Май — моҳи солимиву зебоӣ

№50 (4000) 04.05.2019

Май моҳи охирини баҳор ва омодагӣ ба гармои тобистон аст. Дар он нисбат ба моҳи апрел борон шиддати камтар дораду ҳарорати ҳаво рӯз то рӯз болотар меравад. Табиист, ки аз дигаргуншавии боду ҳаво баъзе аз бемориҳо хурӯҷ намуда, боиси нороҳатии одамон мегардад. Шояд сабаб ҳамин аст, ки дар ин моҳ чанд ҷашни алоқаманд ба солимӣ таҷлил мегардад. Ва басо рамзист, ки ин силсила бо Рӯзи байналмилалии момодоя (5 май) — иди касбии бонувоне оғоз меёбад, ки вазифаи басо масъулиятнокро ба уҳда доранд.

МедсестраДар идома Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб (12 май) аст. Ин ид дар рӯзи мавлуди бонуи машҳури Англия Флоренс Найтингейл, ки нахустин хадамоти ҳамшираҳои шафқатро дар ҷанги Қрим (1853-1856) ташкил намуда буд, беш аз 150 сол боз ҷашн гирифта мешавад. Он соли 1974 дар ҷаласаи Шӯрои байналмилалии ҳамшираҳои тиб, ки дар он намояндагон аз 141 мамлакат иштирок доштанд, расмӣ гардид.

Ҷашнҳои дигар ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳо алоқаманданд. Масалан, яке аз бемориҳое, ки дар фасли баҳор нафарони хеле зиёдро азият медиҳад, диққи нафас аст. Барои ташкили дурусти мубориза бо ин беморӣ бо ибтикори Ташаббуси ҷаҳонӣ оид ба диққи нафас (Global Initiative for Asthma, GINA) ва дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) сешанбеи аввали моҳи май, ки соли равон ба 7 май рост меояд, Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диққи нафас эълон гардид.

Ҷашни дигар Рӯзи умумиҷаҳонии ғадуди сипаршакл (25 май) аст. Он соли 2009 бо ташаббуси Ташкилоти тироидии Аврупо  (European Thyroid Association, ЕТА) дар тақвим пайдо гардид. Ин ташаббусро ҷамъиятҳои тиббии Осиё, Амрикои шимолӣ  ва лотинӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, ҷонибдорӣ намуданд. Қайд кардани Рӯзи умумиҷаҳонии ғадуди сипаршакл имкон фароҳам меорад, ки дар самти огоҳонидани аҳолӣ аз роҳу воситаҳои пайдошавии бемориҳои ғадуди сипаршакл, усулҳои пешгирӣ ва табобати он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Травматолог ОсебшиносБо фарорасии айёми гармо ва ба варзишу бозиҳои гуногун рӯ овардан осебпазирии одамон низ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, Рӯзи умумиҷаҳонии осебшинос низ моҳи май (20 май) қайд мегардад. Санаи дигари алоқаманди соҳаи тиб Рӯзи умумиҷаҳонии ҳазми солим (29 май) аст. Онро Ташкилоти умумиҷаҳонии гастроэнтерологҳо пешниҳод намудааст. Ба андешаи мутахассисон, солимии бадан аз бисёр ҷиҳат ба интихоб, тарзи дурусти тайёр ва истеъмол намудани хӯрок, ҳамчунин ҳазми он вобастагӣ  дорад. 29 май Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо фаромӯшхотирӣ қайд мегардад. Рӯзи охири моҳ (31 май) бошад, Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку эълон гардидааст. Боиси хушнудист, ки дар кишвар мубориза алайҳи тамокукашӣ тавсеа пайдо намуда, шумораи сигоркашон сол то сол коҳиш меёбад.

Аммо ҷашнҳои муҳими оғози моҳ Рӯзи умумиҷаҳонии матбуоти озод (3 май) ва Рӯзи Ғалаба (9 май) аст. Ҷашни аввал аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ соли 1993 эълон гардидааст.

Омодагӣ ба таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба бар фашизм бошад, дар бисёр мамлакатҳо оғоз гардидааст. Ба ёд овардани ин ҷанг ва донистани ҳақиқати он, бахусус, айёме ки дар баъзе аз кишварҳо таърих таҳриф гардидааст, басо муҳим аст.

regnum_picture_1494178144663759_bigРӯзҳои умумиҷаҳонии офтоб (3 май), парандаҳои кӯчӣ (11 май), сангпушт (23 май) ва Рӯзи байналмилалии иқлим -15 май ба масоили ҳифзи муҳити зист алоқаманданд. Аз соли 1994 дар аксар кишварҳои олам 3 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии Офтоб низ таҷлил мегардад.

ОстрономДар моҳи май кормандони соҳаҳои астрономия (11 май), метрология (20 май) ва осорхонаҳо (18 май ) ҳам иди касбӣ таҷлил менамоянд. Дар ин моҳи зебо ба зебосанамон низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. 28 ва 31 май рӯзҳои бонувони сияҳмӯй ва сафедмӯй эълон гаштааст. Ҷашне, ки қариб ба ҳар як сокини сайёра дахл дорад – Рӯзи байналмилалии оила — 15 май аст. Зеро оила низ ба ҳифзу дастгирӣ ниёз пайдо намуда, баланд бардош­тани мақоми он дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосӣ аст.

Сокинони кишвар, ки аксар мусулмонанд, дар моҳи май якчанд ҷашну иди дигарро низ таҷлил менамоянд. Яке аз онҳо оғози моҳи шарифи Рамазон аст, ки ба 6 май рост меояд. Инчунин, 6-уми моҳ рӯзи Ҳаҷи умра аст. 22 май Рӯзи муҳорибаи Бадр қайд мешавад, ки лашкари сесаднафараи мусулмонон ба беш аз ҳазор мушрик ғолиб омад.

Илова бар ин, мусулмонон 25 майро ҳамчун Рӯзи фатҳи Макка таҷлил мекунанд. Санаи хотирмону муҳим барои аҳли тақво Шаби қадр мебошад, ки тахминан ба 31 май рост меояд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»