Ё боз чанд соли дигар ҳамватанонро заҳролуду обу ҳавои кишварро ифлос карданием?
Яке аз муҳимтарин самтҳои соҳаи кишоварзӣ мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба шумор меравад. Агар соли 1984 ҳаҷми зиён аз зараррасонҳои растанӣ дар ҷаҳон 6 миллиард долларро ташкил дода бошад, соли 2003 ин рақам ба 15 миллиард доллар расидааст. Ҳатто дар кишварҳои мутараққӣ зараррасонҳо 25 фоизи ҳосилро талаф медиҳанд. Ин рақам дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ба 40 фоиз баробар аст.
Ҳанӯз соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид лозим шуморид, ки дар бораи ташкил кардани шуъбаи «Муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ» дар назди СММ қарори махсус қабул кунад. Андаке пештар аз қабули қарори мазкур, бо сабаби истифодаи аз ҳад зиёди заҳрхимикатҳо, зарурати усули нави мубориза бар зидди зараррасонҳо пешниҳод гардид, ки онро «усули интегратсионии мубориза бо зараррасонҳои растаниҳо» ном монданд. Ҳадаф аз он ба муқобили зараррасонҳо ба ҷойи заҳрхимикатҳо аз мавҷудоти зиндаи табиати минтақа истифода бурдан буд.
Дар ҷумҳуриҳои Туркманистону Ӯзбекистон дер боз аз ин усул самаранок истифода мебаранд. Исбот шудааст, ки дар баробари пок нигоҳ доштани муҳити зист усули зикршуда аз лиҳози иқтисодӣ хеле камхарҷ аст. Аз ин рӯ, усули биологии мубориза бо зараррасонҳо арзиши аслии маҳсулотро кам ва даромаднокии хоҷагиҳоро зиёд мекунад. Истифодаи усули химиявии мубориза бо зараррасонҳо, дар баробари ба муҳити зист зарар расондан, хароҷоти зиёд дорад. Дар замони шӯравӣ собиқадори соҳаи кишоварзӣ, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев найрангҳои яке аз тарғибгарони усули химиявии мубориза бо зараррасонҳоро, ки аз дигар ҷумҳурӣ буд, сари вақт фош карда, кафшашро пеш гузошт. Яъне, ҳамчун мутахассис дарк менамуданд, ки истифодаи аз меъёр зиёди заҳрхимикатҳо танҳо хазинаи корхонаҳои химиявии берун аз ҷумҳурӣ ва ҷайби ҳаводорони усули химиявии мубориза бо зараррасонҳоро пур мекунаду халос. «Манфиаташ» ҷуз ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ расондан нест.
Мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд олимони ватанӣ, аз қабили Ҳ. Муъминҷонов, А. Ҷалилов, М. Маҳкамов ва чанде дигарон, ки ба деҳқонони кишвар истифодаи заҳрхимикатҳоро ҳамчун асоси истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ талқин мекунанд. Масалан, Анвар Ҷалилов дар ягон мақолаи илмиаш қайд намекунад, ки тавассути ҳашаротқаппаки барқӣ дар як шаб чӣ қадар энтомофагҳоро нобуд кардаанд. Энтомофагҳо ҷонвараконе мебошанд, ки зараррасонҳоро нест мекунанд.
Илми кишоварзӣ бояд ба манфиати миллат рушд кунад. Чаро кишварҳои ҳамсоя солҳо боз аз усули биологӣ самаранок истифода мебаранду дар ҷумҳурии мо васеъ ба роҳ мондани он номумкин будааст? Ё ҳоло ҳам мегӯянд, ки барои омӯхтани самаранокии ин усул вақт лозим аст? Магар қариб 50 сол (аз давраи таъсиси шуъбаи «Муборизаи биологӣ») басанда нест? Боз чанд соли дигар ҳамватанонро заҳролуду обу ҳавои кишварро ифлос карданием?
Икром ТЕШАЕВ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур