Чаро бархе аз мансабдорон муқаррароти қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро сарфи назар мекунанд?

№57 (4007) 21.05.2019

 Боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Муносибатҳои воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо» ном дорад.

Он моддаҳои 23-27-ро дар бар гирифтааст. Моддаи 23, ки «Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот» ном дорад, муносибати мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳоро бо воситаи ахбори омма ба танзим медарорад. Мувофиқи қисми 3 моддаи мазкур, «мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад».

Мутаассифона, солҳои охир аз ҷониби баъзе аз мансабдорон ин меъёр ба инобат гирифта намешавад. Ҳар рӯз зарурат пеш меояд, ки ба мақомоти гуногуни давлатӣ барои гирифтани маълумот муроҷиат намоем. Боиси таассуф аст, ки бархе аз кормандони ­масъули вазорату идораҳо барои додани ҳатто як факту рақам аз корманди ВАО мактуби расмӣ талаб мекунанд. Ҳоло баъзе аз мансабдорон, ки шояд чӣ будани матбуотро намедонанду нақши онро дар пойдории сулҳу субот дарк намекунанд, бо журналистон хунукназарона муносибат карда, аз додани иттилооти зарурӣ саркашӣ менамоянд. Ҳангоми муроҷиат ба вазорату идораҳо баъзан лозим мешавад, ки аз роҳбарони ВАО то муассисони онҳоро барояшон муаррифӣ намоӣ. Шояд иддае аз мансабдорон то ҳол дарк накардаанд, ки журналистон бештар аз онҳо дар бораи ободиву оромии ҷомеа меандешанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иттилоот, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Олим Салимзода зимни суҳбат гуфт, ки мақомот бояд сари вақт иттилои заруриро ба рӯзноманигорон пешниҳод кунанд.

- Дастрасӣ ба иттилоотро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» муайян кардаанд. Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки мақомоти масъул нисбат ба муроҷиати рӯзноманигорон бояд бетаваҷҷуҳ набошанд, — зикр кард номбурда.

Муҳаққиқи соҳа, устоди ДМТ Қироншоҳ Шарифзода изҳор дошт, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар қонунгузорӣ возеҳ буда, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» муқаррар шудааст.

- Агар иттилооти дархостӣ оҷилона бошад, тибқи қонун бояд фавран қонеъ карда шавад. Мувофиқи талаботи дигар то се рӯз. Агар иттилоот омӯзиши иловагиро талаб намояд, қонун муқаррар намудааст, ки он дар давоми 30 рӯз пешниҳод гардад.

Дар сурати қонеъ нагардонидани дархосткунанда, манбаи иттилоот бояд ҷавоби хаттӣ гардонад. Меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва соҳа мебошанд, — зикр кард ӯ.

- Вақте иттилооти зарурӣ барои журналист ­дастрас нест, ин ба сиёсати пешгирифтаи иттилоотии давлат мухолиф аст ва ба зарари ниҳодҳои ҳукуматӣ анҷом меёбад, — афзуд вай.

Номбурда, ҳамчунин, зикр кард, ки муносибати хунукназарона то андозае сарфи назар намудани Фармони №622 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлиливу танқидии ВАО» низ ҳаст.

Аз Қироншоҳ Шарифзода сабаби муносибати пасти баъзе аз мансабдорон бо журналистонро пурсидем. Ба андешаи ӯ, сабаб дар он аст, ки мансабдорон ба вазифаи бадӯшдош­таашон муносиб нес­танд.

Чунин нафарон бояд донанд, ки мувофиқи қонунгузории кишвар беасос надодани иттилоот ҷавобгариро дар пай дорад. Шояд аз ин муқаррароти қонунгузорӣ истифода накардани журналистон мансабдоронро фориғбол карда бошад?

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода гуфт, ки гарчанде иҷро накардани қонун ҷавобгариро дар пай дорад, аммо одоби шарқӣ намегузорад, ки бинобар надодани иттилоот мансабдореро нашрия ва ё рӯзноманигор ба суд диҳад.

Қироншоҳ Шарифзода низ изҳор дошт, ки на ҳама рӯзноманигорон аз меъёрҳои муайяннамудаи қонун истифода мекунанд.

- Аз соли 2010 ёд надорам, ки журналист ниҳодеро барои надодани иттилоот ба суд дода бошад. Аз соли 2010 пештар Агентии иттилоотии «Авесто» чанд корхонаи давлатиро барои надодани иттилоот ба суд дода буд, вале он ҳам ба таври дақиқ баррасӣ нашуд, — зикр кард ҳамсуҳбатам.

 КОТИБИ МАТБУОТӢ Ё «ТАРОШАИ АЗ БОМ АФТИДА»?

Дар ҳоле ки Президенти кишвар ба ҷомеаи журналистӣ эътиқоду ­эътимод дошта, дар аксари сафарҳо журналистонро ҳамроҳ гирифтаву ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд, чунин муносибати баъзе аз мансабдорон ғайримантиқист. Дар як сол ду бор гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ, Фармони №622 Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба ВАО дарак медиҳад. Пас чаро баъзе аз мансабдорон дар расонаӣ кардани иттилоот монеагузорӣ мекунанд?

Боре мақола нашр кардам, ки дар он яке аз соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чун дар гирифтани маълумоти расмӣ котиби матбуотии вазорати марбута кумак кард, пас аз нашр занг задаву барои сарлавҳа эрод гирифт. Аз ӯ таҷрибаи журналистиашро пурсидам. Посух дод, ки журналист нест, аммо панҷ сол боз бо рӯзноманигорон сарукор дорад. Вақте фаҳмондам, ки вазифааш танҳо додани маълумот аст, на муайян кардани он ки журналист чӣ менависаду чӣ гуна сарлавҳа мемонад, гуфт дар сурати мувофиқи табъ набаромадани мақолаи дар ҳамкорӣ бо вазорат омодашуда аз вазир гап мешунавад.

Мутаассифона, дар баъзе аз вазорату идораҳо нафароне бо сатҳи фаҳмиши паст вазифаҳои пешбурди идеологиро ба уҳда доранд.

Ба андешаи мо, дар чунин шакл гирифтани муносибат бо журналистон, пеш аз ҳама, котибони матбуотии чун «тарошаи аз бом афтода» нақш доранд.

Муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода низ ба ин назар аст, ки котибони матбуотие, ки ихтисосашон журналист аст, муносибаташон бо журналистон хуб мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунад, ки ба вазифаи котибони матбуотӣ ва мудирони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа журналистони касбӣ ҷалб карда шаванд, то дар «асри иттилоот» тавонанд дар баробари таҳоҷуми иттилоотӣ манфиатҳои давлату миллат­ро ҳимоя намоянд.

 БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Аксар муҳаққиқон ба ин назаранд, ки мақомот бояд ВАО-ро чун шарики боэътимод қабул намояд ва монеаҳои сунъиеро, ки дастрасӣ ба иттилооти расмиро душвор мекунанд, бартараф гардонад.

Чанд сол дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикис­тон» курсҳои омӯзишӣ барои журналистон ташкил карда мешаванд. Ба ин гуна курсҳо баъзан нафароне ҷалб мегарданд, ки хатмкардаи факултетҳои журналистӣ мебошанд ва нозукиҳои касбро дар донишгоҳ аз худ кардаанд. Хеле хуб мешуд, агар чунин курсҳои омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ низ ташкил мегардиданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»