Дар вилояти Суғд барои пушти сар кардани зимистон чораҳои зарурӣ андешидаанд
Фасли сармо наздик мешавад. Ҳаво сард шуда, рӯзҳои борониву хунук ҷойи рӯзҳои офтобиву гармро мегиранд. Яке аз вазифаҳои бисёр муҳиме, ки пешорӯйи роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар истодааст, масъалаи омодагӣ ба зимистон аст. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз ҷараёни тайёрӣ ба зимистон дар вилояти Суғд бо муовини раиси вилояти Суғд, раиси ситоди зимистонгузаронӣ Қаюмов Мубинҷон Муъминҷонович суҳбат доштем.
-Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти №122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013 -2014» қарори раиси вилояти Суғд дар ҳамин маврид ҳанӯз 24 апрели соли 2013 ба тасвиб расида буд, — гуфт Мубинҷон Муъминҷонович.
Бино ба гуфтаи мавсуф, вобаста ба татбиқи қарори мазкур ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, дар ин бобат нақшаи чорабиниҳо иборат аз 17 банд, ки фарогири комили нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тасдиқ гардид. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва зерсохторҳои вилоят низ қарорҳои дахлдори марбути ин масъала қабул гардида, ситодҳои доимоамалкунанда зери роҳбарии раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони аввал ба фаъолият шуруъ карданд. Гузашта аз ин, мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда дар моҳҳои июл -октябри соли равон таҳти сарварии роҳбари ситоди вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо ситоди сайёри вилоятӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа, дар ин давра барои фаъол намудани дегхонаҳо ва захираи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, идораҳои вилоятӣ, корхона, ташкилоту муассисаҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои мушаххас андешида, барои гарм кардан бо сӯзишвории алтернативӣ, аз қабили ангишт, ҳезум ва мазут омода шуд. Дар вилоят тӯли ин давра ба миқдори 5008,4 тонна ангиштсанг захира ва аз ин миқдор ба ташкилотҳои буҷетӣ ҳоло 3254,8 тонна ангишт дастрас гардида, бақияи ангишт дар анборҳои ташкилотҳои ҷамъиятҳои матлуботи вилоят ба миқдори 677,8 тонна нигоҳ дошта мешавад.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, бо назардошти захираҳои мавҷуда, захира намудани 2620 тонна ангишт ва 1554 метри мукааб ҳезум дар назар аст.
Бо мақсади бо ангиштсанг ва ҳезуми дурушт таъмин намудани муассисаҳои буҷетӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 5681,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф 4072,9 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 1020,5 ҳазор сомонӣ ва дигар соҳаҳои буҷетӣ 588,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Инчунин барои шаҳру навоҳии субвенсионии вилоят аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 712,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳри Истиқлол 11,8 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ашт 187,2 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ғончӣ 325,3 ҳазор сомонӣ, Шаҳристон 104,0 ҳазор сомонӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 84,5 ҳазор сомонӣ маблағ равона мегардад.
Дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят захираи маводи зиддилағжиш, бо назардошти маводи аз зимистони солҳои 2012-2013 боқимонда, наздик ба 90 фоизи нақша захира шуда, захираи ҳезум ва ангишт аз нақша бештар таъмин гардидааст.
Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд якҷо бо хоҷагиҳои кишоварзии вилоят барои захира намудани миқдори зарурии маҳсулоти хӯрокаву кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар ин бобат шартномаҳо баста шуда, дар анборҳои дохилихоҷагӣ захира намудани маҳсулот идома дорад. Барои захиракунӣ баробари ҳосили асосии зироатҳо, инчунин маҳсулоти аз кишти такрорӣ истеҳсолшуда низ истифода мешавад.
-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 аз тамоми имконияти мавҷуда истифода менамояд,- гуфт Мубинҷон Қаюмов дар поёни суҳбат.
Дар вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ як идда шаҳру навоҳӣ, аз қабили шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен махсусан хуб омода шудаанд.
-Барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен як қатор чораю тадбирҳоро амалӣ кард,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Спитамен Муҳтадӣ Маҷитов ва афзуд:
-Ҳар моҳ як маротиба маҷлиси ситоди ноҳиявӣ ва ҳар ҳафта маҷлиси ноҳиявӣ дар назди раиси ноҳия оид ба ин масъала гузаронида мешавад.
Дар маҷлисҳо доир ба иҷрои бандҳои нақша- чорабиниҳои мазкур гузориши ашхоси муваззаф шунида, таҳлили соҳаҳои гуногуни ноҳия низ дар ин масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Барои таъмини фаъолияти муътадили муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию маърифатӣ дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2013- 2014 дар соҳаи маориф ва тандурустӣ гурӯҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил шуда, аз ҳолати ҳар як мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва иншоотҳои фарҳангӣ дидан менамояд.
Шуъбаи маорифи ноҳия ба ҷойи 300 тонна ангишти нақшавӣ, 355,7 тонна ангишт захира карда, иҷрои нақшаро ба 118,6 фоиз расонид. Нақшаи захираи ҳезуму оинабандии синфхонаҳо бештар аз 100 фоиз иҷро шуда, 731 адад бухорӣ (печка) ва дудбароҳои он тайёр буда, барои синфхонаҳои компютерӣ 20 адад генератор омода аст. Ҳабдаҳ мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва панҷ кӯдакистон бо барқи доимӣ пайваст гардид.
Дар беморхонаи марказӣ 50 тонна ангишт, 20 метри мукааб ҳезум захира шудааст, ки аз нақша зиёд мебошад. Нақшаи оинабандии палатаву биноҳо низ пурра иҷро гардид.
Мо аз раиси ноҳия хоҳиш кардем, ки чанд сухан роҷеъ ба фаъолияти ҷамъияти матлуботи ноҳия дар ин маврид ҳарф занад. Ӯ минҷумла чунин гуфт:
-Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ҷамъияти матлуботи ноҳия барои дар ҳаҷми зарурӣ захира ва нигоҳдории меваю сабзавот, консерва, орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ангишт, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҷамъияти матлуботи ноҳия бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия барои захира кардани 720 тонна маҳсулоти кишоварзӣ шартнома ба имзо расонид.
Барои таъмини ташкилотҳои буҷетӣ ва аҳолии ноҳия бо ангишт ҷамъияти матлуботи ноҳия бо ҶСШК-и «Ангишт»-и шаҳри Исфара барои дастрас намудани 680 тонна ангишт шартнома баст. То имрӯз ба анбори ҷамъияти матлубот 380 тонна ангиштсанг ворид гашта, 288 тоннааш ба ташкилотҳои буҷетӣ дода шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳим аз тирамоҳу зимистон беталаф баровардани паррандаву чорвост. Захираи хӯрока барои зимистонгузаронии чорвою парранда дар ноҳия басандагӣ мекунад.
Раёсати кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ- фермерӣ оид ба тайёр ва захира намудани тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҷиҳати сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳо, бунёди боғу токзорҳо, инчунин захираи зарурии хӯрокаи чорво барои зимистонгузаронӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 захира кардани намаки техникӣ, равғанҳои молиданӣ, иваз кардани шишаҳо, таъмири биноҳо ва нақлиёти мавҷуда, тоза кардани таҳхонаҳо, захира кардани ангиштро сари вақт анҷом дод.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия баҳри омодагӣ ба ин фаслҳо 293 метри мукааб маводи зиддилағжиш, ба қадри зарурӣ ҳезуму сӯзишвории дизелӣ захира кард.
Дар маркази ҷамоатҳо ва деҳаҳои дурдасти ноҳия якҷоя бо ҷамъияти матлуботи ноҳия 50 нуқтаи фурӯши ангиштсанг ва 20 нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил шудааст,- гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳияи Спитамен Муҳтадӣ Маҷитов.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»