Моҳи худдорӣ аз амалҳои ношоиста

№50 (4000) 04.05.2019

Rityta-118-678x381Дар моҳи нузули «Қуръон» Худованд раҳмату неъмати фаровонро ба бандагон арзонӣ медорад. Шахсоне, ки узр надоранд, рӯза мегиранд. Зеро Худованд рӯза доштанро фарз гардонида, онро яке аз аркони ислом хондааст. Чунончӣ, дар сураи «Бақара» ояти 183 омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, лозим карда шуд бар шумо рӯза доштанро, чунончӣ лозим карда шуд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, то бошад, ки парҳезкорӣ кунед».

 Маънои парҳезкорӣ худдорӣ кардану дурӣ ҷустан аз нофармонии Худост. Аз маънии ояти зикршуда чунин бармеояд, ки рӯзадорӣ яке аз сабабҳои пайдошавии парҳезкорӣ аст.

Вобаста ба ин, дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) чунин таъкид шудааст: «Рӯза доштан танҳо нахӯрдану нанӯшидан нест. Ба дурустӣ, ки рӯза доштан ин бозистодан аз суханони ношоиста ва корҳои зишт аст».

Яке аз саҳобагони гиромӣ бо номи Ҷобир (р) мегӯяд: «Ҳар вақте рӯза гирифтӣ, бояд гӯшҳо, чашмҳо ва забони ту аз ғайбат ва суханчинӣ рӯза гиранд. Озори ҳамсояро тарк кун, худро бо оромӣ (тамкин) ва виқор зинат бидеҳ ва рӯзи рӯзаатро бо айёми ифтор (ғайри Рамазон)-ат баробар магардон».

Мутаассифона, бисёриҳо то ҳол ин ҳикмати рӯза, яъне худдорӣ аз гуноҳро пурра дарк накардаанд. Ба азоби гуруснагиву ташнагӣ тоқат мекунанд, вале аз дуруғгӯӣ, ғайбат, фаҳшу дашном, қасами ноҳақ, туҳмат ва ғайра худро нигоҳ намедоранд. Ба баҳонаи «кайфи нос гирифт» қаҳру ғазаби худро ба сари касе мерезанд.

Абуубайда (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рӯза сипар аст, то вақте ки онро (рӯзадор) пора накунад».

Манзур аз сипар будани рӯза ин аст, ки тавре инсон ба воситаи сипар худро аз зарбаи душман ҳифз мекунад, ҳамон гуна рӯзадор худро аз ҳамлаҳои шайтон ҳифз менамояд.

Баъди шунидани ҳадиси мазкур шахсе аз Паёмбар (с)  пурсид, ки ин сипар бо чӣ пора мешавад? Расули Худо (с) дар ҷавоб гуфтанд, ки бо дурӯғ ва ғайбат.

Дар ин хусус Аттори Нишопурӣ фармудааст:

Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯза аст,

То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдугор.

Рамазонро моҳи бахшиши гуноҳон мегӯянд. Ҳазрати Муҳаммад (с) чунин фармудаанд: «Аз Рамазон то Рамазон бахшиши гуноҳон дар миён аст, агар аз гуноҳони кабира дурӣ ҷуста шавад». Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар миёни дигар узвҳо аз ҳама зиёд гуноҳони кабира маҳз аз забон сар мезананд. Масалан, туҳмат, дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, худситоӣ, фаҳшгӯӣ, носазогӯӣ, хушунат, чоплусӣ, масхара кардану озори  лафзӣ ба дигарон, куфрони неъмат (ношукрӣ, кӯрнамакӣ), таблиғи амали ботилу  ташвиқ ба гуноҳ, ваъдаи дурӯғ, бадзабонӣ ва ғайра.

Дар ҳадиси дигари Расули Худо (с) омадааст: «Ҳар рӯзадоре, ки сухани дурӯғ ва амал кардан бо дурӯғро хотима надиҳад, Худованд ҳеҷ ҳоҷате надорад, ки ӯ (рӯзадор) хӯрдану ошомиданро тарк кунад». Аз ин иршоди Расули Худо (с) маълум мешавад, ки яке аз асбоби асосии фарзияти рӯза барои муъминон даст кашидан аз рафтори зишт мебошад. Ҳар касе аз амали зишт даст кашад, наҷот хоҳад ёфт. Яке аз амалҳои зишт бо роҳи фиребу найранг ва поймол кардани ҳаққи дигарон соҳиби маблағ шудан мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳар шахси боимон лозим аст, ки ақаллан дар ин моҳи муборак ризқи ҳалол бихӯрад. Яъне, ҳар ғизое, ки барои худу аҳли хонаводааш меорад, бояд аз роҳи ҳалол бошад. Агар рӯзадор бо пули дуздӣ, фиреб, аз тарозу задан, ришва, рибо (фоизи қарз), тиҷорати ҳаром (фурӯши маводи мухаддир,…) саҳархӯрию ифтор кунад, аз рӯзааш чӣ суд?

Чунончӣ, дар китоби «Маслакул муттақин» (Роҳи парҳезкорон) омадааст:

Гар шабе мекунӣ ҳазор суҷуд,

Луқмаат гар зи ҳаром аст, чӣ суд?

Хулоса ин ки моҳи Рамазонро танҳо ба гуруснагиву ташна гаштан ва шабона  саросемаву бошитоб намози таровиҳ хондан маҳдуд накарда, аз он ки моҳиятан моҳи ислоҳи ахлоқ маҳсуб мешавад, самаранок истифода бояд кард. Тавре Фаридуддини Аттор фармудааст:

Эй дӯст, моҳи рӯза расиду ту хуфтаӣ,

Охир зи хоби ғафлати дерина сар барор.

Соле дароз будаӣ андар ҳавои нафс.

Моҳе Худойро шаву даст аз ҳаво бидор.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»

ТАКВИМИ РАМАЗОН ГАЗЕТА