Барқияи табрикӣ

№47 (3997) 27.04.2019

24 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Украина қабул фармоед.

Ба Шумо сиҳатии бардавому пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти кишвари Шумо саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.

Мардумони Тоҷикистону Украинаро анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳои моро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд.

Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори итминон менамоям, ки бо талошҳои муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардумони мо густаришу таҳким хоҳанд ёфт».

www.president.tj