Одатан ба идораи нашрияҳо бисёриҳо барои дарёфти роҳи ҳалли масоили гуногуни зиндагӣ муроҷиат мекунанд. Аммо Гулсума Муродова, аз ноҳияи Лахш, на бо арзу дод, балки бо паёми маърифат омад. Вай сарвари Китобхонаи системаи мутамаркази ноҳия буда, чанде пеш ҳамроҳи хонандагони фаъол дар Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ширкат варзидааст.
- Зимни ҷамъбасти фестивал маро бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аъзои фаъоли китобхонаҳои мо – хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия – Шабнам Қосимова ва Муҳтоҷиёни Ҳумоюншоҳро барои иштироки фаъолашон бо диплом қадрдонӣ карданд, — бо хушнудӣ изҳор намуд Г. Муродова.
Дар идомаи суҳбат бо хоҳиши мо вай роҷеъ ба фаъолияти китобхонаҳои ноҳияи дурдасти кишвар чунин маълумот дод:
- Вазифаи кормандони соҳаи фарҳанг, бахусус китобдорон, дар деҳот баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум аст. Воқеан, дар хазинаи китобхонаи мо нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» дар ҷойи намоён қарор дорад ва мухлисони он зиёд аст. Хонандагон барои дарёфти маълумот доир ба вазъи ҷомеа, шиносоӣ бо қонуну қарорҳои нав ва мутолиаи мақолаҳои ҷолиб зиёд муроҷиат мекунанд. Имрӯз, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем ва дар сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фарҳанг ва ба ин васила баланд бардоштани фарҳангу маънавиёт, ҳувияти миллӣ,таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мақоми асосиро ишғол мекунад, китобдоронро зарур аст, ки барои ҷалби васеи омма ба китобу китобхонӣ ҷаҳду талош намоянд.
Айни ҳол дар китобхонаҳои системаи мутамаркази Лахш 85 141 нусха адабиёти гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ мавҷуд аст. Соли гузашта беш аз 7 ҳазор хонанда ва мутоилаи 40 ҳазору 855 нусха китобро ба қайд гирифтем, ки нисбат ба солҳои пешин нишондиҳандаи баланд мебошад. Китобдоронро ба идораю ташкилот, муассисаҳои таҳсилотӣ сафарбар мекунем, бо мардум суҳбату мулоқот доир ва намоишгоҳи китобҳо ташкил менамоем. Айни ҳол дар Коллеҷи омӯзгории ноҳия ва МТМУ №1 филиали китобхонаро кушодаем.
Ба пешвози 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ният дорем, ки дар деҳаҳои Қушай, Занкон ва Қашот китобхонаҳои нав бунёд карда, китобхонаҳои боқимондаро аз таъмир барорем. Табиист, ки ин корҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия анҷом меёбанд. Ҳамчунин, кӯшиш мекунем, ки соҳибкорони боҳимматро низ ба ин корҳои хайр ҷалб намоем.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»