Варзишгари маъруфи кишвар, Чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров шоми 24 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар дар даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гурзро ба масофаи 76, 14 метр ҳаво дода, сазовори ҷойи аввал гардид. Варзишгари мизбон Ашраф Ал — Сайфӣ бо натиҷаи 73, 76 метр ҷойи дуюм, Суҳроб Хоҷаев аз Ӯзбекистон бо натиҷаи 72, 86 метр ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷум медали тиллои Дилшод Назаров дар Чемпионати Осиё мебошад. Ӯ қаблан — солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ба унвони Чемпиони Осиё мушарраф гардида буд. Ҳамчунин барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад.
Бояд қайд кард, ки Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳаи Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Хитой бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷойи дуюм, Япония бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷойи 13 — ум қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, варзишгарони 20 давлати минтақа соҳиби медалҳои Чемпионати Осиё гардиданд.
Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»