Таҳти ин унвон 25 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ховалинг бо ҳузури намояндагони соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, коршиносон, ҳунармандони мардумӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хонандагону донишҷӯён ва воситаҳои ахбори омма намоиши аксҳо оғоз ёфт. Он, ки то 1 июн идома меёбад, ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист (5 июн) бахшида шуда, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз» аз рӯи лоиҳаи «Коммуникатсияи биофарҳангӣ – асоси нигоҳдории гуногунии биологӣ ва роҳ ба сӯи рушди устувор» роҳандозӣ гардид.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси ноҳияи Ховалинг Гулбарг Аҳророва зикр кард, ки баргузории он барои баланд бардоштани завқи зебоипарастии мардум, ҷалби омма барои ҳифзи табиати нодири мамлакат, рушди деҳот, ки ҳадафи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон аст, муҳим ва айни муддао мебошад.
- Ман аз чеҳраи тамошобинон ва самимияту истиқболи гармашон дарк кардам, ки мардуми деҳот чӣ қадар муштоқи иштирок дар барномаҳои фарҳангӣ ҳастанд», — гуфт директори Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз» Комилҷон Саидов.
- Раванди ҷаҳонишавӣ, афзудани шумораи аҳолии кураи замин, тағйирёбии иқлим, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба сарватҳои табиӣ ва бештар гардидани корхонаҳои хориҷкунандаи партов боис ба он гардидааст, ки дар даҳсолаҳои охир таъсири манфӣ ба табиат, махсусан ба гуногунии биологӣ ва ҷанбаҳои гуногуни фарҳангӣ зиёдтар шудааст. Бинобар ин, дар тарғибу ташвиқи нигоҳдории гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, дарки мушкилот ва хатарҳои экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологӣ ва ҷалби диққати омма ба ҳалли ин мушкилот гузаронидани фестивал ва намоишҳои гуногун хеле муҳим аст, — афзуд К. Саидов.
«Садои мардум»