо фарқ надорад, вале бароямон мароқовар аст, ки дар Амрико, Аврупо ё кадом гӯшаи дигари дунё чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст. Дар ин таваҷҷуҳу алоқамандӣ ба мамолики дигар зиштиҳову номатлубиҳои рафтору муносибати ононро мушоҳида карда, ноаён ба худ гирифтаем. Ин ҳолат имрӯз аксариятро фаро гирифтааст ва берун шудан аз ин варта мисле, ки номумкин менамояд.
Бешубҳа, он чи ки дар ин аср мо ва ҷомеаи моро фаро гирифтааст, бамаротиб бештар аз ҳамин навъ ноҷуриҳои асрҳои пешин аст. Таассуфовар аст, ки озодӣ гуфта урфу одат ва арзишҳои худиро тамоман пушти дар кардем ва ҷомеаро ба як водии бекас (озод) табдил додем. Ҳоло ба ҷои эътиқоду бовар ба рӯҳи мо куфру илҳод раҳ ёфта, дар ҳама ҷо шаккокӣ ҳамчун як ақидаи халосгар истиқбол мешавад. Ҳаёти маънавӣ заиф гардонида шуда, ҷои он гӯё дар ҳама бахш барои парвариши насли танпарвару дағал талош сурат мегирад. Яъне, нафсоният боло гирифт ва насле пайдо шуд, ки не аз машруботу мухаддирот рӯ мегардонад, не аз дигар моддаҳои инсонкуш.
Озодӣ гуфта, ҳаёти маҳрамона низ чунон ба маърази ҳама гузошта шуд, ки ҳатто қалбҳои поку аз гуноҳ дуриҷӯяндаро ҳам аз по даровард. Маълум, ки ин ҳама аз фаҳмиши нодурусти озодӣ маншаъ мегирад ва то даме ки ин равиш идома меёбад, мо аз суиистеъмоли озодӣ даст намекашем, чорчӯба ва меъёри аслии шинохти онро муайян намекунем, талафоти зиёд дода, ба тахриботи моддиву маънавӣ гирифтор мешавем. Дар натиҷа, қомат рост кардан мушкил мегардад ва аз ин озодии бемеъёр бештар аз ҳама ҷавонон азият мекашанд. Пас, ҷавононро, ки ҳоло огоҳона ё надониста, баъзе амалҳои ноҷову зиштро дар либоси озодӣ анҷом медиҳанд, зарур аст, ки бодиққат бошанд, шинохти дурусти онро барои худ муайян кунанд. Зеро озодӣ не фисқу фуҷур асту не ҳаромхӯриву анҷоми дигар амалҳои зишт.
Башир УСМОН, журналист