Тавре иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли равон 84 кӯдак аз оилаҳои гумроҳшуда, ки волидайни онҳо ба сафи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардида, дар Ироқу Сурия қарор доштанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Моҳияти ин иқдомро зимни суҳбат муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайниддин Сафаров чунин шарҳ дод:
- Ҷавҳари иқдом, ки идомаи мантиқии ибтикори инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ҷавонмардӣ ва шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, бетараф набуданду нестанд. Барои тасдиқи андеша метавон далелҳои зиёд овард. Аз соли 2016 дар кишвар таъсис ёфтани вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати ин гуфта аст.
Ба Ватан баргардонидани кӯдакон дар ҷаҳони муосир таҷрибаи камназир буда, на ҳар роҳбари давлат, бо дарназардошти сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дар ин самт иқдом менамояд. Аз ҷониби қишрҳои аҳолӣ хеле хуш пазироӣ шудани ин иқдом аз матолиби расонаҳо ва назарҳое, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баён шуданд, баръалост. Инчунин, баробари ба хоки кишвар фуруд омадан кӯдакон аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута бо ғамхории хоса фаро гирифта шуданд. Ҳоло кӯдакон таҳти назари масъулини Ҳукумат қарор дошта, бо онҳо равоншиносону табибон пайваста кор мебаранд. Барояшон беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии аҳли ҷомеа ба зиндагии муқаррарӣ ворид мегарданд, даҳшати ҷангу хунрезиҳои дидаи худро аз ёд мебароранд, аз фазои сулҳу оромӣ ва зебоиҳои табиати нотакрори диёри аҷдодӣ баҳра мебаранд.
Аслан, хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз ба бозгӯйӣ ва тарғибу ташвиқ надоранд, зеро «он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Хуб дар хотир дорем, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигар рост омад. Яъне, дар он айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Ба бахти тоҷику тоҷикистониён Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд.
Маҳз дар марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори ӯ афзуд ва дар ниҳоди сокинони кишвар эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳаррӯза, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавӣ ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо ин хислатҳои нек роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтаанд.
Дар маҷмӯъ, мо бояд ба ҳама пешравӣ воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйирот дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсият эътироф ва арҷгузорӣ намоем.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»