Агар фазои иттилоотии кишварҳои Осиёи Марказиро таҳлил кунем, мебинем, ки он то солҳои 90-уми асри гузашта шакл ва раванди умумӣ дошт, вале аз он давра ба баъд аз ҷониби чанд мактаби идеологиву сиёсӣ тасарруф карда шуд. Дар он давра фазои иттилоотии расмии давлатии минтақа омода набуд, ки дар баробари тарғиботи сиёсиву идеологии динӣ истодагарӣ кунад. Аз соли 1994 то соли 2016 дар маҷмӯъ, 32 ташкилоти экстремистию террористӣ фазои иттилоотии минтақаро тасарруф карда, вориди ҳаёти ҷомеаи Осиёи Марказӣ гардидаанд.
Ин нуктаро зимни суҳбати гирди миз, ки таҳти унвони «Равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: пайомадҳо ва дурнамо» 12 апрели соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Анварзод зикр кард.
Номбурда афзуд, ки Давлати исломии Ироқу Шом тавонист дар як сол аз ҳисоби ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия «ҷабҳаи Хуросон»-ро ташкил намояд. Яъне, ташкилоти террористии мазкур тавонист ба фазои иттилоотии кишварҳои минтақа ворид шуда, андешаву манфиатҳои худро таҳмил кунад ва дар миёни ҷомеа тарафдор ёбад. Ин гувоҳи он мебошад, ки новобаста аз фаъолияти ниҳодҳои расмии давлатӣ, таъсири фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба фазои иттилоотии кишварҳои минтақа хеле шадид аст. Муваффақияти ҳизбу ҳаракатҳо дар фазои иттилоотӣ ҳамин аст, ки онҳо дар истифодаи дастовардҳои технологии муосир нисбат ба рӯҳониён ва намояндагони расмии дин хеле фаъол ҳастанд. Дар муқобили онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии расмӣ таълимоти динии анъанавии суннатӣ ночиз аст. Дар 16 сомона салафигароӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ тарғиб карда мешавад. Дар ҷавоби онҳо фазои иттилоотии мо холӣ аст. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа барои пешгирии тарғиботи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, вале дар он шакле, ки ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад, нест. Аз ин рӯ, зарур аст, ки кишварҳои минтақа фазои иттилоотии ягона дошта бошанд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ С. Шарифӣ, дотсенти кафедраи минтақашиносии ҷаҳон ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон А. Раҳмонов, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ И. Ҳақназар ва дигар коршиносону таҳлилгарон суханронӣ карданд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»