Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, ки дар он нахуст иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» натиҷагирӣ шуд.
Зикр гардид, ки вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар 4 банд ва 42 зербанди Нақшаи чорабиниҳо муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда мушаххас нишон дода шудааст.
Ҷиҳати гузаронидани мониторинги дақиқи иҷро ва арзёбии чорабиниҳои нақшаи қарор он ба чор давра, яъне омодагӣ барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо, тасдиқи нақшаҳо барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, чорабиниҳо ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, истифодаи захира ва корҳои анҷомдодашуда тибқи нақша тақсим гардидааст.
Дар интиҳо муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ба масъулини вазоратҳои саноат ва технологияи нав, энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷиҳати истихроҷу захираи саривақтии ангишт ва омода намудани системаи энергетикии кишвар ба давраи дарпешистодаи тирамоҳу зимистон дастуру супориш дод.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»