Шаҳри Душанбе дар ду — се соли охир симои худро тамоман дигар намуда, ба яке аз шаҳрҳои зебои дунё табдил гаштааст. Бо иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти он садҳо майдончаи истироҳатӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин боиси некуаҳволии сокинони пойтахти мамлакат мегардад.
Аммо дар шаҳри Бохтар баръакси ҳолро мебинем. Дар ин ҷо байни баъзе аз хонаҳои баландошёна, дар ҷои майдончаҳои истироҳатӣ мағоза ва иншооти гуногун сохтаанд, ки аз ин ҳусни шаҳр бисёр коста гаштааст. Мисоли инро дар маҳаллае, ки рӯ ба рӯи биноҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар воқеъ гаштааст, дидан мумкин аст. Ин маҳалла аз шаш хонаи баландошёна иборат буда, дар онҳо зиёда аз яксаду панҷоҳ оила (тақрибан ҳаштсад нафар шаҳрванд) зиндагӣ мекунанд. Аз чор тарафи он роҳи калони мошингард мегузарад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, замони шӯравӣ дар маҳалла майдончаи зебое сохтанд, ки гӯшаи он ҷои бозии кӯдакон, гӯшаи дигар ҷои варзиши калонсолон ва гӯшаи сеюми он ҷои гузаронидани маҳфилу маъракаҳои шаҳрвандон буд. Соли 2014 соҳибкоре аз ҳамин маҳалла таҷҳизоти майдончаро канда нобуд кардан гирифт. Вақте истиқоматкунандагон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва прокуратураи шаҳр шикоят намуданд, маълум гашт, ки соҳибкор бо имзои чанд нафар махфиёна бо ҳамдастии мақомоти собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа ҷои истифодаи умумро ғайриқонунӣ аз худ карда, дар ҳузури намояндагони шаҳрдорию прокуратура ба шаҳрвандон ваъда додааст, ки майдончаро аз нав ба тамоми зебоиҳояш сохта, барқарор менамояд. Бо ваъдаҳои дурӯғ таҷҳизоти майдончаро канда несту нобуд карда, дар як гӯшаи майдонча симтӯр кашида, майдончаи хурди футболи кӯдакон сохтанд. Бо ин «иқдом» фикру хаёли мардумро машғул намуда, дар гӯшаи дигари майдонча сохтмони биноеро сар карданд. Соҳибкор баъд аз анҷом ёфтани сохтмони бино ҳамон «майдончаи футболбозӣ»- ро ҳам вайрон кард.
Дарахтони майдончаро, ки зиёда аз панҷоҳ сол умр дошта, дар сояи анбуҳи онҳо шаҳрвандон истироҳат ва кӯдаконашон бозӣ мекарданд, решакан намуд. Акнун соҳибкор мехоҳад, ки дар ҷои дигари ин майдонча комплекси варзишӣ бунёд созад. Оё манфиати як нафар аз манфиати яксаду панҷоҳ оила боло меистад? Оё ҷойҳои истифодаи умумро харидан ё фурӯхтан мумкин аст? Чаро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳуқуқи сокинони маҳалларо поймол намуда, бо зиёдаравии ғайриқонунӣ ба ин корҳо иҷозат медиҳад? Оё сокинони шаҳри Бохтар ҳуқуқи зиндагии шоистаро надоранд!? Ҳоло сокинони маҳалла аз беҳуқуқии хеш озурдахотир гашта, ба касе арз карда наметавонанд. Аз сабаби он ки маҳалла рӯ ба рӯи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аст, хуб мешуд, ки майдончаро васеъ намуда, ба як боғи истироҳатии зебову замонавӣ табдил медоданд.
Беҳтар мебуд, ки масъулон, соҳибкорон, тоҷирон, кормандон ва сокинони шаҳри Бохтар иқдоми сарвари ҷавону созандаи шаҳри Душанберо сармашқи кор намуда, майдончаҳоро навсозӣ карда, ба кӯдакон бозгардонанд. Кош намояндагони рӯзномаҳо, шабакаҳои радио ва телевизион омада, ин манзараҳоро ба навор бигиранд ва бо мардум ҳамсуҳбат шуда, аз дарди дили онҳо бохабар гарданду арзи шаҳрвандони шаҳри Бохтарро ба ҷумҳурӣ бирасонанд.
Н. Ҳақназар, сокини шаҳри Бохтар