Суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми кишварҳо

№57 (4007) 21.05.2019

Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»

40900767033_720d26e8ef_o17 майи соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, илм, иртиботи оммавӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангии давлатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, инфрасохтори сохтмон, телекоммуникатсия, технологияи олӣ ва инноватсия, рушди бахши кишоварзӣ ба манфиати кишварҳои аъзо табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори азнавсозии платформаи иқтисодии СҲШ, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаб­буси «Як камарбанд, як роҳ», таъсиси хатсайрҳои нақлиётӣ — логистикии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ба воситаи Хитой ва Россия бо бозорҳои ҷанубу шарқии Осиё ва давлатҳои Аврупо, бунёди институтҳои молиявии — Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ва таъсиси Маркази зидди мухаддиротии СҲШ мебошад.

Ҳамчунин, тарафҳо масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм ва роҳҳои маблағгузории онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

*****

46951085045_d71ec995a3_o17 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории ду кишвар ва иштироки ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавассути иштироки фаъол дар тадбирҳои муштарак метавонанд дар таъмини амну субот дар минтақа низ саҳми фаъол дошта бошанд.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили бомуваффақонаи ҳамоиши сатҳи баланд ва меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд доданд.

Робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, муносибатҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ аз ҷумлаи мавзӯъҳои дигари суҳбат буданд.

*****

33990041478_2106126310_o17 майи соли ҷорӣ дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосири ба амнияти кишварҳои минтақа таъсиргузор иброз доштанд, ки танҳо ҳамгироии кишварҳо ва муборизаи муштарак имкон фароҳам меорад, ки ҳама гуна мушкилӣ аз байн бурда шавад.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани конфронс, пешсафӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва ҳукумат ва мардуми ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.

*****

46956460105_59d1de1a1d_o18 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дош­танд, ки Тоҷикистон ба рушду гус­тариши муносибатҳои шарикӣ бо Қазоқистон ҳавасманд аст ва мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ боз як имкони дигар барои баррасии самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо робитаҳои судманд дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд.

Масъалаҳои таъмини амният ва мушкилоти глобалӣ дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

*****

40906203143_f01071207a_o18 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷарёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду таъмиқи робитаҳо бо Япония таваҷҷуҳи хоса дорад ва барои густариши ҳамкории судманд дар ҳама сатҳу ҳайат талош меварзад.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаи сафарҳои ҷавобии расмии сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави робитаҳо дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва туризм табодули андеша карданд.

Масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония», Агентии байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ — «Ҷайка» ва дигар барномаҳои ояндадор низ баррасӣ шуданд.

Таъсиси Маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳои хуштаъми Тоҷикистон ба Япония, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдан, фарматсевтика, таъсиси корхонаҳои коркарди пахта, пилла ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз онҳо аз самтҳои дигари судманди ҳамкорӣ маънидод гардиданд.

Масъалаҳои ҳамкории амниятӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буданд.

www.president.tj