Аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 сол сипарӣ мешавад. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Пеш аз ҳама ва муҳим он аст, ки ҳаёт дурустии арзишҳоеро, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, собит намуда, нишон дод, ки онҳо ҷавобгӯйи мақсаду мароми мардуми кишвар мебошанд. Ба шумули арзишҳо инҳо дохил мешаванд: эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ; арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ; сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёрӣ будани халқи Тоҷикистон; ягонагӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон; гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ; озодии эътиқод, сухан ва воситаҳои ахбори омма; фаъолияти озодии иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият; дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ.
Конститутсия истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Бояд зикр намуд, ки соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеаро ба як номуайянӣ гирифтор карда буд. Маълум набуд, ки мо кадом роҳи инкишофи ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи Конститутсия эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини имрӯзаи ҷаҳон мебошад. Чунин интихоб ба ҳамроҳшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд.
Конститутсия шакли идораи ҷумҳурии президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва сариштаёфтаи ҳокимияти иҷроия созмон дода шавад, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардад, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад.
Қобил ба ёдоварист, ки дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд институти президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин ҷо ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд. Мухолифини институти президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯйи кор буд, такя мекард.
Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия ду лоиҳа – яке бо номи «лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» тарафдорони бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҷо нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ бевосита иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро собит намуд. Гузашта аз ин, дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ чунин таъкид карда буд: «Шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад». Нуздаҳ соли амали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустӣ ва ба шароити мамлакат созгор будани ниҳоди президентиро собит кард.
Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ризоияти миллӣ ба даст оварда шуд ва дар асоси он Конститутсия низ такмил ёфт. Тағйиру иловаҳои солҳои 1999 ва 2003 давлатдории муосири Тоҷикистонро боз ҳам мукаммал гардонид. Конститутсия асосҳои ҳуқуқии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда, баҳри инкишофи минбаъдаи онҳо низ мусоидат намуд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 заминаҳои ҳуқуқӣ-сиёсии ҷомеаи навини Тоҷикистонро муҳайё сохт ва минбаъд низ барои таҳким ва рушди он хизмат хоҳад кард.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон