Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон нисбат ба Маҳмадқодир Шехов — сокини 25-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои содир кардани ҷиноят — даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ ҳукм баровард.
Маҳмадқодир Шехов дар саҳифаи худ дар Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номи «Қодир 1994» ақидаҳои харобкоронаи ташкилоти экстремистии «ДИИШ»-ро тарғиб кардааст. Ҳамчунин, ӯ дар саҳифаи шахсиаш дар сомонаи мазкур расмҳо, навиштаҷот ва видеонаворҳои мутааллиқ ба ташкилоти экстремистии «ДИИШ»-ро ба воситаи шабакаи интернетӣ ба 167 шиносу дӯсташ паҳн намудааст.
Мувофиқи хулосаи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштаҷот ва видеороликҳои саҳифаи интернетии «Қодир 1994», ки ба Шехов Маҳмадқодир тааллуқ доранд, аз рӯи мазмун ба ҳаракати террористии «ДИИШ» мансуб буда, дар онҳо даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд мебошанд.
Маҳмадқодир Шехов дар маҷлиси судӣ худро айбдор шуморида, иброз намуд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ин кор даст задааст.
- Дар саҳифаи шахсияш М. Шехов дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» расмҳои парчамҳои ДИИШ, яроқу аслиҳа ва техникаи ҷангӣ, роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва видеороликҳои Саид Бунянский «Джихад награда шахида»-ро сабт намуда, ба дигарон интиқол додааст, — гуфт Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон.
Коллегияи судӣ бо далелҳо дар мурофиаи судӣ гуноҳи судшаванда Маҳмадқодир Шеховро собит ва бо моддаи 3071 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо аломатҳои содир кардани ҷинояти даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ бо истифодаи шабакаи интернетӣ ҷамъбаст кард.
Сайфиддин Муҳиддинзода — раисикунандаи мурофиаи судӣ гуфт, ки ҳангоми таъини ҷазо хусусияту дараҷаи хатарнокии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда ва нақши ӯро дар содир шудани ҷиноят ба назар гирифт. Ҳамчунин, ҳангоми таъини ҷазо ба Маҳмадқодир Шехов ҳолатҳои сабуккунанда, ки судшаванда бори аввал ҷиноят содир намудааст, пушаймон аст ва дар тарбияаш фарзанди ноболиғ дорад, ба назар гирифта шуд.
Ҳамин тавр, Суди вилояти Хатлон тибқи моддаи 3071 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдоршаванда Маҳмадқодир Шеховро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор