29 октябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсиест, ки он аҳамияти умумимиллӣ ва байналмилалӣ дорад. Бинобар ин, барои назорати омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба кишвари мо меоянд.
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси дархостномаҳои пешниҳодгардида намояндагони ташкилот ва давлатҳо, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷопон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ аккредитатсия карда шуда, ба онҳо шаҳодатнома дода мешавад.
Оид ба масъалаҳои мазкур Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намуд.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»