Муҳоҷират

Муҳлати иҷозат барои кор дар россия то се сол тамдид шуд

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистону Федератсияи Россия лоиҳаи Протокол оиди ба расмият даровардани муҳлати иҷозат барои кор ва будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлати то се солро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Чанде қабл дар шаҳри Москва лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 октябри соли 2004 ба имзо расид.

Лоиҳаи Протоколро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Константин Ромодановский ба имзо расониданд.

Ҳуҷҷати мазкур гирифтани иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати се сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад. Протокол ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ба таври расмӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, дахл дорад.

Пас аз имзои Протокол, зимни баромади худ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Девонаев зикр намуд, ки солҳои охир байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муносибатҳои хуби дӯстона ва судманд пойдор гардида, барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст.

«Мехостам миннатдории самимии худро ба Президентони ҳар ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин барои саҳми беандоза дар таҳкими дӯстии байни ду миллат ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баён созам» — иброз дошт С.Девонаев.

Хотиррасон менамоем, ки ҳуҷҷати баимзорасида ҳуҷҷати дуюми муҳим байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия оиди ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия муваққатан кору фаъолият доранд, ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки ҳар ду ҳуҷҷатҳо дар асоси Ёддошти тафоҳум «Дар бораи мақсадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират» аз 5 октябри соли 2012, ба имзо расиданд.

- Дар ин бора шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»