Суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми кишварҳо

№56 (4006) 18.05.2019

Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»

47070967464_3d5f6102d5_o16 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкории стратегӣ бо Россия дар ҳама соҳа, бахусус, бахши кишоварзӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад ва ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ ба манфиати ҷонибҳо идома меёбад.

Ҷонибҳо, ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар самти боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, афзоиши иқтидори содиротию воридотии кишварҳо, содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷик­истон ба Россия табодули андеша карданд.

Таъкид шуд, ки айни ҳол иқтидори содиротии мева, сабзавот ва асали Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна дар як солро ташкил медиҳад ва имконият барои афзун кардани он зиёданд.

Роҳандозии тадбирҳои муштарак, аз ҷумла, дар самти ташкили корҳои логис­тикӣ, ҷиҳати боло бурдани нишондодҳо ва таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти бастабандӣ, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тухмипарварӣ, парандапарварӣ, ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз ҷумлаи роҳҳои дигари рушди ҳамкории бахши кишоварзӣ маънидод гардиданд.

47808166602_fbc682f695_o16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ҳамсуҳбат шуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон бо ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тавсеаву таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо СММ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои амниятӣ ва омилҳои ба суботи минтақа таъсиррасон, аз қабили терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шакли нав гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террорис­тиро баррасӣ карда, таъкид доштанд, ки барои аз байн бурдани онҳо талошҳои муштарак ва пурзӯр кардани ниҳодҳои мубориза талаб карда мешавад.

Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро маҳкум мекунад ва ҷонибдори амалисозии ҳар чӣ зудтари «Нақшаи муштараки татбиқи Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар Осиёи Марказӣ» ва «Нақшаи амалиёти Дабири кулли СММ оид ба огоҳсозии экстремизми зӯровар» мебошад.

Ҳар ду ҷониб ҷиҳати ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, пешгирии фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ, аз қабили ДИИШ дар қисми шимолии Афғонис­тон, андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

47071139554_e25b4c69af_o16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуданд, ки зимни он маҷмӯи васеи масъалаҳои муносиботи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ баррасӣ гардиданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­к­ис­­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, мулоқотҳои пайваста имкон медиҳанд, ки роҳу воситаҳои наву муассири тақвиятбахши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муайян гарданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷом­еаи ҷаҳонӣ, ҷонибҳо мавқеъгирии ягонаро нисбат ба таҳдидҳои аслӣ — терроризм, ифротгаройӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус, қочоқи маводи мухаддир, амри ниҳоят зарурӣ шумурданд.

Таъкид гардид, ки дар марҳалаи ҳассоси замони муосир, бахусус, фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла ДИИШ, ҳамкории васеъ ва дастаҷамъонаю  амалии кишварҳо ҷиҳати мубориза бар зидди зуҳуроти харобиовар, нобуд кардани гурӯҳҳои террористиву ҷинояткорони қочоқи маводи нашъаовар, муҳим мебошад

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетика ва зерсохтор, таъмини сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоиро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикис­­тон имкон дорад дар шароити имтиёзӣ барои Афғонистони бародар ҳазорҳо мутахассиси соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва кадр­ҳои илмиро тарбия намояд.

Истифода аз зарфиятҳои зиёд дар соҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои гидротехникӣ, обёрӣ, боғдорӣ, баҳрабардорӣ аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, роҳҳо, пулҳо, долонҳои транзитӣ ва зербиноҳои дигар имкониятҳои нави рушди иқтисоди Тоҷикистон, Афғонистон ва кишварҳои минтақа номида шуд.

www.president.tj