Дар оташи ҷанги хонумонсӯз,
К- одам чу гиёҳи хушк месӯхт,
Модар ба раҳи писар шабу рӯз
Пазмон шуда, чашми хеш медӯхт.
Дар арсаи Украина дидам
Оғӯшта ба хуну хок марде,
Чун рафта ба назди ӯ расидам,
Аз дил бикашид оҳи сарде.
Ду чашм ба рӯйи ман бубаст ӯ,
Гуфтам: Зи куҷоӣ? Гуфт бар ман:
Хоке, ки ба он бимондаам рӯ,
Он ҳаст маро азиз маскан.
Хокест, ки ман варо чу модар,
Бо меҳри бузург дӯст дорам.
Дар ҳифзи ҳамин азиз кишвар,
Бин: «Ҷони азиз месупорам!»
Ғоиб Сафарзода