Роза Отунбоева: «Тоҷикон зотан миллати шеърпарвар ва зебопараст мебошанд»

№42 (3992) 16.04.2019

393d8126779993b26b63456083827ee3«Миллати тоҷик табиатан ва зотан ба зебоиву сухани воло арҷ мегузорад ва осори адибону орифонаш мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад», — изҳор доштааст собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева дар доираи баргузории ҷашнвораи «Роҳи бузурги абрешим», ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо ибтикори Фонди байналмилалии «Ташаббуси Роза Отунбоева» даҳаи аввали моҳи равон дар бинои Осорхонаи ҳунарҳои наққошии Ҷумҳурии Қирғизистон ҷашнвораи «Роҳи бузурги абрешим» ба кор оғоз кард, ки ҳамин шабурӯз ба унвони ҳодисаи нодир ва ҷолиби фарҳангӣ дар ҷумҳурии ҳамсоя арзёбӣ мегардад. Дар он намояндагони сафоратхонаҳои 15 кишвари ҳавзаи «Роҳи бузурги абрешим» ширкат намуда, гӯшаҳои махсус барои тамошо таъсис намуданд.

11 апрели соли равон дар доираи ҳамоиш Рӯзи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон доир гардид ва тамошобинони зиёд аз он ғизои маънавӣ гирифтанд.

Сафири Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода дар расми ифтитоҳ тадбири фарҳангиро баҳри таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, мардуми тоҷику қирғиз муҳим унвон кард. Инчунин, бо ширкати донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Бишкек барои ҳозирин рақсу таронаҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

Ҷашнвораи «Роҳи бузурги абрешим» то 26 апрел идома меёбад.

«Садои мардум»