Қарни гузашта барои миллат даврони басо тақдирсоз маҳсуб меёфт. Оне, ки дар борааш сухан меравад, яке аз зодагони он айём ва фидоии касбу кори хеш аст, ки вазифаашро дар назди халқу Ватан содиқона ва боифтихор ба иҷро расонидааст. Имрӯз аксари онҳое, ки бо ӯ кор кардаанд ва ё аз наздик хуб мешинохтанд, номашро ба некӣ ёд оварда, дар ҳаққаш суханҳои хуб мегӯянд. Воқеан ҳам, рӯзгори ӯ намунаи ибрат ва корномаи ҷовидона мебошад.
Ӯ фидоии кор ва инсони шариф Қурбон Раҳимов аст, ки 115 сол қабл дар оилаи деҳқони камбизоат, дар яке аз деҳаҳои шаҳри Исфараи бостонӣ, ки наздикии шаҳри қадимаи Конибодом воқеъ гардидааст, таваллуд шудааст.
Айёми наврасию ҷавонии Қурбон Раҳимов ба даврони барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ ва солҳои басо душвору пуртаҳлукаи 20-уми асри ХХ рост омад. Ӯ шоҳиди зиндаи замони душвору бениҳоят вазнин аст. Замоне ки мардум баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ба бунёди ҳаёти нав қадам гузошта, бо азобу уқубати зиёд соҳиби обу нон мешуданд. Агар лаҳзаеро аз сарнавишти ин марди матинирода пеши назар оварем, кору пайкор ва саҳми намоёну шоёни ӯ дар набардҳои рӯзгор бармало зоҳир мегардад.
Бо хоҳиши модари ҳамкорам Меҳрӣ Сӯфиева — Махфират Абдураҳмонова аз бойгонии хусусиаш нусхаи ҳуҷҷатҳои рӯзгори ин марди наҷибро дастрас ва варақгардон карда, бо зиндагиномааш ошно шудем. Ҳар варақ, ҳар сатри ҳуҷҷатҳо ёдгори умр ва гувоҳу солномаест, ки аз таърихи ҳамон рӯзҳои душвору басо мудҳиш ҳикоят мекунанд. Саҳифаҳои бо мурури замон зардгаштаву рангпарида моро ба гузаштаи таърихи начандон дури меҳани азизамон мебарад.
Қурбон Раҳимов дар солҳои барқароршавии Ҳокимияти Советӣ фаъолиятро ба ҳайси мардикори зердасти сарватмандон, коргари қаторӣ ва борбардор оғоз бахшидааст. Соли 1926, вақте ки ӯ ба синни 22 расид, зиндагӣ, ба туфайли кумаки халқи кабири рус бо сохтани роҳи оҳану фабрикаву заводҳо ва ислоҳоти обу замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Мамлакат ба кадрҳои ҷавону кордон ва лаёқатманду боистеъдод, фидоии касбу пешаҳои гуногун ниёз дошт. Қурбони ҷавон низ, чун дигарон, дар бунёди сохтмони Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом аз рӯзҳои аввал ширкат варзид. Баъди ба итмом расидани сохтмони завод ӯро дар он ҷо ба кор гирифтанд. Дар ибтидо сардори бригадаи якум, баъд мудири сехи асосӣ таъин шуд ва миёни ҳамкорон обрӯю эътибор пайдо намуд.
Соли 1930, ҳангоми шиддат гирифтани муборизаҳои синфӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Миёна ва авҷи ҷунбиши босмачигарӣ, Қурбон Раҳимов ба сафи Ҳизби коммунистии умумииттифоқии болшевикон (ВКП (б)) дохил шуд. Солҳои 1931-1935 роҳбари Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом буд. Он замон корхона яке аз калонтаринҳо дар минтақа ба ҳисоб мерафт ва маҳсулоташ ба қисматҳои аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешуд.
Ҳамин тавр, Қурбон Раҳимов дар бунёду ободонии комбинат саҳм гузошта, шуҳрати онро дар ҷумҳурӣ ва Иттифоқ баланд бардошт. Хидматҳояшро ба инобат гирифта, давлату ҳукумат ӯро ба вазифаҳои боз ҳам баланди ҳизбию давлатӣ тавсия доданд. Соли 1935 раиси Комиҷроия ва котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Конибодом интихоб шуд. Соли 1938 Комиссари халқӣ оид ба корҳои замини Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1940 вазири саноати хӯроквории РСС Тоҷикистон таъин гардид. Як сол пас аз фаъолияти ӯ дар ин вазифаи пурмасъулият (22-юми июни соли 1941) Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Дар солҳои душвори ҷанг соҳаи саноати хӯрокворӣ барои таъмини фронт бо маҳсулоти ғизоӣ таҳти роҳбарии вазири саноати хӯрокворӣ Қурбон Раҳимов хидмати зиёд кард. Агар дар солҳои пешазҷангӣ бо роҳбарии ӯ ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (дар шаҳри Москва) дар ташкилу баргузории намоиши дастовардҳои халқи тоҷик кӯшиш ба харҷ дода бошад, аз рӯзҳои аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қурбон Раҳимов ҳамчун вазири саноати хӯрокворӣ ба ҷойгиркунонии корхонаҳои саноатӣ ва омода кардану фиристодани маҳсулоти истеъмолӣ ва истеҳсолӣ ба фронт саҳми арзанда гузошт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳодисаи даҳшатангези қарни ХХ ба ҳисоб меравад. Ақибгоҳ низ он солҳо, чун майдони ҷанг, ба мушкилот мувоҷеҳ буд. Занону мардон ва калонсолон шабу рӯз заҳмат мекашиданд. Ҳама чиз барои фронт ва таъмини ғалаба фиристода мешуд. Одамон охирин луқмаи даҳонашонро ба фронт равон мекарданд.
Қурбон Раҳимов аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳое мебошад, ки соли 1943 бо ҳамроҳии Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев аз шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба фронт аз номи Тоҷикистон қатораи пурбори озуқавориро таҳти шиори «Тоҷикистон барои фронт» ҳамроҳӣ намуда, шахсан дар майдони ҷанг онро ба ҷанговарон тақсим кардааст. Барои хидматҳои бузург ин ду абармард бо медали «Барои хидмати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардонида шуданд. Қурбон Раҳимов то анҷоми ҷанг борҳо ба фронт корвони пурбори қатораҳоро бо маҳсулоти озуқаворӣ роҳбаладӣ намудааст. Барои ин, панҷуми январи соли 1944 аз шаҳри Москва, аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ, генералсимус Иосиф Виссарионович Сталин ба номи вазири саноати хӯроквории РСС Тоҷикистон Қурбон Раҳимов барқия ирсол гардидааст, ки нусхаи онро аз бойгонии шахсиаш пайдо кардем.
Пас аз ба анҷом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди аз нав таъсисёбии комиссариатҳои халқӣ соли 1946 Қурбон Раҳимов боз вазири саноати хӯрокворӣ ва молҳои саноатии РСС Тоҷикистон таъин гардид ва то рӯзи марги нобаҳангомаш (зимни маърӯза кардан аз минбари Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ногаҳон худро бад ҳис мекунад ва ба замин афтода, аз олам мегузарад) ин масъулиятро бар дӯш дошт.
Тавре яке аз ҳолдонҳо, аз ҷумла шоҳиди зиндаи бевоситаи воқеа — раиси номдори колхози овозадори ба номи Ленини ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) Ҳомидҷон Назаров нақл намуд, вақте ки ҷисми беҷони ӯро аз бинои онвақтаи Совети Вазирон (бинои ба қарибӣ бартарафшудаи Вазорати кишоварзӣ) ба хонааш меоранд, ҳамсари марҳум — Солеҳа ӯро дида, беҳуш шуда, ба замин меафтад ва аз олам чашм мепӯшад. Қурбон Раҳимову ҳамсари дилбандашро дар қабристони маҳаллаи Шоҳмансури пойтахт ба хок супориданд. Ҳамин тавр, ҳафт нафар фарзанди ин оила он рӯзи наҳси соли 1954 аз падару модар маҳрум гардиданд.
Барои хизматҳои шоён шодравон Қурбон Раҳимов бо ду ордени Ленин, орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Ходими намоёни давлатӣ Қурбон Раҳимов се маротиба депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб ва якчанд маротиба ба узвияти Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Ба хотири гиромидошти номи неки ӯ ду кӯча, яке дар шаҳри Конибодом ва дигаре дар шаҳри Душанбе Қурбон Раҳимов номгузорӣ гардидааст. Тавре бузургон фармудаанд:
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ком ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, рӯзноманигор, Меҳрӣ АБДУРАҲМОНОВА