Ба шуъбаи ахбор, номаҳо, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеаи рӯзнома шаҳрванд Абдуназаров Муҳиддин Холмирзоевич — сокини шаҳри Норак занг зада, хоҳиш намуд, ки барои дарёфти посух ба пурсиши боло кумак намоем. Номбурда донистан мехоҳад, ки оё рост аст, ки ба Ҷумҳурии Лаҳистон ҳам аз Тоҷикистон хоҳишмандонро ба кор равон мекунанд?
Вобаста ба масъала ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» — и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Ҳуқуқшиноси Агентии мазкур Аномудин Ғаюров чунин посух дод: «Айни замон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ, ғайр аз Федератсияи Россия ба ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Беларус ва Туркия низ ба корҳои гуногун сафарбар гардида истодаанд.
Бинобар ин, М. Абдуназаров ва дигар хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-108 ё ин ки бо телефони 221-39-67, 221-40-15 ва 221-39-83 муроҷиат намоянд».
Таҳияи Б . КАРИМЗОДА, «Садои мардум»