Дар се моҳи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 724 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93-то зиёд мебошад. Ҷудошавии оилаҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба чашм мерасад.
Тибқи иттилои шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, се моҳи аввали сол дар вилоят 52670 сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Аз ин шумора 22851 сабти таваллуд, 8554 — никоҳ, 3086 — вафот, 5141 — муқаррар намудани падарӣ, 6200 — барқарор намудани таваллуд, 95 — барқарор намудани вафот, 724 — бекор намудани никоҳ ва 5890 сабт иваз намудани ному насабро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои масъулин, бақайдгирии фарзандхондӣ дар Хатлон 129 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад зиёд мебошад.
Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор