Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми табрикотӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 5 майи соли 2019 таъкид намуданд: «Тибқи мушоҳидаҳо, баъзе тоҷирон дар арафаи моҳи Рамазон ва идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт беасос баланд мебардоранд ва бо чунин кирдори худ, аз як тараф, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд ва аз тарафи дигар, худашон ва аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳи шариф маҳрум месозанд.
Дар ҳадисҳои пайғамбари ислом оқибати чунин рафтор таъкид шудааст: «Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб менамояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар кӣ нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад».
Даҳ- дувоздаҳ сол аст, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи гӯшт ва маҳсулоти дигари хӯрокворӣ боло меравад. Имсол дар моҳи Рамазон нархи як кило гӯшт аз 40-42 якбора то ба 45-47 сомонӣ боло рафт. Албатта, ин «ташаббус»-и ҳампешаҳои душанбегиашонро фурӯшандагони бозорҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо дилу ҷон «дастгирӣ» карданд.
Рӯзҳои аввали моҳи Рамазон роҳбарони бозорҳои «Деҳқон», «Саховат», бозорҳои дигари маҳаллаҳои пойтахт кӯшиши пеши роҳи баландшавии нархи гӯшт ва маҳсулоти ниёзи аввалро гирифтан карданд. Воқеан ҳам, нархи гӯшт паст шуд, аз 45 — 48 то ба 40 сомонӣ поин рафт. Вале гӯште, ки пешниҳоди харидорон мегардид, бесифат буд, ба болои ин савдогарон ба болои гӯшт ҳатман равған илова ва онро бо нархи гӯшт ҳисобӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, нархи гӯшти 40-сомона боз аз 45- 47 сомонӣ баробар мешуд. Яъне, чораандешии роҳбарони бозорҳо натиҷа надод.
Дӯкондорони растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-юми пойтахт тааҷҷуби харидоронро дар мавриди ғайб задани гӯшти гов пай бурда, изҳор доштанд, чорвои калону фарбеҳро забҳ карда, бо нархи 40-42 сомонӣ фурӯхтан харҷи давраи парваришашро намебарорад. Аҷиб, то фарорасии моҳи Рамазон, ки нархи гӯшт 40-42 сомонӣ буд, харҷи давраи парваришро мебаровард. Ҳамин ки моҳи Рамазон оғоз шуд, ин чиз номумкин гардид.
Ба андешаи мо, сабабгори асосии болоравии нархи гӯшт ҷаллобону миёнарав (даллол)-ҳои молбозорҳо мебошанд. Баъди шиносоӣ бо вазъи молбозорҳои шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ ба чунин хулоса омадем. Агар хариди чорво тавассути онҳо нею аз дасти якум мебуд, нархи гӯшт боло намерафт. Ин ба харидуфурӯши маҳсулоти дигари хӯрокворӣ низ тааллуқ дорад.
Агар дар бозорҳо «Гӯшаи деҳқон», ки бо ном вуҷуд дораду дар асл деҳқонро ба он роҳ намедиҳанд, хуб фаъолият мекард, маҳсулоти деҳқон аз ду-се даст намегузашт, нарх қимат намешуд. Ба болои ин, агар дар арафаи Рамазон, иду ҷашнҳо ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшт бо нархҳои дастрас аз ноҳияҳо ташкил мегардид, нуран алонур мешуд.
Соли равон, то оғози моҳи Рамазон, дар бозорҳо нархи як кило картошка аз 2 то 2,5 сомонӣ, пиёз — 1,5, сабзӣ — 2,5 сомонӣ буд. Бо оғози моҳи шарифи Рамазон нархи ин маҳсулот то 50-70 дирам, дар баъзе бозорҳо то ба 1 сомонӣ боло рафт. Ҳатто дар дӯконҳои Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи картошка – 2,70 сомонӣ, пиёз — 2,40- 2,50, сабзӣ аз 2,50 то 2,80 сомонӣ ба фурӯш монда шудааст.
Мутаассифона, дар болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал саҳми Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо низ кам нест. Агар «Тоҷикматлубот» ва ниҳодҳои он дар шаҳру ноҳияҳо захира кардани маҳсулот ва дар мавридҳои зарурӣ бо нархи арзон пешниҳод кардану гирифтани пеши роҳи гаронии нархро (ақаллан дар моҳи шарифи Рамазон) хуб иҷро мекарданд, масъала роҳи ҳалли худро меёфт. Вале, афсӯс…
Агар масъулону савдогарон савоб хоҳанд, бояд сари инсоф оянд, вагарна рӯзаи мегирифтаашон худо медонад, ки ба даргоҳи ҳақ қабул гардад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»