- Саноатикунонии босуръати мамлакат тайи солҳои 2019 — 2030, бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат баҳри ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Вобаста ба ин, зарур аст, то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев зимни соати парламентӣ, ки дар мавзӯи «Рафти саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ» ҳафтуми майи соли равон баргузор гардид.
Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифов иброз дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат ба 5 миллиарду 721 миллион сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 792,9 миллион сомонӣ (115,9 фоиз)-ро ташкил дод. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳиссаи электроэнергетика 31,3 фоиз, саноати маъдан — 25,6, хӯрокворӣ — 19, масолеҳи сохтмон — 8,7, саноати сабук — 7,1 ва мошинсозӣ 6,1 фоиз рост меояд. Рушди саноат дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 149, 4 фоиз, шаҳри Душанбе — 122,3, вилояти Суғд — 116,4, Хатлон — 107,3 ва ВМКБ 105 фоизро ташкил дод. Бо истифода аз технологияи муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд ва талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст. Инчунин, маҳсулоти нави саноатии воридотивазкунанда, ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, хишти сабук, гаҷкартон, уребча, халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ, эмулсия, трактор, ядак (присеп), автобус, фойтунча ва аробачаҳои кӯдакона, пахтаи тиббӣ ва ғайра истеҳсол карда шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти аз ҷумҳурӣ содиротшуда 2 миллиарду 299 миллион сомонӣ (243,8 миллион доллар) — ро ташкил дод, ки 2 миллиарду 3,8 миллион сомонӣ (212,5 миллион доллар) — и он ба соҳаи саноат рост меояд.
Зикр гардид, ки дар мамлакат 92 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 974 ҷойи корӣ ба истеҳсол шурӯъ намуданд. Онҳо равғани растанӣ, қаннодӣ, ҳасиб, мебел, маҳсулоти трикотажӣ, собун ва маҳсулоти шустушӯй, қубурҳои пластикӣ, дару тирезаҳои алюминӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра истеҳсол мекунанд.
Бахтиёр Шарифов дар баробари пешравӣ аз камбудиҳои ҷойдошта низ ёдовар шуд. Аз ҷумла, гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар семоҳаи аввали сол 61,6 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018-ум 4,5 миллион сомонӣ кам мебошад.
- Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда тартиби барасмиятдарории гумрукии воридоти маҳсулоти дӯзандагӣ, хусусан либоси мактабӣ, ҷӯробҳо, пойафзол ва қолин ба шумор меравад. Ҳоло аз ин маҳсулот, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад, аз рӯи вазн бо арзиши тавсияшаванда боҷи гумрукӣ ситонида мешавад, ки ба ҷараёни таҳлили таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ монеа эҷод мекунад, — гуфт Б. Шарифов.
Ӯ пешниҳод намуд, ки барасмиятдарории гумрукии воридоти маҳсулоти зикршуда таҷдиди назар карда, аз рӯи шумора, модел, андоза ва таркиби маҳсулот ба ҳисоб гирифта шавад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 142 корхона бо сабаби норасоии маблағҳои гардон, надоштани қобилияти бозгардонии қарзҳо, фарсуда гардидани воситаҳои асосии истеҳсолот, рақобатнопазирӣ ва набудани талабот дар бозори фурӯши маҳсулот, инчунин, норасоии ашёи хом, фаъолият накарданд.
Дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ корхонаҳои пахтатозакунӣ мақоми ҳалкунанда доранд, вале бо сабаби кам гардидани ҳосилнокии пахта 6919 тонна нахи пахта истеҳсол шуд, ки назар ба соли гузашта 8 ҳазору 531 тонна кам мебошад. Бештари корхонаҳои пахтатозакунӣ аз сабаби кам будани ҳаҷми ашёи хом фаъолияти мавсимӣ доранд.
- Иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмин намудани талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатчиёни мамлакатро водор месозад, ки аз шароиту имконият истифода бурда, саҳмгузории саноатро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд бардошта, ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ истиқбол гиранд, — ҷамъбаст намуд Бахтиёр Шарифов.
Сипас, роҳбарони вазорату идора ва кумитаҳои дахлдор ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфтанд.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки таъмини рушди бемайлону устувори соҳаҳои саноати кишвар бо роҳи диверсификатсияи истеҳсолот ва гузариш аз тавлиди ашёи хому нимтайёр ба даври пурраи истеҳсолот, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатнок ва хизматрасонии босифат, фаъол намудани коркарди алюминий, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар захираҳои ашёи хоми кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки рушди босуботи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ба шумор мераванд. Барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ зарур аст, ки нисбат ба амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев