17 майи соли ҷорӣ корманди масъули Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Илгар Иброҳимли аз номи ин ниҳоди байналмилалӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои техникӣ тақдим намуд.
Зимни қабули онҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, роҳбари Гурӯҳи ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Олим Салимзода иброз дошт, ки Тоҷикистон созмони бонуфузи ҷаҳонӣ — САҲА-ро ба сифати шарики муҳими байналмилалӣ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, мешиносад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкориҳои пойдору мутақобилан судманд дошта бошад.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон