Ё бархӯрди манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ дар шакли нав
«Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Афғонистон айни замон дар печидатарин давраи таърихи сиёсӣ қарор дорад. Алҳол беш аз ҳар замони дигар рақобати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бар вазъи умумии ин кишвар соя афканда, рақобати гурӯҳҳои навбатиро ба вуҷуд овардааст. Аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ, вақте ки як тарафи ҷангкунанда аз майдон берун шавад, омилҳои ҷанг аз байн меравад ва унсурҳои сулҳсозӣ рӯйи кор меоянд, вале вазъи Афғонистонро аз ин дидгоҳ шарҳу тафсир кардан ғайриимкон аст. Зеро бо хурӯҷи неруҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як тарафи ҷангкунанда дар Афғонистон, ҷанг хотима наёфт, баръакс, набард ва низоъҳо шадидтар шуданд.
Давлати Исломии Афғонистон майдони дуюми бархӯрди ошкорои қудратҳои ҷаҳонӣ — Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА аз замони «ҷанги сард» ба ҳисоб меравад. Бархӯрди аввал миёни ин қудратҳо дар Ветнам сурат гирифт, ки ба манфиати Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт. Бархӯрди қудратҳо дар Афғонистон барои ИМА имтиҳони ҷиддӣ буд ва пирӯз шудан маънои нигоҳ доштани имиҷи қудрати ҷаҳониро дошт. Барои ҳамин, ИМА тамоми имконияти мавҷударо барои мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ, хусусан, идеологияи сотсиалистӣ, равона кард. Аз ин хотир, ҷанг дар Афғонистон ҳадафҳои зерро дар пай дошт, ки моҳияти идеологӣ-сиёсии онро асоснок менамуд:
- бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ;
- наҷоти мардуми мазлуми Афғонистон аз зулми ҳокимияти дохилӣ;
- мубориза бо истилогарони аҷнабии ғайримусулмон, ки сарзамини мусулмононро ғасб карданд;
- хусусияти сиёсӣ гирифтани низоъҳои қавмию қабилавӣ.
Бояд гуфт, ки ИМА дар ҷанги Афғонистон аз лиҳози тарғиботи идеологию сиёсӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ афзалияти калон дошт, зеро он замон аллакай баъзе аз кишварҳои атрофи Афғонистонро ба пойгоҳи ҳарбӣ ва марказҳои тайёр намудани ҷангиён табдил дода буд. Танҳо солҳои 1980 — 1982 дар Покистон зиёда аз 100 пойгоҳи тайёр кардани ҷангиён кашф гардид. Стратегияи идеологии ҳифзи «Дорулислом», яъне сарзамини мусулмонон имкон дод, ки Ғарб кишварҳои мусулмониро ба ин низоъ бикашад ва сафи ҷангиёнро аз ҳисоби онҳо зиёд намояд.
Ҳаракати террористии «Толибон» ҳамчун қувваи меҳварӣ барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ иқдом кард. Инчунин, гурӯҳҳои сиёсиву қавмие, ки дар дохили Афғонистон буданд, кӯшиши ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро доштанд, вале аз сабаби набудани майдони гуфтушуниди шаффоф миёни гурӯҳҳои сиёсию низомии қудратталаб натавонистанд ба як натиҷаи барои ҳама мувофиқ расанд. Дар айни замон ҳам ягон унсури гуфтушунид миёни ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои низомиву динӣ ва намояндагони миллату қавмҳо рӯйи кор наомадааст, вале дар алоҳидагӣ ҳар кадом кӯшиш дорад, ки вазифаҳои калидии давлатиро дар даст дошта бошад.
Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки омили дигари буҳрони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истифодаи мавқеи ҷуғрофии он аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ аст. Мутаассифона, манфиати кишварҳои минтақа бо сиёсати ҷаҳонӣ дар ҳам печида, боиси идомаи низоъҳои дохилӣ дар Афғонистон гардидааст.
Албатта, баъзе аз абарқудратҳо ва кишварҳои минтақа мехоҳанд бо истифода аз вазъияти ноустувори сиёсӣ бо дастгирии гурӯҳҳои мушаххас ҳадаф амалӣ созанд. Барои ҳамин бархӯрди манфиатҳои рақибони минтақавӣ ҳамчун як омили идомаи таниш дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.
Аммо дар сатҳи сиёсатҳои бузурги ҷаҳонӣ кишварҳое ба мисли ИМА, Россия, Хитой, Британия, давлатҳои арабии халиҷи Форс ва дигар кишварҳои минтақа манфиатҳои геостратегиро дар Афғонистон пайгирӣ менамоянд. Бояд қайд кард, ки бо ворид шудани артиши ИМА ва блоки Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба Афғонистон онҳо нақши калидиро дар ҳаллу фасли масъалаҳои ин кишвар ба даст гирифтанд. Баргузор гардидани чанд мулоқоти Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри бо роҳбарони ҳаракати террористии «Толибон», ташкил намудани гуфтушунид миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва муваффақ шудан дар масъалаи интихоби раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бартарияти ИМА-ро нисбат ба рақибони дигари сиёсӣ собит намуд. Инчунин, айни замон ИМА ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маблағи зиёд саҳмгузорӣ карда истодааст.
Бо вуҷуди ин, дар айни замон, сиёсати Президенти ИМА Д. Трамп дар масъалаи Афғонистон норавшан боқӣ мемонад, зеро пешниҳоди кам кардани теъдоди низомиёни ИМА дар Афғонистонро ҳарбиёни ИМА ҳамчун шикаст дар ҷанги ҳабдаҳсола меҳисобанд ва ин барнома мавриди интиқоди шадид қарор дорад. Сониян, Президенти Амрикоро зарур аст то сенаторҳоро бовар кунонад, ки нисфи маблағи нигоҳдории низомиён дар Афғонистон аз манбаъҳои дигари ғайрибуҷавӣ пардохт карда мешавад.
Агар дар сатҳи давлатӣ дар ИМА масъалаи хориҷ шудан аз Афғонистон ҳалли худро ёбад, пас зарурат пеш меояд, ки мақомашро ба кишваре вогузор намояд, ки сиёсати ИМА-ро дастгирӣ кунад. Пӯшида нест, ки вақтҳои охир бо наздик шудани Покистон ба Хитой ихтилофи ҷиддӣ миёни Покистон ва ИМА ба миён омадааст ва ИМА мухолифи ҳузури Хитой дар Афғонистон мебошад. Инчунин, ворид гардидани шарикони ӯро, ба мисли Россия ва Эрон, низ намехоҳад.
дидгоҳ ва ихтилофҳо
Дар идомаи буҳрони солҳои охири минтақаи Ховари Миёна пайдо шудани ҳаракати экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» вазъи сиёсӣ ва амниятии минтақаро тағйир дод. Баъд аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ саркардагони ин гурӯҳ дар Афғонистон паноҳ бурда, баъзе аз минтақаҳои зери тасарруфи «Толибон» — ро забт карданд. Онҳо таҳти шиори «ҳиҷрати нав» ҳомиёни худро аз кишварҳои дигар ба Афғонистон барои ҷиҳоди оянда даъват намуда истодаанд. Ҳадафи асосияшон зери назорат қарор додани минтақаҳои муҳими сарҳадӣ ва ҷалби ҷавонон аз кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аст. Касе пешгӯйӣ карда наметавонад, ки чиро дар оянда бояд интизор шуд.
Интиқоли ДИИШ ба Афғонистон ба манфиати кист?
Тибқи маълумоти мақомоти расмии Давлати Исломии Афғонистон, вақтҳои охир созмони террористии ДИИШ аз фаъолияти ҳарбии худ бештар дарак дода истодааст. Рақиби сиёсиву идеологии ДИИШ дар Афғонистон ҳаракати террористии «Толибон» аст, ки аллакай ҳафтод дарсади хоки Афғонистонро тасарруф кардааст. Ҳарчанд ба феҳристи ҳизбу ҳаракатҳои террористии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ин ҳаракат ворид шудааст, вале баъзе аз кишварҳои дигар онро ҳамчун ҳаракати террористӣ намеҳисобанд, ки ин мавзӯи дигарест барои як таҳқиқоти фарогир. Ҳоло рақобати шадид миёни ин ду ҳаракати террористӣ барои тасарруфи минтақаҳои Бадахшон, Тахор ва Қундуз идома дорад. Ин минтақаҳо аз нигоҳи ҷуғрофӣ мавқеи хоси стратегӣ доранд. Аз ин ҷост, ки ҳар кадом кӯшиш дорад онҳоро зери назорат қарор диҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳузури пайравони ДИИШ дар минтақаи наздисарҳадиро кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчун таҳдид барои амнияти давлатҳои аъзои ин ташкилот меҳисобанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки дар маҷмӯъ, аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар ин масъала нигоҳу стратегияи муштарак доранд.
Тавре аз таҳлилу арзёбии сиёсатмадорон ва коршиносон бармеояд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки дар оянда исломиҳои тундрав дар Афғонистон сари қудрат омада, барномаи интиқоли ин гурӯҳҳоро ба Осиёи Марказӣ амалӣ кунанд. Қувват гирифтани гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар ин кишвар, ки аксари онҳоро ҷангҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд, бешубҳа, чунин маънӣ дорад, ки аз ҷониби муассисон барои амалӣ намудани манфиат истифода мешаванд.
Суботу амният дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Миёна чун обу ҳаво зарур аст.
Аз ин хотир, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва баъзе аз созмонҳои минтақавӣ, ки метавонанд баҳри суботи минтақа ҳамчун камарбанди амниятӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуние, ки аз Афғонистону дигар кишварҳои буҳронӣ ба минтақа интиқол меёбанд, мубориза кунанд, беш аз ҳарвақта зарурат пайдо кардааст.
Лоиқназар Мумин, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон