Дар мамлакат маъракаи сафарбаркунии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки якуми апрели соли равон оғоз ёфт, идома дорад. Бояд гуфт, ки то 22 апрели соли ҷорӣ нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 60 фоиз иҷро шудааст. Ба қавли сардори дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён, нақшаи даъват дар ВМКБ — 106 фоиз, вилояти Хатлон — 54, Суғд- 55, ноҳияҳои тобеи марказ — 56 ва шаҳри Душанбе 65 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ теъдоди ҷавонони синни даъватӣ (18 — 27 — сола) зиёда аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо бо фарорасии мавсими даъват (баҳорӣ ва тирамоҳӣ) аксари онҳо бинобар мушкилоти иқтисодӣ ва иддае бо сабаби майли хизмати аскарӣ надоштан ба Федератсияи Россияву Қазоқистон мераванд. Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллӣ дар иҷро кардани нақшаи даъват ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба хизмати аскарӣ дилгарм нестанд?
Ба хизмати яксола бояд гузашт
Аз миёни кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) Тоҷикистон ягона ҷумҳуриест, ки то ҳол хизмати ҳарбӣ дар он 2 сол боқӣ мондааст. Яке аз сабабҳои ба хизмати ҳарбӣ майл надоштани ҷавонон ҳамин аст.
Дар ҷумҳурии ҳамсоя — Ӯзбекистон дер боз хизмати ҳарбӣ яксола аст. Хоҳишмандони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар хеле зиёд буда, ҳатто навбат меистанд. Чанде пеш, бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қоидаи интихоби даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид. Дар он шартҳои ба рӯйхати даъватшавандагон шомил кардани ҷавонони синни аскарӣ дарҷ гардидааст. Минбаъд ҳамон ҷавононе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон қабул мешаванд, ки аз озмуни омодагии ҷисмонӣ ва саволномаи тестӣ мегузаранд. Озмун ҳар сол аз 10 август то 10 феврали соли баъдӣ баргузор мешавад. Ҷавононе, ки аз имтиҳони вазни худро ба боло кашидан, давидан ба масофаи 100 ва 3000 метр мегузаранд, ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд. Сипас, онҳоро лозим меояд, ки ба 60 саволи пешниҳодшуда, дар давоми 1 соату 30 дақиқа доир ба таърихи Ӯзбекистон ва зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги кишвар ҷавоби саҳеҳ диҳанд. Баъди аз ин имтиҳон гузаштан онҳо соҳиби даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ мегарданд. Вакилони мардумии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон пешниҳод намудаанд, ки даъвати солона ба сафи артиш танҳо дар фасли баҳор сурат гирад.
Аз рӯйи маълумоти созмони Global Firepower, артиши Ӯзбекистон аз ҷиҳати иқтидор дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи сеюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол мекунад.
Бадрафториро аз байн бояд бурд
Сабаби дигари худдорӣ намудани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ мавҷудияти бадрафторӣ дар бархе аз қисмҳои низомист. Чунончӣ, 17 апрели соли равон бо қарори Суди ҳарбии шаҳри Душанбе аскарони неруҳои марзбонӣ М. Ғаффоров ва А. Ҳомидов бинобар баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор дониста шуда, 1,5 — 2 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Дар гузориши Эътилофи зидди шиканҷа омадааст, ки тайи солҳои 2014 — 2016 дар қисмҳои низомии мамлакат 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вақте хабари шиканҷаи ҷавоне дар маҳаллааш паҳн мешавад, ба рӯҳияи волидайни даъватшавандагон таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин рӯ, афсарони қисмҳои низомиро зарур аст, ки Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор дода, ҷиҳати риояи интизоми ҳарбӣ кӯшиш намоянд. Дар Оиннома, аз ҷумла омадааст: «Хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша дорои маданияти баланд ва хоксорӣ буда, шарафи ҳарбиро муқаддас донанд, шаъну шарафи худро ҳифз карда, ба шаъну шарафи дигарон эҳтиром гузоранд. Онҳо бояд дар ёд дошта бошанд, ки вобаста ба рафторашон на танҳо ба онҳо, балки, дар маҷмӯъ, ба шаъну шарафи Қувваҳои Мусаллаҳ баҳо дода мешавад».
Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли равон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат чунин таъкид намуданд: «…Зарур аст, ки ба масъалаи сифати корҳои тарбиявию сиёсӣ дар байни ҳайати шахсӣ, хусусан, дар самти кор бо наваскарон, эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар ин раванд, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад».
Додани имтиёз боиси дилгармӣ мешавад
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонони кишвар бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоянд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ ба шумор меравад.
Дар замони шӯравӣ ба ҷавононе, ки хизмати Ватанро бошарафона адо менамуданд, як қатор имтиёзҳо медоданд. Масалан, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мадди аввал хизматкардаҳоро ба кор мегирифтанд. Ҷавонон аввал хизмати Ватанро адо намуда, баъд хонадор мешуданд.
Соли гузашта аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» пешниҳод шуд, ки шаҳрвандон ба мақомоти суд, прокуратура, андоз, гумрук, милитсия ва хизмати давлатӣ танҳо баъди хизмати аскарӣ ба кор қабул карда шаванд. Мутаассифона, масъулон ин навиштаҳоро намехонанд ё хонанд ҳам гӯш ба карӣ мезананд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар бисёр маврид писарони суду прокурор ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ касби падарро «интихоб» мекунанд. Аз ин рӯ, суд ё прокурор намехоҳад, ки фардо писараш ба хизмати аскарӣ равад.
Ба гуфтаи омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳои Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёд Собиров, барои артиш мавҷуд будани сатҳи пасти рӯҳияи маънавӣ нисбат ба норасоии силоҳ хатарноктар аст.
Агар яке аз сабабҳои ба хизмати аскарӣ дилгарм будани ҷавонони Ӯзбекистони ҳамсоя яксола шудани адои хизмат ва шароити беҳтар дар қисмҳои низомӣ бошад, сабаби дигар мавҷудияти як қатор имтиёзҳо барои хизматкардаҳост. Дар он ҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ бе билети ҳарбӣ ба кор намегиранд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадории умумии ҳарбӣ» шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки ба ҷойи хизмати ҳарбӣ хизмати алтернативиро адо кунад. Ин намуди хизмат дар ҳама кишвари пешрафта ҷой дорад. Дар баъзе кишварҳо, шаҳрвандоне, ки ин намуди хизматро интихоб кардаанд, тӯли як ё ду сол дар беморхона, хонаҳои бачагону куҳансолон кор карда, бо ҳамин қарзашонро дар назди ҷамъият адо менамоянд ё дар ягон муассиса кор карда, 20 фоизи маошашонро ба суратҳисоби Вазорати мудофиа мегузаронанд. Мутаассифона, тартиби адои хизмати алтернативӣ дар ҷумҳурии мо ҳанӯз пурра ба аҳолӣ шарҳ дода нашудааст.
Муассисаҳои таълимӣ чӣ нақш доранд?
Алҳол фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ, чандон назаррас нест. Миёни ин ниҳод ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Танҳо дар давраи маъракаи даъвати мавсимӣ комиссариатҳо «фаъол» мешаванд. Дар чор моҳи минбаъда чорабиниҳои таблиғотӣ аз ҷониби онҳо хеле кам ба назар мерасад. Масалан, аз моҳи декабр, ки мавсими даъвати тирамоҳӣ поён меёбад, то моҳи апрел намояндагони Вазорати мудофиа, комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо хатмкунандагон мулоқот доир намоянд, онҳоро ба хизмат даъват кунанд. Дар ин сурат сафи аскарони маълумоти олидор дар артиши мамлакат зиёд мешавад. Хизмат дар артиш ба хатмкардагони макотиби олӣ барои оянда комёбу муваффақ шуданашон дар соҳаҳои интихобкарда кумак мерасонад. Масалан, соҳибкори маъруф Брайан Трейсӣ дар яке аз асарҳояш оид ба таъсири хизмати ҳарбӣ ва нақши он дар ҳаёт чунин навиштааст: «Шумо метавонед муваффақиятҳои калонро ноил гардед, ба шарте ки амалҳои пешвоёни беҳтарин ва сарлашкарони муваффақро анҷом диҳед. Принсипҳои низомиро дар соҳибкорӣ ва ҳаёти шахсӣ истифода бурда, шумо назар ба дигарон тезтар фикру мулоҳиза карда, амалҳоятонро пештару самараноктар иҷро карда метавонед. Бо истифодаи ин таҷҳизоти пурқувват шумо метавонед ба таври муътадил самаранокии кори худро баланд бардошта, ба натиҷаҳои олӣ ноил гардед».
Соли 1947, вақте давлати Исроил таъсис ёфт, аксари аҳолии онро муҳоҷирони аз кишварҳои гуногун ҷамъомада ташкил медоданд. Бисёриҳо забони ҳамдигарро намефаҳмиданд, вале ҳама як ҳадаф доштанд — бунёди давлати низомаш пурқувват ва дорои иқтисодиёти ғанӣ. Онҳо ба ҳадафи худ расиданд. Айни ҳол Исроил бо доштани 8,5 — 9 миллион нафар аҳолӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодию низомӣ пурқуввати ҷаҳон ба шумор меравад. Қариб 90 фоизи аҳолии он, аз ҷумла, занон, дарси матонату низому тартиботро дар артиш гузаштаанд.
Моро низ зарур аст, ки аз таҷрибаи мамолики пешрафта ибрат гирифта, бо додани имтиёз ба хизматкардаҳо, кӯтоҳ намудани муҳлати хизмат, ба роҳ мондани хизмати алтернативӣ ҳавасмандии ҷавононро ба хизмати Ватан зиёд намоем.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»