Тандурустӣ

Иммунизатсия — кафолати пешгирии беморӣ

№47 (3997) 27.04.2019

P1000072Аз 24 то 30 — юми апрели соли равон бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ даври сенздаҳуми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад. Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати  гирди миз  баргузор гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз дошт, ки  пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Он бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ паст карда мешавад.

 - Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории он баланд  бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия буда, он аз лиҳози моҳият сармоягузорӣ ба солимӣ ва некуаҳволии кӯдакон дар ҳаёт аст, — гуфт Саида Умарзода.

Сардори намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мартэ Эверард иброз дошт, ки саривақт гузаронидани иммунизатсия кӯдаконро аз бемориҳои фалаҷ, гепатити В, сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии шакли B, сурхча, гулафшон ва сирояти ротавирусӣ эмин медорад. Илова бар ин, миллионҳо нафарро  аз беморию маъюбшавӣ  ҳифз намуда, харҷи маблағи зиёдро пешгирӣ мекунад. Номбурда зикр намуд, ки ҳоло 19  миллион кӯдак дар ҷаҳон эмгузаронӣ нашудаанд. Ин эҳтимоли авҷгирии бемориҳои сурхча,  гулафшон ва ғайраро зиёд мекунад. Соли 2018 дар минтақаи аврупоии  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зиёда аз 82000 нафар гирифтори бемории сурхча гашта, 72 нафарашон фавтиданд.

Сардори  Намояндагии Хазинаи  кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Алазабӣ таъкид намуд, ки дар баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ нақши васоити ахбори омма хеле калон аст. Аз лиҳози моҳият эмкунӣ яке аз қисмҳои асосии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки баҳри ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола расидан мусоидат мекунад.

Директори генералии МД «Маркази ҷумҳуриявии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зафар Азизов зикр намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи  маълумотнокии кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба иммунизатсия  чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, ба аҳолӣ  матолиби тарғиботӣ тақсим намуда, бо истифода аз ВАО маъракаи фаҳмондадиҳӣ доир мегардад. Алҳол дар ҷумҳурӣ 75 фоизи ваксинаҳо бо дастгирии ташкилотҳои  байналмилалӣ харидорӣ шуда, муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо онҳо таъминанд.

- Иммунизатсия барои ҳар як кӯдак дар 24 соати баъд аз таваллуд оғоз ёфта, минбаъд мувофиқи тақвими миллии иммунизатсия дар муассисаҳои тиббӣ ройгон гузаронида  мешавад, — гуфт дар охир Зафар Азизов.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»