Сорбони «Корвони зиндагӣ»

№46 (3996) 25.04.2019

ывываы«Ҳар як инсон дар зиндагӣ машғулияте дорад, яке заминро тахту ҳамвор карда, донаи умед мекорад, дигаре кордону корчаллон буда, ба тиҷорат ё корфармоӣ машғул аст, сеюми насли наврасро таълим медиҳад. Нафарони дигар муҳандис, усто, ронанда, ҳунарманд, дӯзанда, пазанда… Ҳар якеро баҳри коре сохтанд». Бо ҳамин суханон оғоз мешавад китоби «Корвони зиндагӣ»-и рӯзноманигор Бурҳониддин Каримзода, ки нашриёти «ЭР-граф» чоп кардааст. Он маҷмӯаи мақолаҳои муаллиф аст, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд.

Бурҳониддин Каримзода умри бобаракаташро сарфи пешаи рӯзноманигорӣ намудааст. Ҳамроҳи мардум нишаставу бархоста ва дар ҳар нафас бо онон зиндагиро таҷриба кардааст. Хирад, фарҳанг ва суннатҳои мардумӣ шахсияти ӯро сохтаанд.

 «Корвони зиндагӣ» аз дидаву шунида ва мушоҳидаҳои муаллиф барои хонанда қисса мекунад. Ӯ ба шаш ҷиҳати зиндагӣ менигарад ва солору ботамкин андеша меронаду саҳифаҳоро нақшин месозад.

Ӯ мегӯяд, бибие доштам, ки номаш Қимат буд. «Ҳамаро дӯст медошт, ҳама ӯро дӯст медоштанд, дасташ ба ҳама мерасид». Тақводор, боиффат, боимон, меҳрубон, кони афсона ва табиби хурду калон. «Кампири Қимат дар мактаб нахонда буд, диплом надошт», аммо ҳама чизро медонист, ба одамон маслиҳат медод, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамуд. Ӯ бибии бачаҳои деҳа буд, онҳо дарси нахус­тинро аз бибӣ мегирифтанд. Ҳар кӣ аз мактаби кампири Қимат мегузашт, ҳатман соҳиби мартабаи одамият мешуд. Аммо имрӯз зиндагӣ башиддат дигаргун мешавад, кампири Қимат ҳам кайҳо дунёро падруд гуфтааст, одамон ҳам дигар он гунае, ки буданд нестанд. Сохтакорӣ, замонасозӣ ҷои одӣ будан, табиӣ зистанро гирифтааст. Рангҳо ҷилваҳои дигар доранд, аз асл дур мешавем.

«Биёед ба ҳамдигар дуои нек кунем» мегӯяд ӯ. Дуоҳои неку бадро, ки дар миёни мардум роиҷ ҳастанд, аз ҳам ҷудо мекунад, таъсири онҳоро ба зиндагии одамон баён месозад. Дуои бад ҳам мегираду дуои хайр ҳам мустаҷоб мешавад, — хулоса мекунад муаллиф. Ҳамин тавр, неруи кушандаву созандаи суханро кашф месозад ва ба хонанда сабақ медиҳад.

Зиндагии одамон печу хами зиёд дорад. Суннатҳо, боварҳо, таъсир пазируфтанҳо зиндагии ононро шакл медиҳад. Бурҳониддин Каримзода ҳамаи инро ба мушоҳида мегирад ва аз зиндагии мардум барояшон қисса мекунад. Ҳар як мақолаи ӯ мисли оинаест, ки хонанда дар он каҷиву ростиашро мебинад.

Ӯ гӯш ба нолаи об медиҳад, дардашро ҳис мекунад. Мебинад, ки об аз носипосиҳо, қадрношиносиҳо, беҳурматиҳо фиғон дорад. Одам «аз обу гил сиришта шудааст, тавлид шудан замон  бо об ӯро пок мекунанд ва дар охири кор низ бо об покаш месозанд, ҳар лаҳзаи зиндагиаш бо об аст: мехӯрад, менӯшад, мешӯяд…, аммо боз нисбат ба он ноодилона рафтор мекунад». Бо овардани ин фалсафа талқин месозад, ки об ҳаёт аст, онро ифлос кардан маънои тираву тор сохтани зиндагиро дорад. «Бихӯред, бинӯшед, (вале) исроф накунед». Ин оятро аз сураи «Аъроф»-и «Қуръон»-и маҷид меорад ва пайванди ногусастании инсон ва табиатро таъкид менамояд.

Худшиносии милливу аз асли хеш бохабар будан ва моҳияти зиндагиро дарк намудан барои ҳар инсон муҳим аст. Муаллиф ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хос дорад. Вай дар мақолаи «Душанбеи дуҳазорсола» хонандаро ба сайри таърихии пойтахти кишвар мебарад. Саҳифаҳои зиндагии мардумро аз гузаштаи дур варақгардон мекунад ва талқин менамояд, ки бояд ба реша, ба асли худ бияндешем, аз фарҳанг ва тамаддуни офаридаи ниё­кон бехабар намонем.

Ғафлат дарди ҷонкоҳ аст. Инсон бояд огоҳ, бедор ва саршор аз неруи зиндагӣ бошад. Ин мавзӯъро низ муаллиф дар китоб матраҳ кардааст. Ӯ дар мақолаи «Компютер барои қартабозӣ» менависад: «Тавассути компютер кайҳонро назораю мушоҳида мекунанд, амалиёти бузурги табобатӣ мегузаронанд, истеҳсолотро идора менамоянд… мо паси он нишаста, қартабозӣ мекунем… шашкаву шоҳмот мебозему дар тараққиёти илму истеҳсолоти ватанӣ «ҳисса» гузошта, бо майнаҳои «пур» ба хона бармегардем». Дар ин суханон танз не, балки дард аст, ҳушдор аст. Нависанда таъкид мекунад, ки бояд ҳамқадами замон бошем, ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат донем, бисозем, кишварро ободу зебо гардонем.

«Корвони зиндагӣ» воқеан ҳам хонданбобу омӯзанда аст. Он ба андеша водор месозад, панд медиҳад.

ВОРИС, «Садои мардум»