Россия. Думаи давлатӣ тартиби корро дигар кард
Аз ин ба баъд ҷаласаҳои пленарии Думаи давлатии Федератсияи Россия аз соати 1200 то 1600 ва «соати ҳукуматӣ» аз соати 1200 то 1400 баргузор мешаванд.
Дар ин бора бо пешниҳоди раисони кумитаҳо қарори махсус қабул гардид ва ба тартиби баргузории ҷаласаҳо тағйирот ворид карда шуд. Акнун ҷаласаҳои кумитаҳо аз соати 900 то соати 1000 доир мегарданд. Ба ин пешниҳод танҳо баъзе аз вакилон аз фраксияи ҳизби коммунист зид баромаданд.
- Чунин тартиб самаранокии кори вакилонро зиёд менамояд. Акнун онҳо масъалаҳоеро, ки зимни ҷаласаҳои пленарӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд, дар кумитаҳо ҳал карда, аз рӯзнома хориҷ мекунанд, — гуфт раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин.
Латвия. Қонун дар бораи бақайдгирии кӯдакони бешаҳрванд
Парламент (Сейм) — и Латвия дар хониши аввал лоиҳаи қонун дар бораи ба кӯдакони бешаҳрванд додани мақоми шаҳрвандиро дастгирӣ кард.
Тавре дар шарҳи қонун зикр гардидааст, кӯдаконе, ки пас аз 1 январи соли 2020 дар Латвия аз волидони бешаҳрванд ба дунё меоянд, ба таври истисноӣ шаҳрванди кишвар мешаванд.
Украина. Рада мехоҳад маросими қасамёдкуниии Президентро ба таъхир андозад
Ҳизби «Баткившина» даъват намуд, ки маросими қасамёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский ҳар чӣ зудтар, 19 май, баргузор карда шавад. Каме пештар Владимир Зеленский ҳам «аз номи халқ» ба парламент пешниҳод намуда буд, ки маросими қасамёдкунӣ 19 май баргузор шавад.
- Фикр мекунам, ки ҳар чӣ зудтар расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани Президент ба муътадил гардидани вазъияти кишвар мусоидат менамояд, — гуфтааст муовини раиси ҳизби «Баткившина» Сергей Соблев. Аммо аксар аъзои парламент мехоҳанд рӯзи баргузории қасамёдкуниро 28 май таъин кунанд.
Афғонистон. Суиқасд ба корманди вулуси ҷирга
11 майи соли ҷорӣ ба ҷони мушовири Вулуси Ҷирга оид ба фарҳанг, собиқ наттоқи телевизион Мино Мангал дар назди хонааш суиқасд карда шуд. Мақомоти полиси Афғонистон мегӯянд, ки наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд.
Ҳодисаро Сайидмуҳаммад Рӯшандил — фармондеҳи амниятии Кобул шарҳ дода гуфтааст: «Мино ва шавҳараш вақте аз ҳам ҷудо шуданд, ҷанҷол ва хусумат доштаанд. Бино ба изҳороти падараш, ба вай телефонӣ таҳдид ҳам шуда будааст. Гумонбар аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад».
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»