ноҳияи Данғара, 24 майи соли 2019
Ҳозирини гиромӣ!
Дар мулоқоти соли гузашта мо масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, вазъи соҳаи кишоварзиро, ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳбарону масъулонро вазифадор карда будем, ки доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Масъалаҳои вобаста ба татбиқи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2016 — 2020» бо дарназардошти хусусиятҳои хоси иқтисодии вилоят ва бо истифода аз захираву имкониятҳо ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои афзалиятнок, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи дастурҳои додашуда буданд.
Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон буда, дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нақши калидӣ мебозад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди дастовардҳои солҳои охир, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он имконият ва иқтидорҳои худро то ба имрӯз пурра истифода накардаанд.
Дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон амалӣ намудани 279 лоиҳа пешбинӣ шудааст, вале то имрӯз дар 172 лоиҳа иҷрои корҳо таъмин нагардидааст.
Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Левакант, Балҷувон, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Қубодиён, Темурмалик, Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, иҷрои онҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Вобаста ба ин, роҳбарони Кумитаи рушди маҳал, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории бандҳои иҷронагардидаи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба иҷрои онҳо то охири соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.
Вилоят дар чор моҳи соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад нақшаи ҳаҷми умумии буҷетро 100 фоиз иҷро кардааст, вале сифатнокии он ҳанӯз беҳбудиро тақозо менамояд. Ғайр аз ин, дар соли 2019 ба вилояти Хатлон аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳои муҳим зиёда аз 540 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаҳои банақшагирии дурусти буҷетҳои маҳаллӣ, мутобиқати хароҷот ба меъёрҳои муқарраргардида, арзёбии имкониятҳои воқеии манбаъҳои андоз, сифати иҷрои буҷет ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки тавассути таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва афзоиш додани манбаъҳои андозбандӣ барои таъмини қисми даромади буҷети вилоят тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин раванд, масъулон вазифадор карда мешаванд, ки омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунандаро бартараф карда, доир ба ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниву ҷиноятҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
Яке аз воситаҳое, ки барои афзоиши даромади буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд, аз ҳисоби бунёди корхонаву коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гардонидани манбаъҳои андоз, рушди бемайлони соҳаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, саноату кишоварзӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ҳамкориро бо соҳибкорони ватанӣ таҳким бахшанд, корхонаҳои хурду миёнаи нав таъсис диҳанд ва раванди саноатикунониро дар вилоят вусъат бахшанд.
Дар баробари ин, корхонаҳои азкормондаро ба кор дароварда, ҷиҳати ворид кардани технологияҳои нави каммасраф чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамзамон бо ин, дар ҳалли масъалаҳои мазкур бо соҳибкорон ва шарикони рушд ҳамкорӣ карда, ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Тибқи маълумот, дар вилоят моҳҳои январ-марти соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,7 миллиард сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 7,3 фоиз расидааст. Ин нишондиҳанда аз сатҳи миёнаи кишвар ду баробар кам буда, боиси нигаронист.
Ҳадафи чаҳоруми миллӣ, яъне, саноатикунонии босуръати кишвар, роҳбарони ҳар як шаҳру ноҳияро вазифадор месозад, ки корро дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди саноати сабук, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тақвият бахшида, ҳамкориро бо бахши хусусӣ боз ҳам васеъ ба роҳ монанд.
Дар вилоят истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Аммо бо сабаби набудани корхонаҳои коркард қисми зиёди маҳсулот талаф ёфта, истеъмол ва истифода намегардад. Аз ин рӯ, ба бунёди коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққат додан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 апрели соли 2019 дар вилоят қариб 100 ҳазор субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 3,6 фоиз зиёд мебошад.
Ҳоло дар вилоят ҷиҳати сохтмону азнавсозии роҳҳо, таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ, обтаъминкунӣ ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ 32 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 4,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки то соли оянда шаш лоиҳаи нави сармоягузории давлатӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад. Бо вуҷуди қаноатбахш будани чунин вазъ, татбиқи лоиҳаҳо вусъати бештар мехоҳад, зеро иқтидорҳо дар вилоят хеле зиёданд.
Дар соли 2018 ва се моҳи соли 2019 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 85 фоизи он аз қарзҳои хурд иборат мебошад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ҳудуди вилоят дар семоҳаи якуми соли 2019 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз афзудааст, вале ҳиссаи он ҳамагӣ 20 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои кишварро ташкил медиҳад.
Зиёда аз 50 фоизи қарзҳои ба вилоят додашуда ба шаш шаҳру ноҳия – Кӯлоб, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Ҷайҳун рост меояд.
Бинобар ин, Бонки миллӣ бояд якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои нисбатан кам будани қарзро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят омӯхта, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд. Илова бар ин, зарур аст, ки ҳаҷми бештари қарзҳо, дар навбати аввал, ба соҳибкории истеҳсолӣ ҷудо карда шавад.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз 2089 корхона 712 корхона фаъолият накардааст ва аз 520 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ 209 корхона умуман фаъолият накарда, дар 54 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатии камфаъолият ва аз фаъолият бозмондаро таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои фаврӣ андешанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо масъалаи тибқи муқаррарот бекор кардани асноди корхонаҳоеро, ки беш аз панҷ сол хусусӣ шудаанду то ба ҳол ҷиҳати азнавсозӣ ва рушди онҳо чораҷӯйӣ нашудааст, баррасӣ карда, доир ба механизми аз нав ба фурӯш гузоштани чунин корхонаҳо дар миқёси вилоят пешниҳод манзур намояд. Дар вилоят чунин корхонаҳо хеле зиёданд, ки хусусӣ шудаанд, аммо даҳсолаҳост, ки ҷиҳати фаъол гардонидани онҳо тадбире андешида намешавад.
Бояд таъкид намоям, ки дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 6200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 1752 иншоот, аз ҷумла, дар чор моҳи соли 2019 — ум 589 иншоот, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дирӯз мо дар деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғара чандин иншооти навбунёдро, ки бо заҳмати дастҷамъонаи сокинони он ва бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудаанд, ба истифода супоридем. Боиси ифтихору хушҳолист, ки дар як деҳаи дурдасти кишвар Парчам ва Нишони давлатӣ бо майдони ободу зебо, мактаби муосир, муассисаҳои замонавии тиббӣ, роҳҳои чароғон ва дигар иншооти муҳим қомат афрохта, симои деҳа ба шаҳраки ҳозиразамон монанд шудааст.
Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоиву иқтисодии банақшагирифташуда тақвият бахшанд ва ҳамкориро бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ва умуман, аҳолӣ густариш диҳанд.
Бо азму талоши мардуми вилояти Хатлон соли 2018 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ асосан таъмин шудааст, вале вазъи соҳа ҳанӯз беҳбудӣ мехоҳад. Дар вилоят ҳоло ҳам кишти такрорӣ ба ҳукми анъана надаромада, заминҳои холӣ ва киштгардоннашуда зиёд мебошанд. Ман дар яке аз вохӯриҳои худ бо кишоварзон ишора карда будам, ки дар баъзе мавзеъҳо то чор ҳосил гирифтан мумкин аст. Мутаассифона, дар баъзе ноҳияҳои вилоят кишти дуюм низ босифат ба роҳ монда нашудааст, ки бояд доир ба бартараф намудани ин камбудӣ чораҷӯйӣ карда шавад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ қариб ба 800 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд шудааст ва суръати афзоиш дар соҳаи растанипарварӣ 33 фоиз ва чорводорӣ беш аз 5 фоиз таъмин гардидааст. Чунин суръати афзоиш барои вилояте, ки ҷиҳати рушди ин соҳа имконоти васеъ дорад, басанда нест. Мо бояд ба афзун намудани саршумори чорво ва рушди соҳаи растанипарварӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Дар баробари ин, дар вилоят соли 2018 истеҳсоли пахта назар ба соли 2017-ум 80 ҳазор тонна кам шудааст, ки нишонаи бетаваҷҷуҳӣ ба ин соҳаи афзалиятнок мебошад. Аз ин миқдор пахта 28 000 тонна нах ва 45 000 тонна чигит истеҳсол мешуд, ки аз он 7 000 тонна равған ва 35 000 тонна хӯроки чорво гирифтан мумкин буд. Аз ин рӯ, роҳбарону масъулон вазифадор карда мешаванд, ки сабабҳои кам шудани ҳосили пахтаро ҳаматарафа омӯхта, дар оянда ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти пахта чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корро дар самти ояндабинии дуруст ва таҳияи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта, таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Захираҳои мавҷудаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз ҳам дар миқёси мамлакат ба таври пурра истифода нашудаанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, агротехникаи парвариш ва обёрӣ, истифодаи васеи техникаву технологияҳои пешрафта ва тухмиҳои хушсифат дар ҳамаи зинаҳои истеҳсолӣ, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, доир ба вусъат додани моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, парандапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва беҳтар кардани зоти чорво чора андешида, аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида ҳар се моҳ ба Ҳукумати мамлакат гузориш ирсол намоянд.
Масъалаҳои баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор ва коркарди меваю ангур, ки аҳамияти содиротӣ доранд, дар шароити кунунӣ ниҳоят арзишманд мебошад. Аз ин рӯ, ҷиҳати истифодаи технологияҳои каммасрафи об, афзоиш додани майдони боғҳои интенсивӣ ва навъҳои содиротии мева, сари вақт ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркард намудани ҳосил бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Ғайр аз ин, ба ташкили корхонаҳои муосири коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли консерваю афшураҳо бояд диққати аввалиндараҷа дода, бо ин мақсад сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда шавад.
Тибқи омори гумрукӣ, соли 2018 аз вилоят зиёда аз 18 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз он ҳамагӣ 92 тоннаашро меваи хушк ташкил медиҳад. Ҳарчанд, ки содироти пиёзи барвақтӣ ба ҳолати 22 майи соли 2019 ба 20 ҳазор тонна расидааст, вале ин нишондиҳанда ҳиссаи ночизи истеҳсоли дохилӣ мебошад. Чунин ҳолат, яъне, вазъи содирот, қонеъкунанда набуда, иқтидорҳои вилоят дар самти содироти мева ва сабзавоти барвақтию мавсимӣ пурра истифода намешаванд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо Агентии содирот ҷиҳати ташкили инфрасохтори зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, маҳсулоти коркарди онҳо чораҷӯйӣ намоянд ва ҳамкориро бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот мунтазам тақвият бахшанд.
Тибқи маълумот, то 1 майи соли 2019 дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Ҳукумати мамлакат ба масъалаи коркарди ниҳоии нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он эътибори ҷиддӣ ва доимӣ медиҳад. Зеро зиёд намудани майдони кишти пахта ва коркарди ниҳоии он яке аз роҳҳои таъмин намудани аҳолии кишвар, махсусан, сокинони деҳот, бо ҷойҳои корӣ ва яке аз василаҳои ба масири рушди саноативу аграрӣ баровардани Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳудуди вилоят аз моҳи сентябри соли 2018 то марти соли 2019 аз 179 ҳазор тонна пахтаи ҷамъоваришуда 152 ҳазор тоннаи он дар 44 корхонаи пахтатозакунӣ коркард шуда, 21 корхона умуман фаъолият накардааст. Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пахтакори кишвар супориш дода мешавад, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакор, фаъолияти мунтазами корхонаҳои коркарди пахта ва хариди ин маҳсулот бо арзиши аслии он чораҳои муассир андешанд.
Соли 2016 дар ноҳияи Данғара яке аз корхонаҳои калонтарини коркарди нахи пахта — Маҷмааи истеҳсолии нассоҷии «Ҷунтай-Данғара» бо иқтидори коркарди 10 000 тонна нахи пахта дар як сол ба кор шурӯъ намуда, марҳалаи дуюми он — истеҳсолоти ресандагӣ моҳи ноябри соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуд. Вале таъкид месозам, ки то ҳанӯз қафомонӣ дар корҳои сохтмону васлкунии марҳалаҳои навбатии ин маҷмааи бузург ба назар мерасад, ки хеле ташвишовар аст.
Ҳоло корхона бо иқтидори нав дар як сол 15 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, 12 ҳазор тонна ришта истеҳсол мекунад. Дар маҷмӯъ, иқтидори ресандагии корхона коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол ташкил намуда, дар сурати пурра фаъолият кардани он 530 ҷойи доимии корӣ муҳайё мегардад. Корхона дар семоҳаи аввали соли 2019 — ум 3185 тонна ришта истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1242 тонна ё 64 фоиз зиёд мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Данғараро зарур аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида барои ба кор андохтани силсилаҳои навбатии маҷмааи истеҳсолии зикршуда, аз ҷумла, сари вақт ба роҳ мондани истеҳсолоти бофандагиро таъмин намоянд.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки ҷиҳати пурра аз худ кардани 15 ҳазор гектар замини барои корхонаи мазкур ҷудогардида вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара бояд чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бо вуҷуди захираҳои зиёди ашёи хом дар вилояти Хатлон фаъолияти корхонаҳои саноати сабук низ қаноатбахш нест. Ҳафт корхонаи саноатии вилоят, ки иқтидори лоиҳавии коркарди зиёда аз 26 000 тонна нахи пахтаро доранд, соли 2017 ҳамагӣ 6500 тонна ва соли 2018-ум 11 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардаанд. Илова бар ин, тибқи маълумоти оморӣ, аз 168 корхонаву коргоҳҳои соҳаи нассоҷии вилоят ҳамагӣ 61 ва аз 17 корхонаву коргоҳи соҳаи дӯзандагӣ 7 корхона фаъолият кардааст. Чунин вазъ роҳбарону масъулони соҳаро водор месозад, ки доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҳар чӣ зудтар чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Азхудкунии заминҳои нав, истифодаи самарабахши замин, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ба эътидол овардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва дигар тадбирҳои агротехникӣ омилҳои асосии афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.
Дар моҳҳои январ-апрели соли 2019 дар ҳудуди вилояти Хатлон қариб 700 гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ баргардонида, беш аз 1400 гектар заминҳои нав аз худ карда шудаанд. Вале ин ҳанӯз кам буда, имконияти зиёд намудани майдони заминҳо дар вилоят вуҷуд дорад.
Дар қаламрави вилоят соли 2018-ум 21 ҳазор гектар замини партов ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин рӯ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор аз ҳисоби беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо зиёд кардани кишти зироатҳо, иҷрои сифатноку саривақтии «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда»-ро таъмин намоянд. Инчунин, роҳбарону мутахассисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар заминҳои партов ва талу теппаҳо дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида, майдони ҷангалзорҳо ва парваришгоҳҳои чунин дарахтонро васеъ гардонанд.
Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 20 майи соли 2019-ум 54 гектар гармхонаҳои доимамалкунанда ва 653 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият дошта, аз онҳо қариб 10 ҳазор тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст, ки назар ба соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарону мутахассисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати кишоварзӣ ва масъулони соҳа дар самти боз ҳам зиёд намудани майдони гармхонаҳо ва ворид намудани технологияҳои муосир тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ба маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин кардани талаботи бозори дохилӣ бояд ба ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти он ба кишварҳои дигар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.
Ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне чӣ маҳсулоти растанипарварӣ ва чӣ чорводорӣ, яке аз омилҳои муҳими афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ва муҳайё кардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар корхонаҳои мавҷудаи мамлакат коркарди маҳсулоти чорво ва меваю сабзавотро ҳар чӣ бештар ба роҳ монда, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолиро таъмин намоянд.
Вилояти Хатлон дар бобати таъмин намудани бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти чорводорӣ имкониятҳои хеле зиёд дорад. Дар вилоят саршумори чорвои калон дар панҷ соли охир аз 871 ҳазор сар то 986 ҳазор сар расонида шудааст, ки беш аз 90 фоизи он ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Саршумори чорвои хурд дар ин давра аз 2 миллион сар ба 2,4 миллион сар афзоиш ёфтааст, ки 40 фоизи саршумори чорвои хурди кишварро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, қариб 90 фоизи истеҳсоли гӯшт ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Чунин ҳолат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои фермерӣ дар соҳаи чорводорӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Парандапарварӣ, яъне, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, низ соҳаи муҳим буда, саршумори паранда дар вилоят имрӯз 1,9 миллион сарро ташкил медиҳад. Талафоти саршумори он дар моҳҳои январ-марти соли 2019 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8 баробар зиёд шудааст, ки андешидани тадбирҳои ҷиддии пешгирикунандаро талаб менамояд.
Таъкид месозам, ки ташкили фаъолияти самараноки хоҷагиҳои чорводориву парандапарварӣ ва таъмин намудани онҳо бо хӯрокаи хушсифат кафолати афзоиши даромади хоҷагиҳо ва таъмини саривақтии бозори истеъмолии кишвар бо гӯшту шир ва тухм ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз мавсими боришоти зиёд дар фасли баҳор ва зиёд шудани алафи табиӣ бояд ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2021, яъне, барои ду соли минбаъда, ҳаматарафа омодагӣ бинем. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ва истифодаи самараноки онҳо, кишти навъҳои серғизои хӯроки чорво, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини фонди давлатии ҷангал, сари вақт ҷамъоварӣ кардани алафи табиӣ ва захира намудани хӯроки дурушти чорво барои на кам аз ду сол ҳамкориро бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, бо истифодаи тамоми захираву имкониятҳо бояд саршумори чорвои хушзоту сермаҳсул зиёд карда шавад.
Мо соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарвариро дастгирӣ карда, соли ҷорӣ дар ин самт як қатор имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ намудем. Вале аз ин ҳисоб дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят соли 2018 истеҳсоли тухм ҳамагӣ 6,8 миллион донаро ташкил кардааст. Дар хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳамин давра беш аз 70 миллион дона тухм истеҳсол шудааст.
Чунин ҳолат аз нокифоя будани кор дар самти ташкили корхонаҳои парандапарварӣ дар вилоят гувоҳӣ медиҳад. Дар ин масъала танҳо Корхонаи парандапарварии «Беҳамто» дар ноҳияи Ёвон истисно шуда метавонад.
Вилояти Хатлон дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли моҳӣ имкониятҳои фаровон дорад.
Аз ин рӯ, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро доир ба дастгирии ҳаматарафаи соҳибкорону сармоягузорон дар соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ тақвият бахшанд ва ҷиҳати ташкили корхонаҳои хӯроки паранда ва моҳӣ корҳои амалиро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон бо ин, бояд бо истифода аз захираву имкониятҳо доир ба рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Инчунин, дар самти баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми содироти он ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххас андешидан зарур аст.
Таъкид менамоям, ки вилояти Хатлон имкониятҳои бузурги рушди соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва туризмро дорад. Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда оид ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баровардани шаҳру ноҳияҳои вилоят аз субвенсия чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Илова ба мушкилоту масъалаҳои зикршуда мехоҳам таъкид намоям, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ташаккул ва иҷрои буҷет, истифодаи замин ва масоили вобаста ба он камудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, зимни тафтиши маҷмӯии ташаккул ва иҷрои буҷети вилояти Хатлон ва 16 шаҳру ноҳияҳои он дар солҳои 2017 – 2018 зиёда аз 37 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Зарари молиявӣ бештар дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Кӯшониён, Фархор, Панҷ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ ва ноҳияи Восеъ ошкор карда шудааст.
Барои роҳ додан ба камбудиҳои молиявӣ 306 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 4 нафар аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шудааст.
Дар соли 2018 дар вилоят 576 ҷинояти коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шудаанд.
Шумораи бештари ҷиноятҳои ошкоргардида дар ноҳияи Вахш 87 ҳолат, шаҳрҳои Кӯлоб 56, Бохтар 56, ноҳияҳои Кӯшониён 64, Носири Хусрав 43, Ҷалолиддини Балхӣ 39, Восеъ 31, Ҷайҳун 29, Муъминобод 23 ва Хуросон 20 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҳудуди вилоят 134 ҷинояти коррупсионии вобаста ба замин ошкор гардидааст. Ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин бештар дар ноҳияҳои Вахш — 42 ҳолат, Абдураҳмони Ҷомӣ 16, Ёвон 13, шаҳри Кӯлоб 12 ва ноҳияи Ҷайҳун 9 ҳолатро ташкил кардаанд.
Субъектҳои содиркунандаи ҷинояти мазкур асосан раисон ва заминсозони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот — 47 нафар, кормандони кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳо – 41 нафар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ – 2 нафар ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – 2 нафар мебошанд.
Раисони баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми ҷудо намудан ва вобаста кардани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин, аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ қабул мекунанд. Дар давоми солҳои 2017 — 2018 ва чор моҳи соли 2019 аз тарафи мақомоти прокуратура ба 468 қарори ғайриқонунӣ қабулнамудаи раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда, онҳо бекор ё ба талаботи қонун мутобиқ гардонида шудаанд.
Аз ҷумла, ба қарорҳои раисони ноҳияҳои Ҷайҳун 45, Вахш 38, Фархор 36, Кӯшониён 33, Шаҳритуз 32, Восеъ 30, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25, Қубодиён 24 ва Ёвон 18 эътироз оварда шудааст. Яке аз сабабҳои чунин вазъ дар он аст, ки шахсоне, ки барои омода кардани қарор масъул мебошанд, аз ҷумла, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дастгоҳҳо, ҳуқуқшиносон, меъморон ва раисони кумитаҳои идораи замин дар иҷрои вазифаҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳо хулосаҳои нодуруст пешниҳод мекунанд ё худ лоиҳаи қарорҳоро наомӯхта, ба он имзо мегузоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони корхонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳру ноҳияҳои вилоят дар тақсимоти ғайриқонунии заминҳо даст зада, ҷиноят содир намудаанд.Чунончӣ, мутахассиси Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қурбонов Алишер дар давраи соли 2018 майдони 0,60 гектар заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Файзалӣ Саидов»-ро ба 6 нафар шаҳрвандон ба ивази 18000 доллар барои сохтмони манзили истиқоматӣ фурӯхтааст.
Бо истифода аз иштироки роҳбарону фаъолони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мехоҳам боз як масъалаи муҳимро таъкид намоям.
Соли ҷорӣ ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон беш аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ба 60 фоизи буҷети вилоят баробар буда, нисбат ба соли 2018-ум 17 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, хусусан, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва азнавсозии онҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нишаст ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар вилояти Хатлон нигаронкунанда мебошад.
Дар ин маврид мехоҳам ба чанд масъалаи ҳалталаби соҳаи маорифи вилоят таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоям:
- шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят назар ба соли хониши 2017-2018-ум 22 000 нафар афзудааст, ки барои ба раванди таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо ҳар сол зарурати бунёд намудани на кам аз даҳ мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба миён меояд;
- то ҳол дар вилоят 39 муассисаи таълимӣ фаъолияташонро дар се баст идома дода истодаанд;
- 303 муассисаи таълимӣ ба сохтмони бинои иловагӣ ва азнавсозӣ зарурат дорад;
- то ҳанӯз 11 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва се муассисаи таълимии дигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд;
- 17 фоизи компютерҳои муассисаҳои таълимии вилоят таъмирталаб шудаанд;
- аз шумораи умумии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии бо роҳхати Вазорати маориф ба мактабҳо фиристодашуда соли гузашта ҳамагӣ 60 фоизи онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.
Соли 2018 тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 муассисаи таълимии нав ва 194 синфхонаи иловагӣ бо муҳайё намудани беш аз 19 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, ки нишондиҳандаи мазкур барои яке аз вилоятҳои бузургу сераҳолии кишвар хеле кам мебошад.
Тавре ки гуфтам, то ҳол дар як қатор ноҳияҳои вилоят муассисаҳои таълимӣ дар биноҳои ҷамъиятӣ ва дигар иншооти ғайритаълимӣ амал мекунанд, ки чунин вазъ аз Вазорати маориф ва илм ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи маорифи вилоят «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021»-ро қабул карда, барои татбиқи он маблағи зиёд ҷудо намудааст. Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки доир ба вазъи иҷрои барномаи зикршуда ба Ҳукумати мамлакат гузориши муфассал пешниҳод намояд. Зеро, тибқи маълумот, ҷараёни татбиқи барнома дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор дорад. Масалан, дар доираи барнома бояд то соли 2021-ум 556 муассисаи таълимӣ бунёд карда шавад, аммо, гарчанде аз қабули он дуюним сол сипарӣ шудааст, дар ин муддат ҳамагӣ 26 бинои муассисаи нави таълимӣ бунёд гардидааст, ки 4,6 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Айни замон сохтмони 59 мактаби дигар идома дорад ва дар муддати дуюним соли боқимонда бунёд кардани 471 муассиса зери шубҳа боқӣ мемонад.
Соли 2018 дар вилоят 49 ҳазор хонанда синфи 11-ро хатм карда, 37 ҳазору 400 нафар ё 76 фоизи онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудаанд. Дар баробари ин, шумораи дохилшавии хатмкардагони соли 2018 ва солҳои қаблӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат бо сабаби паст будани сатҳи дониши довталабон, хусусан, дар мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Хуросон, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён ва Ҷайҳун, сол ба сол кам шуда истодааст. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар қаламрави вилоят тадбирҳои қатъӣ андешида, барои иҷро гардидани барномаҳои дар самти рушди маориф ва илм қабулшуда чораҳои иловагӣ амалӣ созанд.
Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 214 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 42 ҳолат зиёд мебошад. Инчунин, 27 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ муайян карда шудааст. Чунин вазъ далели камтаваҷҷуҳии роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа дар самти тарбияи дурусти фарзандон мебошад. Аз ин лиҳоз, бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар яки мо бояд нисбат ба сарнавишти наврасону ҷавонон бетараф набошем ва кӯшиш кунем, ки фарзандонамон аз муҳити таълиму тарбия берун намонанд. Зеро сармояи асосии ҳар як оила ва давлат, пеш аз ҳама, ҷавонони соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисоси замонавӣ мебошанд.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи корҳои ободониву созандагӣ – бунёди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, кашидани хатҳои обрасонӣ ва дигар амалҳои хайр, инчунин, иҷрои барномаҳои қабулшудаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, пеш аз ҳама, аз масъулиятшиносӣ, маҳорати кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигии шумо – роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ҷомеа вобаста мебошад.
Дар раванди лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳо доир ба бунёди иншооту биноҳои нав зарур аст, ки ба масъалаи риояи санъати баланди меъморӣ, технологияҳои муосири бинокорӣ ва сифати корҳои сохтмон эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҳоло моҳи шарифи Рамазон идома дорад. Ин моҳи муборак беҳтарин айёми анҷом додани амалҳои хайру савоб, яъне дасти ёриву меҳрубонӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон, беморону шахсони бесаробон, муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Ба ин маънӣ, дар як ҳадиси пайғамбари ислом чунин омадааст: — «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
Дар паёми табрикотии худ ба муносибати оғози моҳи Рамазон дар асоси ояти 60 – уми сураи «Тавба» гуфта будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон месозам, ки садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад.
Баъди чанд рӯз иди саиди фитр фаро мерасад. Бо истифода аз фурсат, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони вилояти Хатлон, масъалаи сарфаю сариштакориро такроран таъкид месозам. Оростани дастурхони серхарҷу пурдабдаба ғайр аз намоишкорӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ чизи дигаре нест. Ин хислатҳо дар дини мубини ислом ва ҳадисҳои пайғамбар маҳкум ва накӯҳиш шудаанд.
Доир ба ин масъала Расули Худо фармудаанд: — «Ҳамон кас ба ман имон наовардааст, ки бо шиками сер мехобаду ҳамсояаш гурусна аст ва ӯ аз гуруснагии вай хабар дорад». Фаромӯш набояд кард, ки бо як рӯзи ид дунё ба охир намерасад. Мову шумо бояд фикри фардои зиндагиву рӯзгори оилаи худ, андешаи таъмини фарзандон ва таълиму тарбияи дурусти онҳоро низ кунем.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматпешаи вилояти Хатлон ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат бо роҳи вусъат додани корҳои созандагӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.
Саломат бошед!